logo

иҷтимоиёт

НАХЛИ ШАМШОД. ЧАНД АНДЕША ДАР БОБИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА,
нависанда


Ҳумоюн бод Истиқлоли тоҷик,
Зиҳӣ  бахту зиҳӣ  иқболи тоҷик.

Пас аз заволи аввалин давлати миллии тоҷикон - давлати Сомониён (819 - 999) бо гузашти тақрибан ҳазор сол  тоҷикон аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардиданд. Воқеан, истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ  намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Гузашти вақт беш аз пеш собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа, рушди озодона ва сарбаландии ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад.
Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихи миллат масъулияти гарони барқарорсозии сулҳу субот ва бунёди ҷомеаи озоду мамлакати ободро ба уҳда гирифт. Ӯ гуфта буд:  «…Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона  ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас , агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам  ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Мо ифтихор аз он дорем, ки хидматҳои Президенти мамлакат дар поягузории давлатдории навини тоҷикон ва ба кишвари сулҳу салоҳ табдил додани Тоҷикистон аз тарафи Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ бо унвони «Пешвои асри ХХI» қадр карда шуд. Мехоҳам суханони раиси Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Антон Караҷаро ёдрас намоям, ки гуфтааст:
«…Мо ҳамагон, дӯстони башарият, пайи суроғи шахсиятҳои фарзонае ҳастем, ки қарни моро дигаргун сохта, бо амал, идрок ва неруи ҳастии худ суботи ҷаҳонро барои мову шумо таъмин менамоянд. Мо ба он мақсад омадаем, то ба Пешвои асри ХХI, ба марде, ки дар замони низову ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб намуд, марде, ки дар замони таназзулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард, марде, ки дар ҳамдастӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ дар кори эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзад, изҳори қадрдонӣ намоем. Ин шахс Президент Эмомалӣ Раҳмон аст…».
Маҳз ба  шарофати сиёсати хирадмандона,  сулҳпарварона, одилона ва оқилонаи Сарвари давлат миллати тоҷикро шинохтанд. Охир, ӯ тавонист миллатро ба оламиён муарррифӣ кунад, ифтихори  миллиро дар хуну рӯҳи  мо бипарварад, халқро ба созандагӣ ҳидоят намояд, торҳои дӯстию рафоқатро  миёни тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста  аз мансубияти миллӣ, динӣ, нажодӣ бипайвандад. Гузашта аз ин, Истиқлолияти давлатиро ҳамчун волотарин, бузургтарин ва муқаддастарин арзиш дар муқобили ҳадафҳои сиёсӣ ва мафкуравии дигар дар зеҳни мардуми кишвар устувор намояд. Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намояд, ки сулҳи тоҷикон  ҳамчун ҳодисаи нодири таърихӣ, ки аҳамияти омӯзишӣ ва сабақи байналмилалӣ дорад, балки дастоварди муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд.
Имрӯз Тоҷикистони мо гулрез аст, офтоби дурахшон болои сари мардуми  ин диёри файзхез шуълапошӣ мекунад. Ба гуфтаи Сарвари давлат, вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба аъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Мо, фарзандони ин мулки биҳиштосо, бояд ин суханони Президенти мамлакатро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ба қадри Истиқлолияти давлатӣ бирасем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, Ватанамонро дӯст дорем ва барои гулгулшукуфии он ҳиссагузор бошем.
Соли ҷорӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Мо низ дар гурӯҳи кории Сарвари давлат шомил буда, бо сокинони ноҳияи Ишкошим вохӯриҳо доштем. Аз  ин дидору гуфтугӯҳо ба хулосае омадем, ки мардум ташнаи ба ҳам омадану дар суҳбати якдигар нишастан  мебошанд. Чорабиниҳои идона дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ дар сатҳи баланд доир гардиданд. Ин ҳама касро рӯҳбаланду шод мегардонад. Ифтихор мекунад, ки дар чунин як кишвари ободу озод кору зиндагӣ мекунад. Ба қадри ин ободиву озодӣ ва зебоӣ бояд расид.
Сарвари муаззами кишвар дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки  арзиштарин дороии Ватан ин неруҳои ақлӣ ва зеҳнӣ буда, ба қадри эҷодкорон расидан, ин баробар ба қадри волидайн расидан аст. Аз ин рӯ, мо - эҷодкорон вазифадор ҳастем асарҳое эҷод намоем, ки тарбиявӣ бошанду ҷавононро аз роҳи бад баргардонда, ба роҳи рост ҳидоят намоянд.
Имрӯзҳо ҳар як сокини диёр кӯшиш мекунад, ки ҷашни бошукӯҳи дарпешистода - 25 - солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовезе пешвоз гирад. Дастовези ман ҳамчун як бонуи эҷодкор ба дасти хонандаи нуқтафаҳму нуқтасанҷ расондани «Мунтахаби осор» ва китоб барои бачаҳо - «Ишораабрӯ» буд, ки ба ин орзуям расидам. Хостам ба воситаи роман, қисса, ҳикоя ва масалҳои офаридаи худ  дар замири дили ҷавонон тухми меҳру муҳаббат, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ корам:
Мулки обод аст Истиқлоли мо,
Нахли шамшод аст Истиқлоли мо.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2016    №: 168    Мутолиа карданд: 1511

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед