logo

иҷтимоиёт

ИСЛОМ. ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ИФРОТГАРО ОНРО ДОҒДОР МЕНАМОЯНД

Дар як қатор кишварҳои  исломие, ки ҷангу хунрезӣ ва  қатлу ғорат идома доранд, гурӯҳҳои террористиву ифротгаро дини мубини Исломро ба манфиати худ истифода намуда, онро доғдор менамоянд. Амалҳои террористие, ки ин гурӯҳҳо анҷом медиҳанд, ба Ислом ягон рабт надоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ терроризмро маҳкум намуда, борҳо тазаккур додаанд, ки набояд номи поки дини мубини Исломро ба он олуда кард. Зеро нисбат додани терроризм ба Ислом иштибоҳи маҳз аст. Ин худ ҷавоби маҳкамест ба баъзе гурӯҳ ва расонаҳо, ки мехоҳанд аз номи Ислом сӯистифода карда, вазъи  минтақа ва ҷаҳонро халалдор созанд. Бо ибтикори Президенти мамлакат “Қуръони Карим” бо забони тоҷикӣ ва бо хати кириллӣ аз чоп баромад. Ин ба мусалмонони кишвар имкон фароҳам овард, ки ин китоби муқаддасро  худ мутолиа намуда, мувофиқи фармудаҳои он амал намоянд ва ба доми фиреби гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ наафтанд.
Терроризм амали нангинест, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳонро пешорӯи хатар қарор додааст. Ин зуҳуроти номатлуб, пеш аз ҳама, теша ба решаи дарахти сабзи суботу амният ва сулҳу ваҳдат мезанад. Садҳо кӯдаконро  ятиму бепарастор, пирону барҷомондагонро  сарсону саргардон ва гуруснаву дарбадар мегардонад, кишвару миллатҳоро ба вартаи ҳалокат тела медиҳад. Ҷангу хунрезӣ ва қатлу ғорат аз ҷумлаи нангинтарин падида дар радифи зилзила, сел, вабо, қаҳтӣ  маҳсуб  меёбанд. Афроде, ки ба ин амалҳо даст зада, ба номи поки одамӣ иснод меоранд, сазовори ин ном нестанд.  Чунончи, Абулқосими Фирдавсӣ дар ин маврид мефармояд:
Ҳар он к - ӯ гузашт аз раҳи мардумӣ,
Зе девон шумар, машмараш з - одамӣ.

Мо бояд шукрона кунем, ки дар кишвар сулҳу субот, дӯстӣ, якдилӣ, якдигарфаҳмӣ пойдор аст. Бояд аз як гиребон сар бароварда, Ватанамонро обод ва халқамонро шод гардонем.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2016    №: 168    Мутолиа карданд: 1387

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед