logo

фарҳанг

МОДАР. ЗАБОНИ ВАРО НАБОЯД ОЛУДА КАРД!

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад.
Воқеан, барҳақ аст, ки ҳар нафаре, ки забони модариро хуб меомӯзад, омӯхтани забонҳои хориҷӣ барояш осон мегардад. Вале ин омӯзиш бояд ба хотири ҷаҳонбинӣ ва рушду такомули шахсии ӯ, ба хотири пешрафти миллаташ бошад, на барои ифтихори ноҷо ва олудасозии забони худ. Мутаассифона, бархе чун забони хориҷиеро андак биёмӯзанд, дӯст медоранд, ки пайваста, агар зарур ҳам набошад, бо он сухан бигӯянд. Гузашта аз ин, олудасозии забони гуфтугӯ бо дигар забонҳои хориҷӣ гӯйё миёни ҷавонон мӯд шуда бошад. Ҷавонону наврасон кӯшиш менамоянд, ки миёни суҳбат дасти кам чанд калима ва ё ибораи ғайр истифода баранд. Ба андешаи шахсии ман ин қабил одамон забони модарии худро дӯст намедоранд ва ба он эҳтиром қоил нестанд. Хеле гӯшнавозу диданист, вақте пешхизмат - ҷавони тоҷик бо як одоби баланди муошират мизоҷи хориҷиеро бо забони худи ӯ пешвоз гирифтаву баъди меҳмондорӣ ҳамчунон муаддабона гусел мекунад. Дар мактабу донишкадаҳоямон низ кам нестанд, ҷавононе, ки бо дӯстони хориҷии худ бо як завқи баланд ва озод суҳбат менамоянд, ки намунаи ибрат аст. Дар чунин лаҳзаҳо кас бо ҳавас мехоҳад, ки аз пайи омӯзиши забонҳои хориҷӣ бошад.
Бо истифода аз минбари «Ҷумҳурият» мехоҳам ба ҳамсолони худ бирасонам, ки забони ҳар миллат ҳастии он мебошад. Маҳз забонамон буд, ки дар он ҳазор соли бедавлатӣ моро аз нестшавӣ нигоҳ дошт. Ба он хотир, ки ҳамчунон пойдор бимонем, бояд забонамонро дӯст бидорем ва дар рушду густаришаш саҳмгузор бошем. Агар даҳ забони хориҷиро ҳам, ки аз бар карда бошем, онро набояд бо забони Модар олуда созем, зеро ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта маконе дорад. Устоди шодравон Лоиқ Шералӣ барҳақ иброз доштааст:
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Одам бо гум кардани забонаш робитаашро аз модар ва ниёгонаш меканад. Ӯ дар ин ҳол чӣ гуна метавонад бо забони хориҷие, ки забони ӯ нест, ифтихор бикунад?
Зебуннисо ҲАМИДЗОДА, хонандаи
синфи 11 – и гимназияи № 1 - и шаҳри Душанбе

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2016    №: 167    Мутолиа карданд: 2059

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед