logo

фарҳанг

ЧОЙХОНАҲОИ МИЛЛӢ. АНЪАНА ВА МУШКИЛОТ

Пайдоиши чойхонаҳои ҷамъиятӣ ғолибан ба охирҳои асри XIX рост меояд. Онҳо асосан дар   маҳаллу гузарҳои аҳолинишин, ҷойҳои хизматрасонию тиҷоратӣ, назди бозорҳо ва дарвозаҳои шаҳрҳо, ки  ҷойи муоширати шаҳрвандон ва мусофирону роҳгузарҳо буданд, бунёд мешуданд, ки бо гузашти айём иншооти муҳими ҷамъиятӣ ва ҷойи дӯстдоштаи шаҳрвандон гардиданд.

Соли 1959 дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе нахустин чойхонаи миллии замонавии “Роҳат” сохта шуд, ки беҳтарин мавзеи истироҳат ва муоширати шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ гардид.
Баъдан  чойхонаҳо дар шаҳри Душанбе дар рӯ ба рӯи мағозаи марказӣ, маҳаллаи Яккачинор, бозорҳои “Шоҳмансур”, “Баракат” ва дигар маҳалҳои шаҳр бунёд гардида, дар онҳо хӯрокҳои миллӣ низ тайёр мекарданд.
Бояд хотирнишон кард, ки аз аввалҳои солҳои 60 - уми асри XX сохтмони чойхонаҳо дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ  ва хоҷагиҳо босуръат оғоз гардид.  Дар солҳои 70 - 80 даҳҳо  лоиҳаҳои инфиродии чойхонаҳои аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии ватанӣ барои шаҳру ноҳияҳои кишвар тарҳрезӣ гардида, сохта шуданд. 
Ҳамзамон, дар шаҳри Душанбе чойхона - тарабхонаҳои  “Саодат” ва  “Фароғат” барои 250 ҷойи нишаст сохта шудаанд, ки  яке аз мавзеъҳои хуби истироҳати шаҳрвандон  гардида буданд. Мутаассифона  ҳангоми азнавсозии боғи мазкур чойхона   аз байн бардошта шуд.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати рушди анъанаҳои  миллӣ: кандакорӣ ва гаҷкорӣ, аз ҷумла  дар  сохтмон ва азнавсозии чойхонаҳои миллӣ  васеъ истифода бурдани онҳо корҳои назаррасе иҷро шуданд.
Бояд таъкид кард, ки дар доираи омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳо марҳила ба марҳила азнавсозӣ ва сохтмони чойхонаҳо оғоз гардид. Аз ҷумла, дар шаҳри бостонии Кӯлоб  аз ҷониби сохтмончиён ва устоҳои кандакори шаҳрҳои  Исфара ва Истаравшан чойхонаи миллӣ қомат афрохт. Дар шаҳри Хоруғ нахустин шуда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чойхонаи муосир барои 200 ҷойи нишаст сохта шуда, мавриди истифодаи умум қарор  гирифт.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар шафати “Қасри Арбоб” маҷмааи боҳашамати  чойхонаи муосир  барои 1200 ҷойи нишаст (калонтарин чойхона дар вилояти Суғд) ва чойхонаи “Боғи миллӣ” дорои 200 ҷойи нишаст сохта шуданд.
Дар шаҳри Ҳисор чойхонаи ғайриодии “Харбуза” - и боҳашамат, ки аз ҷиҳати услубу шакли хоси худ дар миқёси олам ҳамто надорад, бо риояи анъанаҳои меъморию шаҳрсозии миллӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Дар минтақаҳои кӯҳӣ низ аз ҷониби Иттифоқи “Тоҷикматлубот” чойхонаҳои миллӣ сохта шуда истодаанд. Аз ҷумла,  дар шаҳраки Ғарми  ноҳияи Рашт  чойхонаи “Болои об”, таги чинори шаҳраки  Комсомолободи ноҳияи Нуробод пурра азнавсозӣ шудаанд, ки мавзеи хуби истироҳатӣ барои ронандаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои гуногуни ноҳиявӣ гардидаанд.
Дар ноҳияи Данғара нахустин чойхонаи миллӣ барои 150 ҷойи нишаст бо истифода аз ҷузъҳои санъати меъмории миллӣ ва маркази боҳашамати фарҳангӣ - фароғатии муосир бо усули кандакорӣ ва гаҷкорие, ки дар вилояти Хатлон беназир аст, сохта шуданд.
 Аз ҷониби фармоишгари мазкур дар  маркази ноҳияи  Ашт чойхонаи миллӣ барои 200 ҷойи нишаст, дар боғҳои фарҳангӣ – фароғатии ноҳияҳои Балҷувону Шаҳринав низ барои 100 ҷойи нишаст чойхона бунёд шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Солҳои минбаъда дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Норак, Табошар, Хуҷанд, Турсунзода,  Қӯрғонтеппа ва  марказҳои ноҳияҳои Бохтар, Восеъ, Айнӣ, Рӯдакӣ,   Деваштич, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳристон низ чойхонаҳо сохта шуданд.
Дар  чойхонаҳои солҳои пеш сохташуда  пирони кор, собиқадорони меҳнат, мӯйсафедон ва ҷавонон чой нӯшида, истироҳату суҳбат  меоростанд, рӯзномаю маҷалла мехонданд. Мутаассифона, аксари чойхонаҳо хусусӣ гардонда шуда, аз бемасъулиятии соҳибмулкон баъзеи онҳо валангор шуда фаъолият намекунанд.
Бунёд ва азнавсозии чойхонаҳои боҳашамат  тӯли солҳои истиқлолият омили рушди шаҳрсозӣ аст. Аммо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо онҳоро ҳамчун ошхона - тарабхона барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, онҳо барои собиқадорони меҳнат ва мӯйсафедон дастрас нестанд.
Илова бар ин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо чойхонаҳо дар ҷойҳои на он қадар мувофиқ ва берун аз марказ бунёд шудаанд,  ки ба онҳо шаҳрвандон камтар мераванд. Инчунин, нигоҳдории онҳо аз ҷониби соҳибмулкон дар  сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст, ки ин ба фарсудашавии чойхонаҳо оварда расондааст.
Таъкид намудан лозим аст, ки алҳол дар баъзе шаҳру ноҳияҳо азнавсозӣ ва сохтмони боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ идома дорад. Хуб мешуд,  дар онҳо бунёди чойхонаҳои миллиро низ ба нақша мегирифтанд.

С. ЮСУФҶОНОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2016    №: 168    Мутолиа карданд: 2334

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед