logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДИНӢ

Бо эҳсоси баланди шукргузорӣ ва қаноатмандӣ бояд эътироф кард, ки соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурии мо гардиши сифатан тозае ворид намуд.  Тӯли ин солҳо дар сиёсати фарҳангсолорӣ ва маърифатпарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талошҳои пайгирона доир ба тарҳи нав андохтани ҳаёти динӣ ҳамеша ҷойгоҳи сазовор доштааст. Муқаррароти калидии ин сиёсат иборат аз он будааст, ки тамоми шаҳрвандони кишвар дар фарҳанги рафтор, пешбурди роҳи зиндагӣ ва адо намудани фаризаҳои динию мазҳабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон бартарият диҳанд, аз тақлиди кӯр - кӯрона, худнамоӣ, булҳавасӣ ва ноогоҳона пайравӣ кардан ба меъёрҳои фарҳангию эътиқодии дигарон дурӣ ҷӯянд.

Баъд аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон платформаи идеологӣ, сиёсӣ ва сохтории муносибати давлат ба дин куллан тағйир ёфт. Барҳам хӯрдани иқтисодиёти планӣ нуфузи идеологияи марксизм-ленинизм ва атеизми илмиро ҳам аз байн бурд. Дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ буҳрони иқтисодӣ ва халои сиёсии бузург ба вуҷуд омад. Дар ҳамин вазъияти парокандагӣ ба ҳар кишвар зарурат пеш омад, ки роҳи рушди ояндаи худро муайян кунад. Дар Тоҷикистон се неру – сохтори мавҷудаи ҳокимияти давлатӣ, зиёиёни миллатгаро ва рӯҳониёни исломгаро ба саҳнаи муборизаи сиёсӣ ворид шуданд.
Маълум аст, ки ҳар гуна гузариш бунёди инфрасохтори ба худ созгор, аз ҷумла дар бахши ҳаёти диниро тақозо менамояд. Дар оғози истиқлолият дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид вуҷуд дошт, ки онҳо дуруст фаъолият намекарданд. Мушкилиҳои сиёсӣ ва вазъи ноороми амниятӣ – ҷанги дохилии шаҳрвандӣ ва вазъи ноороми Афғонистон барои мутобиқ шудан ба шароити нав имкон надоданд. Солҳои 1992-97 роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф намуд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва динию мазҳабиро дар доираи қонунгузории давлати дунявӣ ба танзим даровард. Дар натиҷа «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва ҳаёти динии ҷомеа як идда санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул намуд ва ниҳодҳои сохторӣ ташкил шуданд. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламои Маркази исломӣ, Донишкадаи исломӣ ба номи Имоми Аъзам ва гимназияҳои таълими динӣ барои ҳамоҳанг намудани равандҳои ҳаёти динӣ ва таълиму тадқиқоти масоили диншиносӣ ва исломшиносӣ таъсис ёфтанд. Ҷиҳати таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон таъсис ва бунёди иттиҳодияҳои динӣ, масҷидҳо, мадрасаҳо, тармими ҷойҳои мукаддас ба роҳ монда шуд ва он ҳамчун оғози гардиши нав дар ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф гардид. 
Табъу нашри адабиёти хусусияти илмӣ-динӣ ва мазҳабӣ-маърифатӣ дошта масъалаи муҳим маҳсуб мешуд. Нахуст маводи аввалия дар шакли китобчаҳои хурд ба табъ расиданд, ки барои дуруст маънидод кардани заруриёти динӣ ва аркони асосии ислом лозим буданд. Сипас, Ҳукумати кишвар ба нашри осори исломӣ иқдом намуд. Нахуст сарчашмаҳои муҳими илмӣ-динӣ - “Таърихи Табарӣ”, “Кимиёи саодат”, “Эҳёи улуми дин”, “Маснавии Маънавӣ”, “Равзат - ус - сафо” ва девони комили як идда шоирони классикӣ ба мардум пешниҳод гардид. Ин тадбирҳо барои пешгирии ифротгароӣ ва сиёсикунонии ислом нақши муҳим бозиданд. Пас аз ин чопи тарҷумаи Қуръону аҳодис ва осори илмии Имоми Аъзам Абӯҳанифа дастраси оммаи васеи хонандагон гардид, ки барои боло бурдани сатҳи маърифати динӣ ва оромии ҷомеа мусоидат карданд.
Акнун барои анҷом додани анъанаву маросим ва таҷлили иду ҷашнҳои динию миллӣ – Наврӯз, иди Фитр, иди Азҳо, Меҳргон, Сада шароити хуб фароҳам оварда шуд. Таҷлили бузургдошти Имоми Аъзам – асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои тоҷикон дар соли 2009 воқеан исбот кард, ки тоҷикон миллати фарҳангсолор ва пуштибони арзишҳо ва муқаддасоти воқеии дини мубини ислом ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ ба зиёдаравӣ ва ифротгароии динӣ роҳ намедиҳанд. Бозгашти ҷашни Наврӯз ба ҳаёти мардум мувозинати некуи арзишҳои миллӣ ва диниро дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон таъмин намуд. 
Дар баробари ин, ҷои таъкид аст, ки проблемаҳо ва хатарҳои ҳалталаб низ мавҷуданд. То ҳанӯз саводнокӣ ва маърифати динии оммаи мардум ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Андешаҳои бегона аз ҷониби толибилмони донишгоҳ ва мадориси динии хориҷӣ ба хотири тасарруфи фазои динӣ ва коҳиш додани арзишҳои мероси динӣ-мазҳабии ниёгон роҳандозӣ мешавад. Идома ёфтани гароиши ҷавонони ноогоҳ ба сафи фирқа, созмон, аҳзоб ва ҷунбишҳои бегонаи ифротӣ ба ваҳдати динию эътиқодӣ ва оромии ҷомеа хатари ҷиддӣ ворид месозад.
Ёдовар шудан зарур аст, ки мавқеи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар ба дини ислом комилан некбинона аст. Ислом ба терроризм ягон робита надорад. Бинобар ин, дар кишвари мо мубориза бо терроризм набояд ба маънои мубо¬ри¬за бо дини ислом фаҳмида шавад, зеро терроризм дин, миллат, мазҳаб ва Ватан надорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти мураккаб ба таҷрибаи сулҳ ва консепсияи ваҳдати миллӣ такя мекунад. Бо назардошти ин, моро зарур аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ, пойдории сулҳу субот ва таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишварамон тамоми имкониятҳои мавҷударо аз ҳамин дидгоҳ истифода барем.

Файзулло БАРОТЗОДА,
директори Маркази исломшиносӣ 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2016    №: 169    Мутолиа карданд: 1789

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед