logo

ҳуқуқ

ОИЛА. БУНЁДИ ОН МАСЪАЛАИ ШАХСӢ ВА Ё ХОҲИШИ ПАДАРУ МОДАР НЕСТ…

Пӯшида нест, ки халқи тоҷик ба низоми волоияти қонун ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ даст ёфт. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, дар заминаи дигаргуниҳои сиёсию иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба  ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Зимнан, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  низ дар асоси рушду такмили қонунгузорӣ,  таҷрибаи умумиҷаҳонӣ, бо назардошти суннатҳо, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ бо ворид намудани тағйиру иловаҳо такмил ёфтанд. Яке аз чунин санадҳои муҳими ҳуқуқии кишвар  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тағйиру иловаҳое, ки 15 марти соли равон ба ин кодекс ворид гардиданд, дорои аҳамияти вижа мебошанд. 

Масалан, мувофиқи сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтуми моддаи 14 ақди никоҳ «-байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар; -байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян; - байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд; - байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд» манъ карда шудааст. Ё, дар моддаи 15 омадааст, ки: «1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пеш аз бастани ақди никоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳали зист ё истиқомати доимӣ аз муоинаи тиббии ҳатмӣ ба таври ройгон мегузаранд ва онҳо бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос карда мешаванд. 2. Машваратдиҳӣ оид ба тарзи солими ҳаёт, танзими оила ва таъсири бемориҳо ба саломатии насл аз ҷониби муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳали зист ё истиқомати доимӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад».
Ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила ба дунё овардани насли солим, пешгирии таъсири бемориҳо ба саломатии насл, дар маҷмӯъ муҳайё намудани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат мебошад. Ҳуқуқдонон ва коршиносони соҳаи иҷтимоӣ дар ин самт санҷишу таҳлилҳои вижа гузаронда, як қатор мушкилот ва камбудиҳои ҷиддиро ошкор намуданд. Ин мушкилот, пеш аз ҳама, ба дунё омадани фарзанд бо нуқсонҳои модарзодӣ, аз қабили шалӣ, кӯрию гунгӣ, бемориҳои системаи асаб, рӯҳӣ, нутқ ва шунавоӣ, инчунин номутаносибии ҷисм мебошанд, ки дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ ва бемориҳои ирсӣ ба амал омада, ба генофонди миллат ва сифатҳои беҳтарини азалии инсонии тоҷикон - ҷисми неруманд, қомати баланд, ҳусни зебо, ақли расо зиёни ҷиддӣ расондаанд ва дар баъзе мавридҳо ин сифатҳоро барҳам задаанд. Тибқи омӯзишу таҳлили табибон имрӯз дар шаҳру деҳоти Панҷакент 776 маъюби то 18 - сола сабт шудааст, ки 188 нафарашон аз издивоҷи хешутаборӣ ба дунё омадаанд.
Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи муҳимтарини падару модарон ва ҷавонон аст.   Зеро барои бунёди оилаи мустаҳкам ва ба дунё овардани насли солим, пеш аз ҳама, онҳо масъул ҳастанд. Моҳияти аслии тағйиру иловаҳои воридгардида аз он иборат аст, ки минбаъд бунёди оила танҳо масъалаи шахсӣ, хоҳиши  падару модар ва ё ҷавонон набуда, балки вазифаи қонунӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад.
Авазҷон НАЗАРЗОДА,
прокурори шаҳри Панҷакент,
мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2016    №: 168    Мутолиа карданд: 3020

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед