logo

иқтисод

Санъаткорон андози даромад месупоранд?

Мутахассисону коршиносони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста сарчашма ва манбаъҳои андозбандиро омӯхта, таҳлил намуда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ҷамъоварии онҳоро дар шакли сифатан нав ба роҳ монанд. Яке аз сарчашмаҳое, ки имрӯзҳо аз тарафи мақомоти андози мамлакат мавриди омӯзиш қарор гирифтааст, фаъолияти санъаткорон мебошад, ки дар ҷашнҳо ширкат варзида, даромади муайяне ба даст меоранд.
Хабарнигори «Ҷумҳурият» ба нияти рӯшаниандозӣ ба ин масъала ба Хуршед Қосимов, сардори Раёсати ташкили андозбандии соҳибкорони инфиродии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Саидмуроди Рабеъзода, сардори шӯъбаи робита бо ВАО ва протоколи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат кард. Онҳо  дар ин масъала чунин ибрози ақида намуданд:

 -Таҳлил нишон медиҳад, ки аксари ин гуна шахсҳо ӯҳдадориҳои андозии худро иҷро наменамоянд ва ё иҷро кунанд  ҳам, маблағҳои ба буҷети давлат пардохтаи онҳо қатрае аз дарёро мемонад. Бинобар Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  ин манбаи андозбандиро аз нав  мавриди  баррасӣ қарор дод.
 Мувофиқи талаби Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ   аз 30 майи соли 2008, № 273 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои додани патент ва шаҳодатнома»  шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкории инфиродиро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, номнавис  мешаванд. Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  назорати иҷрои қонунгузории андозро дар  ҳамбастагӣ бо назорати иҷрои  қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мемонад.
Ҳамин тариқ масъалаи матраҳшуда нишон дод, ки дар қаламрави  ҷумҳурӣ  аз рӯи ин гурӯҳи соҳибкорон то 1 январи соли 2008-ум 660 санъаткор ҳамчун соҳибкор  бо назардошти сатҳи пасти  андозбандӣ  номнавис шуда, маблағи умумии андозҳои  аз ҷониби онҳо  дар ин давра пардохтгардида 214,8 ҳазор сомониро ташкил додааст. Вазни қиёсии андозҳои пардохтшуда нисбат ба  даромади буҷет аз рӯи пардохтҳои патент 0,6%-ро ташкил намуд. Ин ба ҳисоби миёна ба як соҳибкори ин гурӯҳ дар як сол 325 сомонӣ ва дар як моҳ 27 сомонӣ рост меояд. Ё ин ки як сароянда, навозанда ва раққоса ба ҳисоби миёна дар як сол 1 - 4 моҳ фаъолият намуда, маблағи патентро пардохт кардаасту халос, ҳол он ки барои соҳибкорони номбурда дар 1 моҳ маблағи пардохти патент ба ҳисоби миёна 150 сомониро ташкил медиҳад. Бо назардошти  сатҳи пасти  андозбандии санъаткорон Кумитаи андоз раёсатҳои андози ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва нозироти андози НТҶ-ро вазифадор намудааст тибқи қонунгузории андоз ба сарояндагон, навозандагон ва  раққосон  огоҳнома ирсол намуда, санади муқоисавӣ тартиб дода,  баҳри бартарафсозии норасоиҳо  дар ин замина корро ҷоннок намоянд.
 Ҳамин раванд кормандони  Раёсати ташкили андозбандии соҳибкорони  инфиродӣ ва  шӯъбаи робита бо васоити ахбори омма ва протоколи Кумитаи андозро  вазифадор намуд, ки  аз 7 то 15 феврали соли 2009  корҳои рӯшангариро бо  мутахассисон ва гурӯҳи назоратии Кумитаи андоз ба анҷом расонанд. Дар натиҷа маълум  гардид, ки дар  кохҳои «Тоҷикистон», «Ҷомӣ» ва «Борбад» бештари  санъаткорон на танҳо  патент ва ё шаҳодатнома  надоштанд, ҳатто баъзе бо тамасхур ё ситеза  дастак зада,  бо эътироз иброз менамуданд, ки магар барои оростани як консерт ҳам патент ва шаҳодатнома лозим аст? Масалан, 7 феврал  дар кохи «Тоҷикистон» бо иштироки санъаткорон Зиёвуддини Нурзод ва бонуи Ёдгора, дар кохи «Борбад»  гурӯҳи «Иқбол» таҳти роҳбарии Искандар Қаландаров ва дар толори Сирки давлатӣ бо иштироки даҳ нафар овозхони машҳур консертҳои калон баргузор гардиданд. Мо тахминан як соат пеш аз баргузории консертҳо ба толорҳо даромада, як-як бо овозхонҳо ҳамсӯҳбат  гардидем.  Масалан, дар кохи «Тоҷикистон» бо бонуи Ёдгора ва Зиёвуддини Нурзод мусоҳиб шудем. Сараввал мо ба онҳо оид ба хотирнишин гузаронидани консерт барори кор таманно кардем. Ва таъкид намудем, ки баргузории ин консертҳо ифодагари он аст, ки дар кишвар  сулҳи пойдор ҳукмфармост. Ва дар пойтахт - Душанбешаҳр сокинону меҳмонон метавонанд дар чунин фазои орому осуда бештару беҳтар ғизои маънавӣ гиранд ва санъаткорон шабнишинию консертҳо доир намоянд, аз ифтихори миллӣ ва ободии диёрамон бо шавқ ҳарф зананд. Вале  набояд фаромӯш сохт, ки ифтихори ватандорӣ, бақои давлату миллат, рушди соҳаҳои гуногун ба ғанӣ гардидани буҷети ҷумҳурӣ  сахт тавъам мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар шахсе, ки метавонад кор кунад  ва фоидае ба даст орад, бояд маблағи муайяне ба буҷети давлат супорад. Яъне  андозро ҳатман бояд супурд.  Бинобар ин  мо аз санъаткорон пурсидем, ки оё  аз даромади консерт андоз месупоранд? Ё худ патент ва ё шаҳодатнома доранд?
Бонуи Ёдгора изҳор кард: «Ман  аз ӯҳдаи супурдани 150 сомонӣ баромада наметавонам». Инчунин дигар овозхонҳо, раққосаҳо ва навозандаҳое, ки бо ӯ ҳамкорӣ мекарданд, иброз доштанд, ки бо даромади ночиз патент гирифта наметавонанд. Танҳо Зиёвуддини  Нурзод ба мо арз кард, ки соли 2008  патент доштааст, вале имсол гӯё фурсати гирифтани патент  муҳайё нагаштааст.
Аз шиносоӣ бо асноди соли 2008, ки ҳар санъаткор бояд ба буҷети давлат 1380 сомонӣ месупурд, маълум шуд, ки бештари онҳо вазифаи шаҳрвандии худро адо накардаанд. Ҳатто овозхонҳои номии мамлакат ин қарзи шаҳрвандии худро ба хубӣ эҳсос намекунанд, ки аз гирифтани номи онҳо мо алҳол худдорӣ мекунем. Ҳол он ки онҳо бояд андозҳои муқарраршударо  сари вақт пардохт намуда, намунаи ибрат бошанд. Аммо, мутаассифона, аксари онҳо  маблағи якмоҳаи  патентро супурда, бо ҳамин хотирҷамъ шудаанд.
Имрӯз ҳар яки мо дар сӯҳбату маҳфилҳо аз ватандорию ифтихори миллӣ бо ҳарорат гап мезанем. Дар сурате ки як вазифаи худро фаромӯш кардаем. Иҷрои ӯҳдадориҳои андоз, ё худ пардохти  андозҳои муқарраршуда қарзи шаҳрвандии ҳар сокини кишвар мебошад.

Сӯҳбаторо
Муҳаммади НУРУЛЛОҲ,
«Ҷумҳурият»

Шанбе, 11 июли  соли  2009. № 88 (21 595). Соли 85-уми нашр.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 378

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед