logo

иҷтимоиёт

Темур Зулфиқоров: "ТОҶИКИСТОН ЗОДГОҲИ МАН АСТ!"

Темур Зулфиқоров адиби шинохтаи русзабони тоҷик, шахсияти камназире, ки дар қатори даҳ адиби машҳури рус ва сад адиби шинохтаи ҷаҳон мавқеъ гирифтааст. Қариб 30 асари офаридаи ӯ ҳар кадоме бо теъдоди миллионҳо нусха нашр ва ба 12 забони дунё тарҷума шудаанд. 

Дар Ғарб Темур Зулфиқоровро Дантеи адабиёти рус мешуморанд. Вале ӯ худро зодаву парвардаи обу хоки Тоҷикистон медонад. «Тоҷикистон зодгоҳи ман аст, ин ҷо мардум маро дӯст медоранд, хонанда дорам. Гарчанде хонандагони русам садҳо маротиба зиёданд, ҳарчанд ба забони русӣ менависам, нисфи эҷодиётам ба Тоҷикистон бахшида шудааст. Тоҷикон дар осорам рӯҳи адабиёти ба забони дигар муҳоҷиршудаи худро эҳсос мекунанд», - гуфтааст дар яке аз мусоҳибаҳои хеш Темур Зулфиқоров.
Ӯ адибест, ки дар адабиёт дигаргуниҳои зиёде ворид намудааст.  
Темур Зулфиқоров ҳамон дарвешест, ки дар ҷустуҷӯи худ ва Офаридгор гирди ҷаҳон мегардад. Ин аст, ки ӯ ва қаҳрамонҳояшро гоҳ дар ин замону гоҳ дар он макон мебинем. Ӯ адибест, ки сарҳади замон ва маконро ба осонӣ убур намуда, дар ҳар маврид ҷӯёи ҳамон ҳақиқати кулл аст, ки ҳамагон барои он сарсонем. Адиби нуктасанҷ дар яке аз мусоҳибаҳояш иқрор шудааст, ки масалҳои охиринаш дар мавриди асрори офариниши инсон мебошанд. «Дуруст аст, ки мо дар боз намудани асрори он  ҳеҷ гоҳ муваффақ нахоҳем шуд, аммо ба он наздик шудан имкон дорад», - иброз медорад ӯ. 
Темур Зулфиқоров муаллифи асарҳои «Достони марги Амир Темур», «Умари Хайём», «Муноҷоти Иван Грозний», «Хоҷа Насриддин», «Хоҷа Зулфиқори Девона», «Саргузаштҳои заминию осмонии шоир», «Чойхонаи лаби ҷар», «Марг нест», «Кӯдакии Исои Масеҳ», «Як рӯзи зиндагии ҳазрати Муҳаммад (с.)», романи «Афъимори марҷонӣ», садҳо масалҳои хурд доир ба Хоҷа Насриддин мебошад.
Маҳз ҳамин асарҳо ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд. Барои китоби «Саргузаштҳои заминию осмонии шоир» сазовори ҷоизаи «Коллетс»  (Англия) дар бахши «Беҳтарин романи Аврупо барои соли 1993» гардид. Соли 2004 «Масалҳои тиллоии Хоҷа Насриддин» ҳамчун беҳтарин асари адабии рус сазовори ҷоизаи ба номи Л. Н. Толстой «Ясная Поляна» гардид. Романи машҳураш «Афъимори марҷонӣ» бо ҷоизаҳои «Беҳтарин китоби соли 2005»  – и Русия ва ба номи Антон Делвига (соли 2008) қадр карда шудааст. Зулфиқоров, ҳамчунин, барандаи ҷоизаҳои ба номи В. Белов «Ҳама чиз дар пеш аст!» (2011) ва ба номи В. Шукшин «Қалбҳои рӯшан» (2013) мебошад. Барои асари «Як рӯзи зиндагии ҳазрати Муҳаммад (с.)» сазовори ҷоизаи байналмилалии «Муҳаммад паёмбар (С.) – атои Парвардигор барои оламиён» (2011) мегардад.
Дар бахши драматургияи театр ва кино низ самаранок фаъолият менамояд. Ӯ муаллифи беш аз 20 филми бадеӣ ва мустанад мебошад, ки аксари онҳо ҷоизадори фестивалҳои байналмилалӣ шудаанд. Ҳанӯз соли 1991 сазовори ҷоизаи «Хартли – Мерилл» - и Ҳолливуд  дар бахши сенарияи беҳтарин гардида буд. 
Филмномаҳояш низ шеърияти волоро ба худ касб намудаанд. Филми «Инсон ҳам аз паси парандаҳо меравад» (1974, коргардон Алӣ Ҳамроев) дар кинофестивали Деҳлӣ бо ҷоизаи «Товуси нуқрагин» қадр гардида бошад, филми «Мурғи сияҳ, ё сокинони шаҳри зеризаминӣ» (1980, коргардон В. Грес) шоҳҷоизаи кинофестивали Маскавро соҳиб шуд. Филми «Сароби ишқ» (1986, коргардон Т. Океев) бо «Шамшери тиллоӣ» - и кинофестивали Димишқ қадр гардидааст.
Намоишҳои «Шабпарак хоб дид» (Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, таҳияи Барзу Абдураззоқов), «Кабки қафас» (Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ) ва «Ишқи нахустини Хоҷа Насриддин» (Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский, таҳияи Баҳодур Миралибеков) шоҳкориҳои ҳунари театрӣ ба шумор мераванд.
Муҳаққиқони соҳаи театр пас аз намоиши «Шабпарак хоб дид», ки дар Фестивали «Нигоҳи танги Скиф» ба маърази тамошо гузошта шуд, иброз доштанд, ки дер боз адабиёт ва драматургияи мо ба театр чунин шеърияти воло ва бадеияти гӯёро, ки хоси адабиёти антиқӣ аст, надода. 
Эҷодиёташ аз солҳои пеш диққати аҳли таҳқиқро ба худ кашидааст. Дар бораи рӯзгор ва осораш беш аз сад тақризу эссе нашр гардидааст. Ба эҷодиёташ чунин муҳаққиқони шинохта, аз қабили Л. Анненский, В. Бондаренко, А. Геворкян, В. Коркин, В. Плетнер ва М. Шакурӣ даст зада, паҳлуҳои мухталифи онро мавриди омӯзиш қарор додаанд.    Аз ҷумла, А. Геворкян эҷодиёти Темур Зулфиқоровро хеле доманадор арзёбӣ намуда, мегӯяд, ки «ӯ метавонад ба ниҳонхонаи қалби инсон бо ҳазору як мушкилоташ роҳ ёбад. Аз ин лиҳоз, истеъдодаш фавқулода мебошад».  

М. ТАБАРӢ, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2016    №: 167    Мутолиа карданд: 1066

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед