logo

иҷтимоиёт

АСОЛАТИ МИЛЛӢ ВА НУФУЗИ МИЛЛАТ

Баланд бардоштани асолати миллӣ боло бурдани нуфузи худи миллат низ ҳаст. Хушбахтона, халқи тоҷик аз азал андешапарвар ва маъниофар буда, андешааш, новобаста ба ҳолатҳои сиёсӣ, дар тӯли таърих асолат дошт. Тафаккураш ҳамеша аз замон пештар буда, ин миллат дар офариниши тамаддуни башарӣ мавқеи шоиста касб кардааст. Ниёгони хирадкеши мо дар офариниши ду тамаддуни бузург - ориёӣ ва исломӣ саҳми арзанда гузошта, дар ин замина мудом майл ба инсонгароӣ кардаанд.

Одамияти тоҷикон бо мурури вақт фарогиртар шуда, ба халқҳои ҳамсоя таъсиргузор будааст. Ва аз рӯи меъёрҳои одамият, дар асоси фарҳанги ориёӣ ва исломӣ, он қадар ҳикмат дар шеъри форсӣ - тоҷикӣ густариш ёфта, ки тафаккури фалсафӣ дар маънавиёти тоҷикон нақши муассир дорад. Аммо тундбодҳои таърих ба ин андешаи холис ва ҳамагир, ҷаҳонбинии фарох ва ҳақиқаталошии мо низ таъсирпазир буда, махсусан дар асри бист кӯшишҳои махлут кардани андешаи миллӣ роҳандозӣ шуда, то ҷое ба он таъсири манфӣ расондаанд. Вале натавонистаанд, ки андешаи миллиро аз байн бубаранд. Баръакс, дар садаи ХХ қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода ва даҳҳо нухбагони миллат садо баланд карда, дар ҳифзи асолати миллат муваффақ гардиданд. Осори гаронбаҳои ба мерос гузоштаашон имрӯз мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошанд.
Месазад пас аз арҷгузорӣ ба хидмати онҳо зикр намоем, ки раванди огоҳии миллӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ батадриҷ вусъат пайдо карда, ботини миллати моро рӯшан намуд. Ин рӯшноӣ зулмати тираро мунаввар сохта, ҷаҳолату бегонапарастиро дар тиннати ҳамзамонони мо барҳам зад. Ва дар ин ҷанбаҳои зиндагисоз андешаи миллӣ инкишоф ёфт. Перомуни ин масъала метавон мисоли бисёр овард, аммо манзур аз ин гузориш нишон додани густариши асолати андеша дар замони соҳибистиқлолист.
Дарки дарунмояи масъалагузориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон замина дар чанд омили муҳим доранд, ки меҳвари онро одамият ва башардӯстӣ ташкил медиҳад. Барои ҳамин ҳам, хидматҳои Пешвои миллатро дар ин самт пеши рӯ овардан ва ибораи зиракии сиёсиро аз даст надодан барои журналистон зарур ва ҳатмӣ арзёбӣ мегардад. Журналист рӯшанфикр ва соҳибназар аст. Ӯ масъули ба мардум расондани ормонҳои ғояи миллӣ ва дар як вақт ҳимоятгари манфиатҳои миллат аст.
Мо андешаи миллиро рушд бахшида, меъёрҳои инсонсозиро дар амали ҳаррӯзаи хеш корбаст созем ва тарбияи маънавиро ба зинаи баланд бардорем, метавонем дар тарбияи ҷавонон ва пешгирии гаравиши онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро нақши муҳим бозем. Дар ин самт имкониятҳои васеи таърихӣ, адабӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорем. Истиқлолияти давлатӣ кафили муваффақияти мо дар ин самт хоҳад буд.
Усмон БИЛОЛӢ,
сармуҳаррири рӯзномаи
“Набзи Қӯрғонтеппа”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2016    №: 166    Мутолиа карданд: 760

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед