logo

иҷтимоиёт

МАНЗАЛАТ. СУХАН ДАР БОРАИ ФАЪОЛЗАНОНИ КӮЛОБ МЕРАВАД

Тайи солҳои  соҳибистиқлолӣ  Ҳукумати мамлакат ба масъалаи дастгирии занону модарон ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа чораҳои мушаххас рӯйи кор оварда, иштирокашонро дар тамоми ҷанбаъҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиёти кишвар муҳим медонад.
Боиси тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 аъзои Комиссияи  СММ оид ба мақоми зан гардид, ки ин худ нишонаи амиқи талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар масъалаи муаррифӣ намудани мақоми занон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар замони кунунӣ иштироки занҳо дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ эҳсос карда мешавад. Зани тоҷик дар баробари шинохти мақому манзалати хеш дар сохторҳои мухталифи давлат фаъолият мебарад. Бояд қайд намуд, ки он кишвар ё ҷомеае, ки арзишу мақоми ин қишри ҷомеаро эҳтирому пос медорад, аз фарҳанги баланде бархӯрдор аст. Имрӯз занони кишвар ҳуқуқи ширкат дар ҳама сохторҳои давлатиро соҳибанд ва кам нестанд теъдоди занони сиёсатмадор, ки дар умури давлатӣ кору фаъолият мебаранд.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ куҳантарин махзани илму маърифат дар минтақа буда, дар тарбияи насли наврас саҳми босазо дорад. Айни ҳол дар ин донишгоҳ  аз ҳисоби занҳо 155 нафар ба ҳайси устодон ба таълиму тарбияи ҷавонон машғуланд. Аз ин миқдор 16 нафар занони унвони  илмидошта буда, аз онҳо 1 нафар доктори илм, 8 нафар дотсентон ва 7 нафар номзадҳои илм мебошанд. Дар баробари  ин, 3 нафар олими донишгоҳ гирандаи стипендияи раиси вилоят буда, 21 нафар   дар шуъбаи аспирантура ба тадқиқоти илмӣ машғуланд. Барои таъмини заминаи илмии донишгоҳ дар бахши магистратура 32 нафар донишҷӯдухтарон таҳсил мекунанд.
Боиси ифтихор  аст, ки дар арафаи ҷашни 70 - солагии донишгоҳ як зумра бонувони донишгоҳ бо мукофотҳои давлатӣ мушарраф  гардиданд.  2 нафари онҳо дар вазифаи ноиби ректор, 3 нафар дар вазифаи декани факулта ва 15 нафар дар вазифаи мудирони кафедраҳои донишгоҳ ва мудирони шуъбаҳо кору фаъолият доранд.
Дар донишгоҳ кам нестанд  донишҷӯдухтароне, ки бо дониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намуда, дар баробари ин, дар ҳама озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва  корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзанд.
Раёсати донишгоҳ  дар робита ба амалӣ гардонидани сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ҷиҳати таъйин намудани занону бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.

Д. САЙДАҲМАДОВА,                                                 
ноиби ректори Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб                                               
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2016    №: 169    Мутолиа карданд: 1788

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед