logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. ОМОДАГӢ БА МАРҲИЛАИ ЧОРУМ

Дар марҳилаи  сеюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа беҳтарин дониста шуд.

Ба иттилои Зафар Файзуллоев, котиби комиссияи мусобиқа дар вилоят, оилаи  Сафаралӣ Ҳалимов, сокини Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтар ҷойи беҳтарин, оилаи Гулмаҳмад Сангов, сокини Ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон ҷойи якум, оилаи Маҳмадшариф Шарифов, сокини Ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон  ҷойи дуюм ва  оилаи Муҳриддин Мирзоев, сокини Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ   ҷойи сеюмро сазовор гаштанд.
Ҳамин тавр, хонаи Исмоил Рустамов воқеъ дар кӯчаи “Известия” - и шаҳри Норак ғолиби ҷойи беҳтарин, хонаи Абдураҳим Тоиров, аз деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун сазовори ҷойи якум, хонаи Абдулмумин Ятимов, аз деҳаи  Хуррамзамини Ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор лоиқи ҷойи дуюм ва хонаи Қурбон Латифов, аз Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Маҳаллаҳои ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ҷойи беҳтарин, Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод ҷойи якум, Пашори Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ ҷойи дуюм ва  маҳаллаи Синои Ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ғолиби ҷойи сеюм гардид.
Аз деҳаҳо Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон ба ҷойи беҳтарин, Кангурти Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷойи якум,  Қубодиёни Ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён ҷойи дуюм ва Баҳори Ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав ба ҷойи сеюм сарфароз шуданд.
Дар байни ҷамоатҳо вобаста ба пешрафти соҳаҳои  иқтисодию иҷтимоӣ ва ободонӣ Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ ғолиби ҷойи беҳтарин, Лолазори ноҳияи Данғара сазовори ҷойи якум, Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиби ҷойи дуюм ва Ховалинги ноҳияи Ховалинг лоиқи  ҷойи сеюм дониста шуданд. Ба ҳамин минвол Ҷамоати шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара ғолиби ҷойи беҳтарин, Вахши ноҳияи Вахш сазовори ҷойи якум, Фархори   ноҳияи Фархор соҳиби ҷойи дуюм ва  Шаҳритузи ноҳияи Шаҳритуз барандаи ҷойи сеюм шуд.
Ноҳияи Ёвон бо дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва созандагӣ ҷойи беҳтаринро ба даст овард. Ҳоло ноҳияи номбурда барои пирӯзӣ дар марҳалаи чоруми мусобиқа талош дорад. Ноҳияи  Бохтар низ аз ҷиҳати пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ муваффақиятҳои чашмрас дошта, ҷойи якумро комёб гашт. Ноҳияҳои  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сазовори ҷойи дуюм ва Ҷайҳун сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Шаҳри Қӯрғонтеппа дар байни шаҳрҳои вилоят аз рӯйи биноҳои хуштарҳи маъмурию истиқоматӣ, тозагии маҳал, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ҷойи беҳтарин, Кӯлоб ҷойи якум, Сарбанд ҷойи дуюм ва  Норак   ҷойи сеюмро  ба даст оварданд.
Дар байни мақомоти давлатӣ раёсати минтақавии гумруки вилоят барандаи ҷойи беҳтарин, беморхонаи клиникии вилоятӣ ба номи Бӯрӣ Воҳидов сазовори ҷойи якум, раёсати андоз  ҷойи дуюм ва раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят  ҷойи сеюмро комёб гардиданд.
Маросими супурдани мукофот  ба ғолибон дар арафаи таҷлили Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар маркази вилоят – шаҳри Қӯрғонтеппа доир мегардад.

Зокир ҲАСАН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2016    №: 168    Мутолиа карданд: 1508

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения

Дар Париж ба барҷастатарин занҳои олим арҷгузорӣ намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед