logo

ҳуқуқ

АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОН - АМНИЯТИ МИНТАҚА

Дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, генерал - лейтенант Саймумин Ятимов, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал - лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва дигар шахсони расмӣ маросими тақдими нақлиёти ҳарбӣ ва воситаҳои техникӣ баргузор шуд.

Таҷҳизоти муосири алоқа (коммуникатсионӣ) бо арзиши 9 миллион доллар ва 50 автомашинаи тамғаи «J8 Jeep Wranglers» ба маблағи 3 миллион доллар аз ҷониби Барномаи мубориза бо маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА (СENTCOM) ҷиҳати пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Тоҷикистон тақдим гардид.
Радиостансияи «Моторола» бо нармафзори шабакавии «ТURBO», ки метавонад ҳаракати кормандонро аз як ҷой ба ҷойи дигар бо истифодаи GPS пайгирӣ намояд, радиостансияҳои намуди RF-7800W бо технологияи Ethernet ва таъмини алоқа дар масофаҳои беш аз 160 километр ва дигар таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва нармафзорҳо барои зарфияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти ошкор, мусодира ва пешгирӣ намудани воридшавии маводи мухаддир тавассути марзи Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Шералӣ Хайруллоев дар шахсияти сафир Элизабет Миллард ба Ҳукумати ИМА миннатдорӣ баён намуда, аз ҷумла гуфт: «Боиси қаноатмандист, ки бо ИМА ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ густариш ёфта истодааст. Мо хуб дарк менамоем, ки қаламрави ин ё он кишвар яке аз муқаддасот ва нишонаи давлатдорӣ буда, амнияти он аз сатҳи муҳофизати сарҳади давлатӣ вобастагӣ дорад. Раванду рӯйдодҳои охир ва инкишофи он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар қаламрави Осиёи Марказӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир торафт вусъат меёбад. Воқеият нишон медиҳад, ки танҳо як давлат дар алоҳидагӣ бо ин хатарҳо мубориза бурда наметавонад. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмини амнияти босубот ва ҳаёти осоиштаи аҳолии сайёра аз тамоми имкониятҳои худ бояд истифода барад. Умед дорем, ки дар оянда низ ҳамкориҳои судманди мо идома ёфта, дар таъмини бехатарӣ натиҷаҳои судманди худро медиҳанд».
Хонум Элизабет Миллард ҳамкориҳои манфиатбахши ду ҷонибро барои муборизаи муташаккилона ҷиҳати бехатарии сарҳадоти Тоҷикистон манфиатбахш арзёбӣ карда, ба муборизаву талошҳои сарҳадбонони тоҷик дар пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар арзи сипос намуд.
- Амрико омодагии Тоҷикистонро дар ҳамкориҳои ҳозираву минбаъда ҳамеша ба хушӣ мепазирад ва барои расидан ба ҳадафҳои муштараки ду кишвар, ки бештар ба таъмини амнияти минтақа нигаронда шудаанд, талош меварзад, - афзуд Элизабет Миллард.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2016    №: 167    Мутолиа карданд: 2887

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед