logo

иҷтимоиёт

АГАР МУНОСИБАТ ҲАМИН БОШАД...

СУХАН ДАР БОРАИ МУШКИЛОТИ “ТОҶИКТЕЛЕКОМ” ДАР ВМКБ МЕРАВАД
Дуздии ноқилҳои алоқаи телефони хонагӣ вақтҳои ахир дар шаҳри Хоруғ авҷ гирифтааст. Ин ҳолат сабаби қатъи алоқа ва норизоии сокинон аз хизматрасонии номуназзами Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиктелеком” шудааст.
Бино ба маълумоти Зафар Буттабеков, сардори ин ниҳод, чанде пеш дар маҳаллаи Ниводак дар масофаи 900 метр кабел ба яғмо бурда шуд, ки  дар натиҷа 360 хоҷагии шаҳр аз  ҷумлаи муштариёни ҷамъият аз  алоқаи муқаррарӣ маҳрум гардиданд. Моҳе пеш ҶСШК “Тоҷиктелеком” бо қувваи  худ дар тамоми  маҳаллаҳои шаҳр алоқаи телефониро барқарор намуд. Аммо дере нагузашта боз дар маҳаллаи назди табобатхонаи вилоятӣ 833 метр кабелро дуздиданд, ки зиёда аз 400 хоҷагӣ  бе хати алоқа монд. Чунин ҳолати нангину зараровар дар маҳаллаҳои Чухтхоруғ, Тирчид, Хоруғи Боло, Селхозтехника ва Боғи Наботот низ ба мушоҳида расид. Умуман, дар ин миён 2 ҳазору  345  метр кабел дуздида шуда, ба муассиса наздик ба 70 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расид. 
Ба гуфтаи Зафар Буттабеков, дуздидани симу кабелҳои телефон,  мутаассифона,  ягона   сабаби  костагии  хизматрасонии  алоқа дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда наметавонад. Буридани дарахтон ва кандани замин низ дар ҷойҳое, ки шабакаи  алоқаи телефон мегузарад, боиси кандашавии симу кабел ва қатъшавии алоқа мегардад. Дар  ин  бора муассиса чандин маротиба ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат кардааст. Аммо ҳанӯз ҳам вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд. Дуздони моликияти ҷамъиятӣ худро аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фориғ ҳис карда, кори авбошонаи худро давом дода истодаанд. Зафар Буттабеков ҳамчунин гуфт, ки ҶШСК “Тоҷиктелеком” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз офатҳои табиӣ низ хисороти зиёд  мебинад. Танҳо  дар  соли  2015  бар асари  офати  табиӣ ба ҷамъият  беш  аз  900 ҳазор сомонӣ зарар расидааст. Мушкил  он  аст, ки  ин  хисорот аз ҷониби ягон ниҳод ҷуброн карда намешавад. Ин дар ҳолест, ки “Тоҷиктелеком” дар вилоят яке  аз корхонаҳои калонтарин ба ҳисоб мерафт ва садҳо  корманд  дошту  дар  тамоми  қаламрави вилоят сокинон ва идораву  муассисаҳо  аз  хизматрасониаш  бархӯрдор  буданд. Ҳоло "Тоҷиктелеком" беш  аз пеш мавқеи худро дар назди ширкатҳои алоқаи мобилии дар вилоят фаъолиятдошта аз даст дода, мувоҷеҳ ба касодист. Ҳаҷми умумии хизматрасонӣ дар Ҷамъияти саҳомии «Тоҷиктелеком» 406,4 ҳазор сомониро ташкил  медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 79 ҳазор сомонӣ кам аст. Қарзи дебитории корхона айни ҳол аз 385 ҳазор сомонӣ гузаштааст. Ба гуфтаи  сардори  корхона,  аз  ин  ҳисоб 26  фоиз ба идораву ташкилотҳои низомиву  қудратӣ ва 20 фоиз ба  мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва худидоракунии деҳот рост меояд. Агар муносибат ба муассиса ҳамин тавр идома ёбад, он  рӯз  дур  нест, ки  ҶСШК “Тоҷиктелеком” дар   ВМКБ муфлис  гардад ва  боқимонда мизоҷонашро низ аз даст диҳад. Вазъи  муассиса  маълум  аст, вале  саволи  матраҳ  ин  аст, ки ба ҷойи он кадом ниҳод хизматрасонии алоқаи муқаррариро ба ҷо  меоварда бошад? Бинобар  ин,  ҳоло, ки дер нашудааст,  ба корхона ёрӣ расондан зарур аст. Агар  дасти  ёрӣ кӯтаҳӣ кунад, ақаллан зарар нарасонем ва маблағҳои истифодаи хидмати  алоқаро  сари  вақт  пардохт  намоем, то ки  муассиса  тавонад  ягон  каму  кости  худро  барорад.

Р. ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2016    №: 168    Мутолиа карданд: 1435

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед