logo

иқтисод

З. Ғуломҷонов: «АЗ ЯК ДАСТ САДО НАМЕБАРОЯД»

Деҳқонони Ҷамоати деҳоти Савноби  ноҳияи Рӯшон акнун тамоми корҳои саҳроӣ - аз кишти зироат то ҷамъоварии ҳосилро ба воситаи техника анҷом медиҳанд.

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокини деҳаи Ғудара Қирғизбой Тулегов аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» тариқи иҷораи молиявӣ трактори тамғаи МТЗ-82 дода шуд. Қирғизбой ба Роҳбари давлат зимни  сафари  кориаш  ба  ин  деҳаи  дурдасти  водии  Бартанг, ки  дар  остонаи  19 - умин  солгарди  Ҷашни  Ваҳдати  миллӣ  ҷараён гирифт, дар  ин бобат  муроҷиат карда буд.
Ба гуфтаи Зокир Ғуломҷонов, роҳбари филиали КВД «Тоҷикагролизинг» дар  вилоят,  ин  ягона  техникаи  кишоварзӣ  нест, ки  соли   равон   тариқи  корхона  ба  деҳқонони  ВМКБ  дода  шудааст. Ба  иттилои З. Ғуломҷонов,  бо супориши бевоситаи Роҳбари давлат соли равон марказҳои хизматрасонии вилоят соҳиби бештар аз 50 адад техникаи кишоварзӣ гардиданд. Аз ҷумла, барои ноҳияи Ишкошим комбайни ғалладарав, техникаи алафдаравӣ ва шудгоркунанда ҷудо гардид. Акнун хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия имконият пайдо карданд, ки ҷамъоварии ғалладона, хӯроки чорво ва хирманкӯбиро тариқи комбайн анҷом диҳанд. Деҳқонони  водии  Бартанг  низ  бо  дастури  Сарвари  давлат  дар  асоси  шартҳои  имтиёзнок  соҳиби техникаи алафдаравӣ, гандумкӯбак, механизмҳои хурди  шудгоркунанда, сихмола, тойбанд, тракторҳои МТЗ-82 ва дигар таҷҳизоту  механизмҳое гардиданд, ки меҳнати  деҳқононро даҳчанд  осон мекунанд.
Зокир Ғуломҷонов мегӯяд, ки мо нияти дар ҳамаи ноҳияҳо ташкил намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ дорем, аммо бо иллати камташаббусии мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ин иқдоми мо амалӣ намегардад. Роҳбарони   ноҳияҳо  дархости  моро  ҷиҳати  ҷудо  намудани қитъаи  замин  барои бунёди иншооти ёрирасон  сари  вақт  қонеъ  намегардонанд. Ба сабаби мавҷуд набудани ҷойи махсуси нигаҳдории техника ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ  механизмҳои мо дар ҷамоатҳои деҳот дар ҳавои кушод монда, фарсуда мешаванд.  Ба  ҳамин  сабаб қисми зиёди  механизмҳоямон   аллакай ба ҳолати харобӣ расидаанд. Агар ин мушкилот ҳалли  худро ёбад, техникаю таҷҳизоте, ки ба тозагӣ гирифтаем,  ба самаранокии кори кишоварзон хуб мусоидат карда метавонанд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2016    №: 168    Мутолиа карданд: 1687

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед