logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов - узви Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон ва Фарҳод ТОИРОВ, роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Дар хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Амирови ноҳияи Мастчоҳ кор мекунам. Ҳар рӯз ба ман 20 сомонӣ музди меҳнат медиҳанд, вале он дар ягон ҳуҷҷат сабт намегардад.  Дар чунин ҳолатҳо,  шахсе, ки ба нафақа мебарояд, чӣ кор бояд кунад?
Мирзобек Почоев, ноҳияи Мастчоҳ
 
- Аз муҳтавои саволатон маълум аст, ки шумо дар хоҷагии деҳқонии мазкур ба таври ғайрирасмӣ, яъне бидуни барасмиятдарории шартномаи меҳнатӣ фаъолият карда истодаед. Тибқи қонунгузории амалкунанда чунин намуди фаъолият ба собиқаи корӣ дохил намегардад ва дар сурати надоштани собиқаи кории зарурӣ, ҳангоми ба нафақа баромадан нафақа аз рӯи синну сол ҳисоб карда мешавад. Зеро, тибқи муқаррароти банди «а» - и моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсоне, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ (контракт) дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, кооперативҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва хоҷагидориашон ё дар асоси узвият дар колхозҳо ва дигар кооперативҳо кор мекунанд, ба нафақаи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд, ба шарте ки корхонаю ташкилот ба мақомоти ваколатдор ҳаққи суғурта диҳанд.

***
- Бо шавҳарам ақди никоҳи расмӣ доштем. Ӯро моҳи октябри соли 2014 дар Федератсияи Русия барои содир кардани ҷинояти вазнин гунаҳгор дониста, ба муҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум сохтанд. Ман баъди машварат бо наздиконам оилаи дигар барпо кардам. Бигӯед, ки дар ин ҳолат чӣ тавр ақди никоҳамро бо собиқ шавҳарам бекор намоям?
Фирӯза, шаҳри Қӯрғонтеппа

- Барои бақайдгирии бекор кардани ақди никоҳ ба бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии (САҲШ) - и маҳали зистатон бо ариза муроҷиат намоед. Зеро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» никоҳи шумо бояд бо сабаби зиёда аз се сол аз озодӣ маҳрум шудани шавҳаратон бекор карда шавад. Агар бахши САҲШ муроҷиати шуморо рад намояд, метавонед ба суд дар бораи мавриди баҳс қарор додани амал (беамалии) масъулони ин ниҳод ариза пешниҳод кунед. Дар асоси ҳалномаи суд бахши САҲШ уҳдадор карда мешавад, ки бекоркунии ақди никоҳро бо собиқ шавҳаратон ба қайд гирифта, ба шумо шаҳодатномаи талоқ диҳад.
 Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2016    №: 166    Мутолиа карданд: 2856

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед