logo

иҷтимоиёт

ХАРАНГОН. ОСОИШИ МО АЗ ОСОИШ АСТ

Дараи Харангон мантиқан ба Харангони боло, миёна ва поён тақсим мешавад. Дар охир он бо кӯҳҳои баланд дакка мехӯрад. Ин макон хеле зебо буда, хушобу ҳавост. Сокинони он асосан дар муассисаҳои давлатии таълимию тарбиявӣ, тандурустӣ ва ғайра фаъолият доштанд ва доранд.
Дар Харангони ба ном миёна як мавзеи бисёр ҳам зебою хушманзари серобу сердарахт аст. Майдончаҳои коршоям дорад, ки солҳои 50 – уми асри гузашта истироҳатгоҳи кормандони Вазорати хизмати маишии вақт буд. Соли 1969 дар ин мавзеъ беморхонаи касалиҳои сили устухони кӯдакони ҷумҳуриро ҷой доданд. Аввали солҳои 90 – ум  бо ташаббусу дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ба муассисаи давлатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» - и ноҳияи Варзоб табдил ёфт.
Баъди таъмиру тармими ин муассисаи давлатӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онро барои табобату истироҳат ба маъюбону собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуда, ҳамчунин собиқадорони меҳнат бахшид…
Ҳамин тавр, онро одияк  дар гуфтугӯ мардум «Осоишгоҳ» ном бурданд. Инак, он зиёда аз 15 сол аст, ки ба мо - иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат хизмат мекунад. Аз ин рӯ, ҳар нафаре, ки ҳамчу ман асту дар ин ҷо осоиш меёбад, мегӯяд: «Шод бошанд, ин марди шариф, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!». Дар расми кушодашавии «Осоишгоҳ» ин шахсияти фарзонаву нотакрор гуфтанд: «Ман шумоёнро ҳеҷ гоҳ хору зор шудан намемонам».
Ин гуфтаҳои Сарвари давлатро мо имрӯз бо чашми сар дар амал мебинем. Кормандони «Осоишгоҳ» аз рӯи низоми дастури маъмурон кор мекунанд, ки бисёр дақиқу равшан тартиб дода шудааст. Хизмати кормандони тиббӣ ва хизматгузорон бисёр содиқона, софдилона, боодобона сурат мегирад. Рӯзе 2 – 3 бор хобгоҳ тозаву озода карда мешавад. Мунтазам аз пайи иҷрои коранд. Раҳмат ба онҳо! Умри онҳое, ки ба ин ҷо меоянд, аз 60 ва 90 боло аст. Албатта, ба чунин нафарон хидмат расондан бисёр мушкил аст.
«Осоишгоҳ» аслан имконияти ҷой додани 100 нафарро дошт. Имсол, сафи онҳо аз 150 нафар ҳам гузашт.
«Осоишгоҳ» - и Харангон нисбатан наздик ва арзон мебошад. Умуман, таваҷҷуҳи мардуми одӣ ба он афзудааст.  Умед аст, ки солҳои баъдӣ низ чунин тадбирҳои иловагӣ дар ин самт андешида мешавад.

Ҳабибулло ИСКАНДАРОВ,
собиқадори меҳнат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2016    №: 166    Мутолиа карданд: 1144

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед