logo

ҳуқуқ

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Биступанҷ сол пеш халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ - Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки аҳли ҷомеаи судяҳои ҷумҳурӣ дар қатори дигар мардуми шарафманди Тоҷикистон ин рӯйдоди бузургро то имрӯз бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегиранд. Хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлил ва ҷамъбасту хулоса намудани нишондиҳандаҳои гузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрӯза ва чашмандозӣ ба оянда водор месозад.
Пас аз касби соҳибистиқлолӣ бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳокимияти судӣ бо дигар рукнҳои ҳокимияти давлатӣ - қонунгузор ва иҷроия баробар карда шуд ва баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия (6 ноябри соли 1994) қувваи қонуниро гирифт.
Маҳз дар замони истиқлолият  бо мақсади такмил додани сатҳи дониши судяҳо ва малакаи касбии онҳо Маркази таълимии судяҳо таъсис ёфт, ки дар он судяҳо давра ба давра ҷалб шуда, аз навигариҳои қонун, таҷрибаи ҳамдигар ва дигар самтҳои фаъолияти судӣ бархӯрдор мешаванд. Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 23 июли соли 2016 аз тарафи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияташро ба амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар равона карда, ба тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, коромӯз - судяҳо, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ машғул мешавад.
Мутобиқи Барномаи ислоҳотӣ судӣ - ҳуқуқӣ иҷрочиёни суд аз тобеияти ҳокимияти судӣ бароварда шуда, ба тобеияти ҳокимияти иҷроия - Вазорати адлия шомил гардиданд, ки ин қадами муҳим доир ба мустаҳкам кардани мустақилияти ҳокимияти судӣ  ба шумор меравад.
Яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа афзоиши арзу шикояти шаҳрвандон аз болои қарорҳои судяҳо бо сабаби сари вақт баррасӣ нагардидани парвандаҳои шаҳрвандӣ маҳсуб меёфт, ки низ ҳалли худро ёфт. Сараввал Кодекси мурофиавии граждании нав қабул шуд, ки мутобиқи он муҳлати баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ ба муҳлати се моҳ дароз гардида, ба судяҳо ҳуқуқ дода шуд, ки мурофиаҳои ғоибона гузаронанд. Баъдан, бо мақсади дастгирии ин шохаи ҳокимияти давлатӣ бо супориши Сарвари давлат шумораи судяҳо зиёд карда шуд.
Ин тадбирҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ имкон доданд, ки ҳам сифати баррасии парвандаҳо беҳтар гардад ва ҳам шумораи арзу шикояти шаҳрвандон ба маротиб коҳиш ёбад. Аз ҷониби судҳо баррасӣ намудани эълони ҳабси пешакӣ барои гумонбаршудагоне, ки ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, марҳалаи дигари ислоҳот маҳсуб меёбад. То қабули Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати ҳабси пешакӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура амалӣ мегардид. Пас аз қабули санади мазкур қонунгузории давлати мо ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ гардонда шуд.
Маҳмадҷон РАҲМОНЗОДА,
судяи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2016    №: 166    Мутолиа карданд: 2813

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед