logo

иҷтимоиёт

"ЗАРДОЛУЗОР" - МАҲАЛЛАИ БЕҲТАРИН

Маҳаллаи «Зардолузор» бо 2700 нафар ҷамъият яке аз маҳаллаҳои калони шаҳри Панҷакент аст.

Сокинон ва меҳмонони шаҳр бошандагони маҳаллаи «Зардолузор» - ро дар ҳавлидорӣ, маданияти зист, одобу ахлоқи ҳамида намунаи ибрат мешуморанд. Дар тарбияи фарзандон оилаҳо аз таҷрибаи ҳамдигар истифода мебаранд, ба онҳо касбҳои гуногунро меомӯзонанд, соҳибмаълумоту соҳибфарҳанг мегардонанд. Оилаҳои Ёқубҷон Мукаммалов, Зафарҷон Мӯсоев, Раҳимҷон Рустамов, Бобо Каримов, Ҷумъабой Баҳриев, Хуршед Сироҷев ва даҳҳо дигарон аз ҷумлаи мутахассисону соҳибкорони варзидаи Панҷакент буда, бо сифатҳои олии инсонию меҳнатдӯстӣ маҳбуби ҳама гардидаанд. Духтарону бонувони озодакори кӯчаҳои Абуалӣ ибни Сино, Мирзо Бедил, хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаҳои дигар ҳар субҳи барвақт рӯи ҳавлӣ ва атрофи дарвозаи худро рӯфтаю об мезананд ва кас дар лаҳзаҳои аввалини тулӯи офтоб аз кӯчаҳо гузашта, ба озодакории онҳо аҳсант мегӯяд.
«Зардолузор» маҳаллаи ҳунармандон аст. Чевари моҳир Онаҷон Қосимова, кашидадӯз Собира Раҳимова, қаннод Қобилҷон Ҳомидов, устои дуредгар Муҳаммадҷон Исломов муштариёни зиёд доранд. Бозорбой Пӯлодов на танҳо омӯзгору сарвари соҳибтаҷрибаи таълимгоҳ, балки ҳофизи шинохтаи диёр низ ҳаст.
Ба маҳалла ҷавонмарди кордону ташаббускор Муталиб Қурбонов сарварӣ мекунад. Ӯ ҳайати кумитаи маҳалларо аз ҳисоби шахсони соҳибмаърифат, хушсалиқа ва обрӯманд созмон додааст. Аъзои кумита барои ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти сокинон ҳафтае як маротиба ҷамъ меоянд. Баргузор намудани тӯйҳои арӯсиву домодӣ, хатнасур, маросими дафн, ҳалли муноқишаҳои оилавӣ, дасти ёрӣ дароз кардан ба маъюбону камбизоатон аз ҷумлаи масъалаҳое маҳсуб меёбанд, ки дар ҷамъомадҳои кумита баррасӣ ва натиҷагирӣ мешаванд. 
Бар асари боришҳои пай дар пайи баҳори имсола даҳҳо хона вайрон гардидаву ҷиҳози сокинон  ба коми сел рафт. Сокинони маҳаллаи «Зардолузор» ба зарардидагони офати табиат ду мошин кӯрпаю кӯрпача, болин, гилем ва чиниворӣ фиристоданд. Хати оби ошомиданиро, ки сел вайрон карда буд, худашон таъмиру таҷдид карданд. Дастаҷамъона ба ҳашар баромада, дар қади кӯчаҳо 190 бех ниҳол ва дар масофаи 500 метр гулҳои ороишӣ шинонданд, 4000 метр ҷӯйборро тоза намуданд. Соли ҷорӣ дар ҳудуди маҳалла коргоҳи хурди қаннодӣ, чойхона ва ошхонаи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Сокинони маҳаллаи «Зардолузор» якҷо бо зерсохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент корҳои қобили мулоҳизаи ободонию созандагиро ба иҷро расонда, Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол мегиранд. Муҳимтарин дастоварди онҳо ғолибият дар ду даври аввали Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар бахши «Маҳаллаи беҳтарин» ва роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқа мебошад.

Луқмон ҚУРБОН,
шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2016    №: 167    Мутолиа карданд: 1430

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед