logo

иҷтимоиёт

ҲАНӮЗ МУШКИЛ ДОРЕМ. БОЗ ДАР БОРАИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

Корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ  дар 7 моҳи соли равон барои хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии кишвар  зиёда аз 249 ҳазор ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд,  - иттилоъ медиҳад  дафтари матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар.
Қаблан, вақте ки Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи либоси вижаро барои шогирдони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯён муқаррар карда буд, боиси сару садоҳои зиёде гардид. Бисёриҳо андеша доштанд, ки  дар кишвари худамон корхонае, ки барои мактаббачаҳо либос истеҳсол кунаду талаботи мардумро қонеъ гардонад, мавҷуд нест. Ҳамаи либосҳои мактабие, ки дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳо ба фурӯш бароварда мешаванд, воридотӣ ҳастанд, аз ин сабаб  бо нархи гарон фурӯхта мешаванд ва ҳар падару модар барои харидани он имкон надорад.
Ҳоло ин мушкилӣ  то андозае ҳалли  худро ёфтааст ва бештари  хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии кишвар чор сол инҷониб  бештар либоси истеҳсоли корхонаҳои дӯзандагии ватаниро ба бар мекунанд.
- Имсол  низ бо мақсади ҷалби мардум ба маҳсулоти дохилӣ ва тарғиби дӯхти либосҳои ватанӣ, шунидани фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳо  ҷиҳати бо сифати хубу нархи дастрас истеҳсол намудани либосҳои мактабӣ бо масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо,  шуъбаҳои маорифи вилоят, роҳбарони мактабҳо вохӯрӣ ва машварат намудем. Аз ин рӯ, либосҳои мактабӣ бо назардошти пешниҳоди  муассисаҳои таълимӣ ва кумитаи падару модарон омода гардидаанд, - мегӯяд Бақо Ҳотамов, сардори  раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.
Ба иттилои ӯ, то 1 августи соли равон дар асоси шартномаҳои баимзорасида ба корхонаҳои дӯзандагии  вазорат барои 1 миллиону 88 ҳазор нафар ҷиҳати истеҳсоли либоси мактабӣ фармоиш пешниҳод шуд ва ҳоло қисми зиёди он иҷро гардидааст.
Пешниҳоду фармоиши муассисаҳои  таълимиро 200 корхонаву коргоҳҳои дӯзандагии кишвар иҷро менамоянд.
Албатта, дар ин самт мушкилиҳо ҷой доранд. Баъзе аз шаҳрвандон аз  нархи муқарраршудаи либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ норозианд. 
Масалан,  Давлатмоҳ Хайруллоева либоси мактабии духтарашро, ки хонандаи синфи 7- уми мактаби № 32 - и пойтахт мебошад  ва онро  ҶДММ «Нассоҷии тоҷик» истеҳсол намудааст, бо нархи 130 сомонӣ харидааст. Ба андешаи ӯ ин маблағ зиёд аст ва моле, ки дар кишвар истеҳсол мешавад, бояд қимати аз ин камтар дошта бошад.
Ба андешаи  худи истеҳсолкунандагон  бошад, моли онҳо нисбат ба маҳсулоте, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад, арзонтар аст. 
- Имсол  барои хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ  30 навъи либоси мактабиро  истеҳсол  намудем, -  мегӯяд Абдуманнон Абдуллоев, ҷонишини директори ҶДММ «Нассоҷии тоҷик». - Нархи либосҳо вобаста ба матоъ, модел ва навъашон аз ҳам фарқ мекунад. Бо вуҷуди ин, қиматашон нисбат ба либосҳои мактабие, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, поинтар аст.
Аз суҳбати телефоние, ки бо баъзе аз роҳбарони шуъбаи маорифи навоҳии кишвар доштем, маълум шуд, ки барои таъмини мактабиён бо либоси ягона ва кам намудани хароҷоти волидайн ба ин мақсад, либосҳои мактабӣ дар корхонаҳои маҳаллӣ омода мешаванд.
- Барои хонандагони то синфи 4 нархаш 40 ва барои хонандагони синфҳои болоӣ 80 сомонӣ муқаррар гардидааст, - мегӯяд Адолат Буриева, директори мактаби № 24- и ноҳияи Фархор.
Ба андешаи ӯ ин арзиш барои як хонанда чандон баланд нест. Аммо, вақте дар оила 3 ё 4 нафар мактаббача таҳсил мекунад, дар натиҷа барои харидории либоси мактабӣ мушкилӣ пеш меояд. 
Бояд иқрор шуд, ки корхонаҳои маҳаллӣ ҳанӯз барои иҷрои пурраи ин талабот омода нестанд. Албатта, дар мавриди дӯхти либоси мактабии духтарон мушкилии ҷиддие мавҷуд нест. Аммо аз сабаби набудани мутахассис  дӯхти либоси мактабии писарон, яъне шиму костюм,  роҳандозӣ нашудааст. Аз ин рӯ, ҳамасола  барои пурра қонеъ намудани талаботи писарон бо либоси мактабӣ маблағҳои зиёде  аз қаламрави мамлакат берун мераванд. Ин мушкилӣ  дар аксар ноҳияҳои кишвар ҳанӯз ҳам ҳалношуда боқист.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2016    №: 168    Мутолиа карданд: 1656

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед