logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

СУРУДИ ҶӮРАБЕК
Ҷӯрабек Муродов пас аз хатми Институти педагогии шаҳри Хуҷанд (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров) ва муддате дар ҳамин донишкада кор кардан ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба сифати солист ба кор гузашт.  Дар ҳамин макон ҳамчун шахсият ба воя расид ва ҳунараш сайқал ёфт.
Ӯ яке аз дурахшонтарин чеҳраҳои санъати мусиқии тоҷик мебошад. Дар таронаҳояш завқу салиқаи ҳунариаш баръало ҳувайдо гаштаанд.  Дар ҳунари ӯ сабки хоси фардӣ ва пояҳои асили сурудхонии анъанавӣ, мардумӣ ва классикиамон иртиботу ҳамоҳангии қавие доранд.
Давоми фаъолияти тӯлонӣ қариб ҳазор  суруду тарона сароидааст, ки аз лиҳози бадеияти  мусиқӣ ва рангорангии мавзӯъ аз ҳамдигар фарқи куллӣ доранд. Онҳо бо ҷаззобияту рӯҳнавозии худ миёни мардум эътибори шоиста касб намудаанд.
Ҷӯрабек Муродов нафарест, ки дар ҳар суруд ба худҷӯию худифодакунӣ кӯшида, ба гавҳари баландарзиши дарёи санъати халқӣ бадал ёфтааст. Ин овозхони мумтоз дар танҳоӣ ва бо дастаҳои мухталифи ҳунарӣ ними ҷаҳонро гашта, суруди тоҷикиро ба  гӯшаю канори дунё бурдааст. Ба ҳунараш дар Осиёю Аврупо ва Амрико аз зарби хушҳолӣ одамони зиёд каф кӯфтаанд, иштирокдор ва ғолиби озмуну фестивалҳои байналмилалии мусиқист.
Умар АЛӢ

 

АЗ ШӮРИШИ ХУҶАНД 100 СОЛ СИПАРӢ ШУД
Соли 1916 ҳукуматдорони вақт вазъияти ногувори фронтҳоро дар ҷанги якуми ҷаҳон ба инобат гирифта, ба корҳои ақибгоҳ сафарбар намудани мардуми таҳҷойии кишвари Туркистон ва Қазоқистонро зарур шуморид. 25 июни соли 1916 оид ба ин масъала фармони подшоҳ эълон шуд. Мувофиқи он бояд аз Осиёи Миёна 250 ҳазор мард ба корҳои заминкании хати фронт ҷалб карда мешуд. Аз ҷумла, фақат аз уезди Хуҷанд сафарбар шудани 8948 кас (аз шаҳри Хуҷанд 2708 кас) ба нақша гирифта шуд. Хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар байни мардуми Осиёи Миёна ба ҳукми анъана надаромада бошад ҳам, ба хотири ин рӯйхатгирӣ корҳои хоҷагӣ қафо монданд ва хулоса ин маърака ҳамовозие пайдо накард. Илова бар ин, ҳар касе, ки доро буд, ба амалдорон пора дода, худро аз рӯйхат баровард. Чунин ҳолат мардуми камбағалро ба ғазаб оварда, сабаби шӯриш гардид.
4 июли соли 1916 ба қозихонаи маҳаллаи Қалъаи Нави шаҳри Хуҷанд зиёда аз 500 нафар шаҳрӣ ҷамъ омада, аз қозӣ ва пристав талаб карданд, ки барӯйхатгириро қатъ намоянд. Баъди ба инобат гирифта нашудани дархосташон, ба назди сардори уезд, ба сӯйи бозори Чоршанбе ҳаракат карданд. Дар роҳ ба ин мардум аз ҳар сӯ одамони бисёре ҳамрошуда, шумораи шӯришгарон ба 7 - 8 ҳазор нафар расид. Вале, сарварони уезд, ба қувваи политсия такя намуда, талаби мардумро рад карданд. Дар натиҷа мардуми бағазабомада ба ҳуҷум гузаштанд. Ҷӯра Зокиров, Зубайдалло Раҳматуллоев, Ҷӯра Алӣ ва ғайра аз ҷумлаи фаъолони ин ҳаракати мардумӣ буданд. Аз тарафи политсия ба муқобили мардум тир кушода шуд. Бегоҳии ҳамон рӯз дар шаҳр ҳолати ҳарбӣ эълон гардид. Рӯзи дигар, яъне 5 июл ба ёрдами хуҷандиёни шӯришбардошта қариб 700 нафар сокини волости Қистакӯз омаданд, вале ин қувва вазъиятро дар шаҳр дигар тағйир дода натавонист.
Шӯриш дар шаҳри Хуҷанд аллакай хомӯш гардида буд.
Бо вуҷуди ин, шӯриши Хуҷанд барои исёну ҳаракатҳои дигар замина гузошт. Баъди шӯриши Хуҷанд мардуми Ургут шӯриш бардоштанд. 6 июли ҳамон сол намоишҳои эътирозӣ ба муқобили сиёсати ҳукумати подшоҳӣ дар Самарқанд ва Тошканд ба амал омаданд. 8 - 9 июл ҳаракати халқӣ дар Фарғона сар шуд. Дар миёнаи моҳи июл чунин ҳаракат қариб тамоми кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Соли 1916 дар сарзамини аморати Бухоро ба ғайр аз хурӯҷҳое, ки дар роҳи оҳани Бухоро ба вуқӯъ омаданд, боз дар Қаршӣ, Қубодиён, Қаротегин (водии Рашт) ҷунбишҳои мардумӣ рух доданд. Аз ҷумла, он сол дар Қалъаи Лабиоби (Тоҷикободи ҳозира) бекигарии Қаротегин ба хурӯҷи халқӣ мардикори мавсимӣ Қаландаршо сарварӣ намудааст. Албатта хурӯҷҳои халқие, ки дар хоки аморат ба амал омадаанд, пеш аз ҳама ба муқобили зулму истибдоди амирӣ нигаронда шуда буданд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР

 

Сохтанд. Дастгоҳро сохтанд. Биноро сохтанд. Автомашинаро ҳам сохтанд. Тиру тӯпу танк, самолёту вертолётро ҳам сохтанд.
Муҳаббатро низ...

 

ДОНИШГОҲИ СТЕНФОРД
ДАРГОҲИ ИЛМ ВА САДОҚАТ
Ҷуфти пиронсоле, аз қатораи ба Бостон омада фаромаданд. Маълум буд, ки деҳотианд... Хиҷолатомез ба қабулгоҳи ректори донишгоҳ даромаданд. Котиба ҳамоно аз ҷой ҷаҳида, садди роҳи онҳо шуд. Охир, чӣ тавр мешудааст, ки ду деҳотӣ ба ректори донишгоҳи маъруфи Гарвард коре дошта бошанд?
Марди пиронсол бо лаҳни нозук гуфт, ки бо ректор вохӯрданашон зарур аст. «Аммо ин кор ғайриимкон аст. Ҷаноби ректор имрӯз  ҳатто як сонияи фориғ ҳам надорад», - посух дод котиба. Зани пиронсол хиҷолатмандона ба духтар гуфт: - «Интизор мешавем». Ва онҳо мунтазир шуданд.
«Ҳарчӣ бошад, каме интизор шуда мераванд», гумон кард котиба ва ҳеҷ чиз нагуфта, ба ҷояш рафта нишаст. Соатҳо мегузашт, аммо ин ҷуфти пир майли рафтан надошт. Тоқати котиба тоқ шуду ниҳоят ба назди ректор даромада гуфт, ки ақаллан якчанд дақиқа бо ин деҳотиҳо суҳбат кунад.
Ректори ҷавон бо дили нохоҳам дари утоқашро ба рӯи онҳо боз намуд.
Зан сухан сар кард: «Як сол қабл писарамон, ки дар ҳамин донишгоҳ таълим гирифта буд, дар садама фавтид»... «Маълум шуд, ки пиронсолон мехостанд барои фарзандашон, ки донишгоҳи Гарвардро хатм карда, онро бисёр дӯст медошт, дар ҳавлиаш ба номаш ягон лавҳаи ёдгорие монанд. Ректор аз ин суханон ба ғазаб омада, дағалона ҷавоб дод: «Хонум, агар барои ҳар хатмкардаи фавтидаи ин даргоҳ яктогӣ ҳайкал монем, ҳавлии Гарвард ба мазор табдил меёбад».
«На, на! Ҳайкал не, балки ягон бинои иловагӣ барои донишгоҳ созем»,- гуфт зан. Ректор мағрурона «Бино?» гӯён пурсид.
- Оё шумо медонед, ки сохтани як бино чӣ қадар маблағ талаб мекунад.  Танҳо масрафи як корпусе, ки мо рӯзи гузашта сохтмонашро ба анҷом расондем, аз 7,5 миллион доллар бештар шуд.
Бо ин суханон ректор гумон кард, ки акнун вақти қабул ба охир ва замони халосӣ аз ин ду деҳотӣ ҳам расид.
Зан ба ҳамсараш нигариста пурсид: - Агар  барои як бинои донишгоҳ ҳамин қадар маблағ лозим бошад, пас чаро донишгоҳи худамонро намесозем?
Ректор аз ин суханон дар ҳайрат монд. Марди пиронсол сухани ҳамсарашро бо ишораи сар тасдиқ кард. Ҷаноб ва хонуми Леланд Стенфорд аз донишгоҳ берун шуданд. Ба Калифорнияи шарқӣ рафта, дар Пало Алто он ёдгориеро, ки донишгоҳи Гарвард назараш нагирифта  буд, ба номи фарзандашон бино карданд. Ҳамин тавр яке аз беҳтарин донишгоҳҳои рӯи дунё - донишгоҳи Стенфорд арзи вуҷуд кард.
К. РАҲМАТУЛЛО

 

МАДРАСАИ ХОҶА МАШҲАД
ОЁ НОСИРИ ХУСРАВ ДАСТПАРВАРИ ОН БУД?
Ин мақбара дар деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритуз  ҷойгир аст. Дар ин макон Хоҷа Машҳад ва 54 нафар аз пайвандони ӯ  ба хок супурда шудаанд.
Муаррихон онро мансуб ба асри 9 медонанд. Ба гуфтаи онҳо ин иморат аз ҷониби Хоҷа Машҳад, ки донишманд ва меъмор низ будааст, бунёд ёфтааст. Аз оғоз то асри 13 ин макон чун мадраса хидмат намуда, дар он нафарони зиёде  таълим гирифтаанд.
Ҳатто баъзеҳо андеша доранд, ки Носири Хусрав дастпарвари ҳамин мадраса аст.
Аҷиб ин аст, ки бо гузашти қарнҳо, бар асари ҷангу тахрибкориҳое, ки дар ин мавзеъ сар задааст, намуди зоҳирии бино дигар нашудааст. Баъди омӯзиши ин макон коршиносон ба хулосае омадаанд, ки бино мустаҳкам сохта шуда, ба заминларза тобовар аст.
Паҳнии деворҳояш  2 - 3 метр буда, бо усули хос бино ёфтааст. Дохили биноҳо низ моҳирона оро ёфтаанд. Дар ҳавлии мақбара  ҳоло харобаҳои деворҳо боқӣ мондаанд. Ба андешаи муаррихон дар гузашта онҳо ҷойи истироҳат ва хобгоҳи мударрисон ба шумор мерафтанд. Ин мавзеъ роҳи зери заминӣ низ дорад, вале он то ҳол кашф нашудааст.
Роҳи зеризаминӣ он замон барои чӣ истифода мешуд, ҳанӯз  маълум нест.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ

 

ТАВАЛЛУДИ ШАРҚ, ҶАНУБ, ҒАРБ ВА ШИМОЛ ДАР ЧИН
Дар шаҳри Жичжао чоргоникҳо ба дунё омаданд, ки волидон номашонро Сяодун (Шарқ), Сяонан (Ҷануб), Сяоси (Ғарб) ва Сяобэй (Шимол) гузоштанд.
Модари тифлон омӯзгори 27 - сола Ли Сзюан мебошад. Ӯ чанд сол пеш шавҳар карда бошад ҳам, танҳо ноябри соли гузашта ҳомила шуд.
Дар нуҳум ҳафтаи ҳамл  зану шавҳари ҷавон хабар ёфтанд, ки якбора соҳиби чор фарзанд мешаванд. Ли баъди 33 ҳафта ду духтарча ва ду писарча таваллуд кард, ки хурдтарини онҳо 1,75 кг вазн дошт. Навзодҳоро духтурон як моҳ назорату табобат мекунанд.
Таҳияи Х. ҶОВИД

 

Аз сангпушт пурсиданд, ки то фалон ҷо дар чанд вақт мерасӣ?
Гуфт:
- Ин ба ман вобаста не. Агар маро тела диҳанд, дар як дам.

 

ЗАНОНРО ГАР ЗИ ДОНИШ ЗЕВАРЕ ҲАСТ…
Аз давраи таъсисёбии Ҷоизаи Нобел 33 зан сазовори ин мукофоти олимартаба гардидаанд.
Ҳуқуқи барандагии Ҷоизаи Нобел шудан ба ҳар шахси соҳибистеъдод як маротиба насиб мегардад. Вале ҳар як қонун истиснои худро дорад.  Олими соҳаҳои  физика ва кимиё Мария Склодовская Кюри аввалин ва ягона занест, ки ду маротиба барандаи Ҷоизаи Нобел гардидааст.
Мария маротибаи аввал Ҷоизаи Нобелро соли 1903 бо ҳамроҳии профессор Анри Беккерел дар соҳаи физика соҳиб гардида,  маротибаи дувум онро соли 1911 барои хизматҳои шоён дар соҳаи кимиё, аз ҷумла барои кашфи элементҳои радий ва полоний соҳиб шуд.
Ногуфта намонад, ки рекорди Мария Склодовская Кюриро то ҳанӯз касе такрор накардааст.
Нависандаи швед Селма Легерлёф нахустин занест, ки соли 1909 Ҷоизаи Нобелро дар соҳаи адабиёт сазовор гардид.
Рита Леви Монталчини бошад, соли 1986 барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи нейробиология гардида, то имрӯз ҳамчун солортарин ҷоизадор шинохта мешавад.  
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО

 

ҚАРЗ
ВА ҚОИДАҲОИ БАРГАРДОНДАНИ ОН
Дар Юнони қадим дар замини шахси қарздор қарздиҳанда навиштаҷотеро мегузошт, ки чунин матн дошт: «Дар ҳолати напардохтани қарз замини мазкур ба моликияти қарздиҳанда гузаронда мешавад».
Дар деҳоти славянҳои қадим деҳқонон ба ҷои боварихат аз чӯбча истифода менамуданд. Агар деҳқон аз ҳамсояаш 4 халта гандум қарз мегирифт, вай чӯбчаеро ранда карда, дар он чор ҳалқа метарошид ва онро аз байн бурида, яктояшро ба ҳамсоя медоду дигарашро бо худ мемонд.
Дар асри XVI, дар Англия, ба хотири дастгир нашудану ба муҷозот гирифтор нагардидан метавонистед, ки аз хона набароед, зеро дар хона дастгир кардани қарздорон манъ буд.
Дар асрҳои миёна дар байни халқҳои араб бо фоиз қарз додани пул манъ буд. Аммо ба ҳар ҳол судхӯрон ривояташро ёфта буданд. Масалан, бо иштироки шоҳидон қарзгиранда ба маблағи 1200 динор ғуломи қарздиҳандаро харидорӣ менамуд ва пас аз як сол ҳамон ғуломро ба нархи 1000 динор ба соҳибаш бармегардонд.
Дар Рими қадим агар қарзро дар вақташ бар намегардонданд молу мулки қарздор мусодира карда мешуд. Барои он, ки қарзҳояшонро сари вақт пардохт намоянд, онҳо бо худ китобчаҳои махсуси қарзиро гирифта мегаштанд, ки монанди тақвим буд.
Дар қабилаҳои ҳиндуҳои қитъаи Амрико чунин расм буд, ки агар ягон кас қарз гирад, бояд ки номи худро ба гарав монад. То вақте ки шахс қарзи худро бар намегардонд, ба ӯ бо садоҳои алоҳида ва имову ишора муроҷиат мекарданд.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ

 

ХАНДОХАНД
Режиссёр баъди машқ ба актриса мегӯяд:
- Азоби шумо дар саҳна ончунон ҳақиқӣ буд, ки ҳамаро ба ҳаяҷон овард.
- Набошад-чӣ?- ҷавоб дод ӯ. - Охир дар туфлиам мех даромада буд.
-Аз барои Худо, онро то рӯзи намоиш даст нарасонед!

* * *
Рассоми ҷавоне мехост хонаеро ба иҷора гирад, аммо пул надошт. Ӯ ба соҳибхона мегӯяд: - Гӯш кунед, баъди чандин сол одамоне, ки аз назди хонаи шумо мегузаранд хоҳанд гуфт, ки дар ин ҷо рассоми бузурге кор ва зиндагӣ намудааст.
- Агар шумо имрӯз иҷорапулиро дода натавонед, онҳо ҳеҷ гоҳ чунин нахоҳанд гуфт.
Таҳияи Холназар КАСИРОВ

 

ТРИСТАН ДА КУНЯ
ҶАЗИРАИ ДУРДАСТ
Тристан да Куня аз ҷумлаи ҷазираҳоест, ки аз хушкӣ дар масофаи хеле дур ҷойгир аст. Он дар қисмати ҷанубии уқёнуси Атлантик воқеъ гардида, аз соҳилҳои Африқо 2800 километр ва аз соҳилҳои Амрикои Ҷанубӣ дар масофаи 3360 километр дурӣ ҷойгир шудааст. Ҷазираи Еленаи Муқаддас, ки хушкии аз ҳама наздиктарин ба Тристан да Куня маҳсуб меёбад, дар масофаи 2160 километр дуртар аз ин ҷазира воқеъ аст. Ҷазираи Тристан да Куня ба хотири баҳрнаварди португалӣ номгузорӣ шудааст. Масоҳати ин ҷазираи дурдаст 100 километри мураббаъ ташкил медиҳад.

Сукунати одамон дар ҷазира аз оғози асри 19 шурӯъ гардидааст. Соли  1817 англисҳо дар ин ҷазира пойгоҳи ҳарбии Малколмро таъсис доданд, ки дар он шумораи на он қадар зиёди низомиён ҷой карда шуд. Айни замон, дар ҷазираи Тристан да Куня наздики 300 нафар ба таври доимӣ ба сар мебаранд. Аҳолии ин хушкиро амрикоиву англисҳо ва ҳолландиву итолиёвиҳо ташкил медиҳанд.
Тристан да Куняро роҳбари ин ҷазира ва шӯрои иборат аз 10 нафар аъзо сарварӣ мекунанд. Номзадии аъзои шӯро, ки аз намояндагони оилаҳои муқимии ин ҷазира иборат мебошанд, аз ҷониби губернатори ҷазираи Еленаи Муқаддас тасдиқ карда мешаванд. Асоси иқтисодиёти ҷазираро моҳидорӣ ташкил медиҳад. Ҳамзамон, аҳолии он ба кишоварзӣ ва чорводорӣ шуғл меварзанд. Дар он мактаб, беморхона, ибодатгоҳ ва стансияи радиоӣ фаъолият мекунанд. Маркази маъмурии Тристан да Куня шаҳраки Эдинбурги Ҳафт Баҳр буда, он фурудгоҳ надорад. Киштиҳои баҳрӣ ягона воситаи нақлиётие ҳисоб меёбанд, ки ин ҷазираи аҷибро бо замини калон мепайванданд.
Таҳияи Р. КАРИМОВ

 

Бо директорашон, ки зани хушзеҳну зирак буд, шоҳмотбозӣ кард. Бозиро бохт.
Ҳамкоронаш айб гирифтанд:
- Наход туро занак барад?
- Маро занак не, директор бурд! – бо ифтихор ҷавоб дод ӯ.

 

ЭСТЕ ЛАУДЕР
Бо хоҳишу дархости  зиёди ҳаводорони саҳифаи «Шоми шанбе» тасмим гирифтем, ки ба муштариёни хеш дар бораи занҳои соҳибкори муваффақи олам маълумоти мухтасар пешниҳод намоем. Дар ин шумора шарҳи ҳоли яке аз бонувони корчаллони  ИМА -  Эсте Лаудер, ки дар ҷаҳон бо салтанати косметикии худ маъруфу машҳур гаштааст,  иттилоъ дода мешавад.
Эсте Лаудер дар барорбари Коко Шанел яке аз занони тоҷири муваффақи асри ХХ шинохта шудааст. Ӯ  духтари муҳоҷирони яҳудӣ буда,  дар музофоти Куинси шаҳри Ню-Йорк ба дунё меояд.  
Эсте фаъолияти худро аз  фурӯшандаи одии крем оғоз намуда, то ба дараҷаи сарвари  яке аз ширкатҳои бонуфузи косметикии ҷаҳон мерасад. Соли 2003 ширкати  ӯ «Estee Lauder»  байни 500 корпоратсияи муқтадири ИМА, бо даромади  солонаи  4,74 миллиард доллар, ҷойи 249 -умро ишғол менамояд.
Ҳамааш аз он оғоз ёфт, ки Эсте  ҳамроҳи шавҳараш  Ҷозеф Лаудер дар Ню-Йорк аввалин мағозаи фурӯши маводи косметикӣ ва атриётро ифтитоҳ мекунад. Онҳо шабона ба тайёр намудани маҳлули кремҳо машғул шуда,  рӯзона онҳоро ба фурӯш мегузоштанд. Маҳз ҳамон вақт барои таъсиси ширкати «Estee Lauder» замина гузошт.
Эсте бештари вақтро дар дукон мегузаронд ва ба муштариён доир ба истифодаи дурусти маҳлулҳо ва атриёт маслиҳат медод. Ӯ аввалин шахсест, ки барои бештар ба савдо рафтани молаш қисме аз онро ба харидорон ройгон медод. Дар баробари ин, Эсте Лаудер  ба шарофати амакаш Ҷон Скотс, ки табиби пӯст буд, чор навъи маҳлули кремро меофарад, ки то ҳол истифода мешаванд.
Эсте мегуфт: «Тамоми муваффақият ва комёбиҳои ман на дар натиҷаи орзуву ҳавас, балки тавассути заҳматҳои пайваставу бурдборона ба даст омадаанд!»
Имрӯз  ширкати «Estee Lauder» - ро писари калонии ӯ  Леонард Лаудер, ки аз  синни 10 - солагӣ дар ин корхона фаъолият дорад, сарварӣ менамояд. Айни ҳол Леонард Лаудер 131 - умин миллиардери ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ
ЧӢ ТАВР "УМР" - И ОНРО ДАРОЗТАР СОЗЕМ?
Телефони мобилиро чӣ тавр бояд истифода бурд, ки бенуқс ва тӯлонӣ кор кунад? Ин, аз ҷумла, ба миқдори неруи доштанаш вобаста аст. Аммо дар ин кор бисёриҳо ба иштибоҳ роҳ медиҳанд.
1. Аксар вақт телефонро бегоҳ ба асбоби нерудиҳӣ (заряддиҳӣ) пайваст карда, то саҳар ҳамин тавр мегузорем. Ҳол он ки се соат барои пурра неру гирифтанаш кофист.
2. Гузашта аз ин, ҳеҷ гоҳ дар фикри 100 - дарсад неру додани батареяи телефон нашавед.  Тибқи тавсияи коршиносон 70 - 80 дарсад неру додан басанда буда, таъсири номатлуби шиддати баланд ба батареяро пешгирӣ мекунад.
3. Ҳар вақт фурсат ёфтед, ба телефон неру диҳед, яъне дар давоми рӯз якчанд маротиба. Ин амалро метавон дар автомобил, хона ё ҷои кор анҷом дод. Ба ин васила муҳлати хизмати телефонро меафзоед.
Дар ёд дошта бошед, ки ҳар дафъа батарея пурра холӣ шуда, сипас 100 дарсад неру гирад, онро 500 маротиба неру додан мумкин аст. Дар сурати 50 дарсад холию пур кардан бошад, 1500 маротиба. Яъне муҳлати хизматаш се маротиба зиёд мешавад.
4. Миқдори неруи телефонро дар байни 40 - 80 дарсад доштан аз ҳама хубтар аст.
Аксарияти истеҳсолгарони смартфонҳо медонанд, ки харидор баъди ду сол, дераш се сол телефонашро ба наваш иваз менамояд. Яъне, онҳо ба телефон батареяе намегузоранд, ки он чор ё панҷ сол кор кунад. Аммо, шумо дар сурати истифода аз тавсияҳои одии дар боло нишондодашуда метавонед “умр” - и телефонатонро дарозтар кунед.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


«АPPLE»
АКНУН КОРИ ДИЛРО НИЗ НАЗОРАТ МЕКУНАД
Мутахассисони ширкати «Аpple» болои дастгоҳи дастие кор карда истодаанд, ки мисли таҷҳизоти барқии сабти кори дил - «электрокардиограф» (ЭКГ) набз ва кори дилро ташхис менамояд.
Дастгоҳ бо ЭКГ пайваст буда, кори дилро дар смартфон ва ё планшет нишон медиҳад.
Ҳамчунин, дар заминаи ихтирои ин дастгоҳи пизишкӣ даромади молии ширкати мазкур афзуда, эҳтимол ба буҷаи он наздики 150 миллиард доллар фоида оварад.  Зеро, ин таҷҳизот кори мардумро осон намуда, дигар ҳоҷати ба бемористон рафтан намемонад.
Ширкати мазкур дар Амрико барои ҳифзи ин ихтироаш соҳиби патент ҳам шудааст.
Таҳияи  Раҳматуллои КАРИМ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2016    №: 167    Мутолиа карданд: 2122

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед