logo

иҷтимоиёт

МАБЛАҒ КАЛОНУ КОР БЕСИФАТ

аз хусуси сохтмони «гӯштишутурхӯрда» - и варзишгоҳи ноҳияи Ховалинг
Сохтмони варзишгоҳи марказӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон соли 2010 шурӯъ гардида бошад ҳам, ҳайҳот… то ҳол анҷом наёфтааст. Тибқи иттилои расида, бояд имсол иншооти мазкур мавриди истифода қарор мегирифт. Мутаассифона, ҳеҷ ҳарфе дар бобати ба истифодадиҳии он нест. Ба қавле «аз санг садо ҳасту…»

Барои дидану воқиф гардидан аз вазъи кунунии варзишгоҳ ба ин ноҳия сафар намудем. Вақте аввалин бор ба варзишгоҳ менигарӣ, дар назар як макони харобгаштаро мемонад. Ба иншооти навсохт тамоман шабеҳ нест. Дару тирезаҳои ҳанӯз истифоданашудаи иддае аз утоқҳояш ба «яғмо» рафтаанд. Деворҳои рангпаридаю тирезаҳои шишашикаста бинандаро нороҳат месозанд. Болои нишастгоҳи тамошобинон бо шиферҳои металлии бесифату камарзиш пӯшонда шудааст. Шамоли тобистон аллакай бархе аз онҳоро дарондааст. Корҳои сохтмониро ширкати «Нигини Сулаймон» ба уҳда дорад. Ба иттилои Хайрулло Бурҳонов, намояндаи ширкати мазкур, барои идомаи сохтмон маблағ пешбинӣ шудааст ва кор дар ҳоли оғозёбист.
- Соли 2015 ҳангоми санҷиши тахассусӣ дар ин варзишгоҳ камбудиҳои зиёд ошкор гардиданд. Корҳои сохтмонӣ комилан ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Рехтани андоваю қатшавии оҳанҳои нигоҳдорандаи бом ба назар мерасид. Аз ин рӯ, барои вайрон намудани талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва бесифат иҷро намудани корҳо пудратчӣ, яъне ширкати «Нигини Сулаймон» - ро ба маблағи 2000 сомонӣ ҷарима баста будем. Ҳоло дар чӣ вазъ қарор доштани сохтмонро намедонам, чунки имсол барои тафтиш нарафтаам, - мегӯяд С. Шарифов, сармутахассиси Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон дар минтақаи Кӯлоб.
Бино ба иттилои Аскархон Ҳакимов, сардори филиали сохтмони асосӣ, варзишгоҳ аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешавад. Арзиши харҷномавии он 5 миллиону 450 ҳазор сомониро дарбар мегирад. Зимнан, 3 миллиону 900 ҳазор сомонӣ аз тарафи пудратчӣ азхуд карда шудааст. Суоле посух меҷӯяд: «Магар ҷойи таассуфу тааҷҷуб нест, ки бо чунин маблағи аз нигоҳи коршиносон, ҳангуфт бар хилофи меъёрҳои сохтмонию меъморӣ корҳои сохтмониро бо чунин сифати паст анҷом диҳанд? Пас, кӣ бояд ғами буҷети давлатро хӯраду аз рӯи ин сохтмон назорат барад?
Ёқуби СОДИҚ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2016    №: 167    Мутолиа карданд: 1530

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед