ҳуқуқ
ОИЛА. ЗӮРОВАРӢ ХУШУНАТ АСТ
Мувофиқи маълумоти Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 30249 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3135 - то кам мебошад. Дар баробари ин, бекор кардани ақди никоҳ низ коҳиш ёфта, 4524 ҳолатро ташкил дод.
Боиси тазаккур аст, ки солҳои қабл бо сабаби ҷой доштани хушунату зӯроварӣ оилаҳои ҷавон барҳам мехӯрданд. Вале хурсандибахш он аст, ки дар натиҷаи аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила роҳандозӣ гаштани як қатор чорабиниҳо пошхӯрии оилаҳо сол ба сол камтар мешавад.
Масалан, бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳфилҳо ташкил шуданд. Дар ин маҳфилҳо ба иштирокчиён одоби муошират, муносибати байниҳамдигарӣ аз нуқтаи назари равонӣ, баланд бардоштани маданияти рӯзгордорӣ, расондани ёрии таъҷилии тиббӣ, ҳуқуқи зан аз нигоҳи қонун ва шариат омӯзонда шуд.
Дар баробари ин, бо дастгирии Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) Филиали GOPA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони Кумита ва зерсохторҳои он дар мавзӯъҳои «Нақши мақомоти кор бо занон ва оила дар ҳалли масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ» семинар - машварат баргузор гардид. Дар семинар масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ ва оқибатҳои он, усулҳои кор бо ҷабрдидагон, аз ҳолати равонии ногувор баровардани шахсони ҷабрдида баррасӣ гардида, ба иштирокдорон роҳу усулҳои гуногуни ҳалли ин мушкилот фаҳмонда шуданд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки Кумитаи кор бо занон ва оила бо роҳандозии чорабиниҳои гуногун дар самти рафъ намудани ин мушкилиҳо ба натиҷаҳои назаррас муваффақ хоҳад гашт.
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.08.2016 №: 169 Мутолиа карданд: 3529