logo

иқтисод

САНГВОР - ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ

Ҳиммати ҒАЙРАТ,
 раиси ноҳияи Сангвор

Бисту панҷ сол пеш миллати куҳанбунёд ва сарбаланди  тоҷик ба дастоварди бузург - Истиқлолияти давлатӣ ноил гардида, соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ шуд. Инак, мо  25 - умин солгарди ин  рӯйдоди муборак ва таърихиро  бо ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.  Баробари ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ ноҳияи Сангвор низ аз нав ташкил ёфта, он ҳамқадами замони истиқлол мебошад.

Миллати тоҷик дар тӯли беш аз ҳазор сол пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлолияти он талош мекард. Бо ҳукми тақдир ба мо муяссар гардид, ки ба орзую ормони деринаи  худ расем. Бисту панҷ сол аст, ки Тоҷикистон - ин диёри арҷманди мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифу сарбаланди кишвар барои сарсабзию хуррамии он пайваста талош доранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо тавонистем Ватанамонро обод ва мардумонашро шод гардонем. Масалан, ҳоло ба шарофати соҳибистиқлолӣ маркази ноҳияи Сангвор симои худро тамоман дигар кардааст. Биноҳои хуштарҳу замонавӣ диққати бинандаро ба худ ҷалб месозанд. Рӯз ба рӯз кӯчаву маҳаллаҳо зеботару дилкаштар гардида истодаанд.
Бунёди хатҳои оби ошомиданӣ,  каналҳо ва пулҳои мошингарду пиёдагузар, муассисаи таълимӣ,  синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ самараи Истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Тайи солҳои 1998 - 2015 - ум  255 иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки 44 адади он ба муассисаҳои таълимӣ, 60 ба соҳаи обрасонӣ, 27 - тандурустӣ,  4 - фарҳанг ва 120 иншоот ба дигар соҳаҳо рост меояд. Соли гузашта бо фармоиши Дирексияи сохтмони  иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  4 километр роҳи маркази ноҳия ба маблағи 3 миллиону 892 ҳазор сомонӣ мумфарш гардида, дар чорроҳаи он чароғаки роҳнамо гузошта шуд. Бо назардошти хеле дур будани деҳаҳо аз маркази ноҳия, се ҷамоати деҳоти нав - Чилдара, Вахиё ва Ваҳдат ташкил гардид.
Cиёсати созандаю бунёдкоронаи пешгирифтаи давлату Ҳукумат дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа татбиқи амалӣ пайдо намуда, натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли сипаришуда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 5 ҳазору 206 тонна ғалладона,   12 ҳазор тонна картошка, 958 тонна сабзавот, 1192 тонна мева,   1 ҳазору 84 тонна гӯшт,  8 ҳазору 552 тонна шир, 289 тонна асал  ва 1 миллиону 778 ҳазор  дона тухм истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс ба соли 1991 ба таври назаррас афзуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Масалан, агар соли 1991 дар ноҳия ҳамагӣ 15 муассисаи таълимӣ  фаъолият мекард, ҳоло теъдоди онҳо ба 59 расидааст.   Дар ин давра хонандагон пурра аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо ба мактабҳои хуштарҳу замонавӣ гузаштанд. Ҷиҳати  татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012 - 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва тасдиқ гардида,  дар назди 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  маркази инкишофи кӯдакони томактабӣ  таъсис ёфт, ки ба онҳо зиёда аз 200 нафар ҷалб карда шуданд.
Аз соли 1997 ба ин сӯ  335 нафар, аз ҷумла 200 нафар  духтар тариқи Квотаи президентӣ ба мактабҳои олӣ дохил шуда, 216 нафар баъди хатми онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият доранд. 119 нафари дигар таҳсилро давом дода истодааст. Аз соли 1995 дар ноҳия литсейи касбӣ - техникӣ ва аз соли 2003 филиали Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Сангвор  фаъолият дошта, садҳо нафар касбу ҳунарҳои гуногунро азхуд намуд.
Соҳаи тандурустӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятнок барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронда шудааст. Соли 1991 дар соҳаи тандурустии ноҳия ҳамагӣ як беморхонаи марказӣ, як дармонгоҳ, ду беморхонаи қитъавӣ ва се бунгоҳи тиббӣ фаъолият дошт.  Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ айни замон, дар соҳаи мазкур як беморхонаи марказӣ, ду минтақавӣ,  маркази саломатии ноҳиявӣ, чор маркази саломатии деҳот, 22 бунгоҳи тиббӣ, чор дорухонаи шахсӣ ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. 
Дар ноҳияи Сангвор ба рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Қасри фарҳанг барои 438 ҷойи нишаст ба истифода дода шуда, дар ҳудуди ноҳия театри халқӣ, боғи фароғатӣ, ду хонаи фарҳанг, ду клуб  ва шаш китобхона фаъолият дорад. Захираи умумии китоб дар китобхонаи бахши фарҳанги ноҳия 18 ҳазору 877 ададро ташкил медиҳад. Бахши фарҳанг дар гузарондани тамоми чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона дорад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бобати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 декабри соли 1999, № 5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” тадбирҳои амалӣ андешида истодааст. Дар ноҳия дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ ду нафар бону соҳиби таҳсилоти олӣ буд, ҳоло ин шумора ба  206 нафар расидааст.
Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии ноҳияи Сангвор хеле зиёданд. Сокинони ноҳия бо шукргузорӣ  аз замони соҳибистиқлолии мамлакат, ифтихор аз Ватану ватандорӣ  дар фазои орому осоиштаи диёрамон зиндагӣ ва кору фаъолият дошта, баҳри  сазовор истиқбол гирифтани  25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  саъю талош доранд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2016    №: 168    Мутолиа карданд: 1498

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед