logo

иқтисод

МОИ "СУҒД" ВА "МО" - И МИЛЛАТ

Инак, чоряк аср мешавад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона аз пайи пиёда кардани ҳадафҳои стратегии хеш мебошад, ки мақсади олии ниҳоии он давлати пешрафта бо мардуми рӯзгораш шоиста аст. Шарти ҳалкунанда барои ба ин мақсад расидан иқтисоди рушдкарда мебошад ва барои онро ба ин дараҷа расондан роҳбарияти ҷумҳурӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро меандешад. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки маҳз дар давраи соҳибистиқлоли арзи вуҷуд кардаанду дар ояндаи наздик бояд локомотиви (муҳаррики) иқтисоди миллӣ гарданд, аз ҳамин ҷумлаанд.
“Ҷумҳурият” дар иртибот ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ тасмим гирифт, дар бораи фаъолият ва дастовардҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки айни замон дар Хуҷанд, Данғара, Панҷ ва Ишкошим амал мекунанд, нақши онҳо дар пешрафти иқтисоди ҷумҳурӣ, афзунсозии иқтидори содиротии кишвар, тавсеаи корбасти технологияҳои навтарин, рақобатпазирсозии молҳои ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва дар ниҳоят, таъсири мусбати онҳо ба болоравии сатҳи рӯзгори аҳолӣ ба хонандагони хеш ҳикоят созад. Инак, аввалин нашри махсус, ки аз минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” омода шудааст, манзуратон мегардад.

“Суғд”. Маконе, ки бизнес рушд мекунад
Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  № 227 аз 2 майи соли 2008 таъсис ёфтааст. Он ҳудуди маҳдудест бо мақоми вижаи ҳуқуқӣ ва шароитҳои имтиёзноки иқтисодӣ барои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ. Барои ба таъбири халқ “ғалбер аз об бардоштан”, ки тӯли солҳои гузашта ин соҳибкорон ба чӣ комёбиҳо ноил гаштанд, суҳбате доштем бо сардори маъмурияти МОИ “Суғд” Фирдавс АЛИМОВ.

- Мову Шумо дар остонаи ҷашни пуршукӯҳ - чоряк асри Истиқлолияти Тоҷикистони азиз қарор дорем. Маҳз ҳамин дастоварди бузургтарини таърихии халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси сулҳу амн дар кишвар, меҳнати бунёдкорона, рӯ ба тараққӣ доштани диёр гаштааст. Маҳз истиқлолият бори нахуст имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар пиёдасозии сиёсати иқтисоди миллӣ озод бошад ва барои рушди он дар асоси таҷрибаи пешқадами кишварҳои мутараққӣ бо назардошти хусусиятҳои миллӣ самт ва шаклу усули пешбурди онро муайян созад. Мисоли барҷастаи ин бунёди чор минтақаи озод аст, ки яке аз онҳо дар Хуҷанди бостонӣ амал мекунад.
- Дар ҳақиқат, тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ собит кардааст, минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакатҳо нақши муассир бозидаву мебозанд. Дар як мавзеи муайян мутамарказ сохтани иқтидорҳои истеҳсолӣ, технологӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, инфрасохторӣ, фароҳам овардани имтиёзҳои андозу гумрукӣ, бешак, имкон медиҳанд, ки дар соҳаҳои интихобкарда натиҷаҳои баланд ба даст оварда шаванд. Аз ин рӯ, тасмими Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташкили чунин минтақаҳо агар аз як тараф боз як намунаи дурандешию нозукбинии иқтисодияшон бошад, аз тарафи дигар василаи ба сатҳи баландтар бардоштани тамоми иқтисоди миллист.
Боз як нуктаро зикр кардан мехоҳам. Аз соли 2012 то ба имрӯз Сарвари давлат борҳо ба МОИ “Суғд” омада, корхонаҳои нав мекушоданд, бо истеҳсолот шинос шуда, зимни суҳбат бо роҳбарону коргарони ширкатҳо маслиҳатҳои судманд медоданд. Яъне раванди ташаккули минтақаҳои озод, ки ояндаи иқтисоди миллиро муайян хоҳанд кард, дар мадди назари доимии Президенти мамлакат ва дастгирию ғамхорияшон мебошад. Ҳар сафарашон боиси ифтихору сарбаландии мост ва дар баробари ин, масъулиятамонро меафзояд, ки барои ширкатҳо шароити фаъолиятро ҳарчи беҳтар созем.

- Ҳангоми суҳбат роҳбарони ширкатҳои МОИ аз таъкидҳои Сарвари давлат ёдовар мешуданд, ки сиёсати иқтисодии имрӯза дар шароити буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ, ки ба иқтисоди мо низ бетаъсир нест, дар марҳилаи аввал роҳандозии истеҳсолоти воридотивазкунанда мебошад. То ки аввал бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хушсифату арзон сероб карда, воридот коҳиш дода шавад.
- Ба ин ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, техникаю технологияҳои навтарин, ташкили ҷойҳои нави кор, пайваста зиёд кардани содироти молҳои рақобатпазири ватанӣ ба бозорҳои хориҷиро метавон илова кард. Ва имрӯз метавон гуфт, ки корхонаҳои минтақа дар ин самт ба пешравиҳои муайян ноил гаштаанд.

- Зимнан, ҳоло чӣ теъдод ширкатҳо дар минтақа ба қайд гирифта шудааст?
- Айни замон дар қайди МОИ 25 субъект мебошад, аз ин 12 ширкат бо фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва савдо машғул буда, боқӣ дар марҳилаи сохтмон, воридсозии технология, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, ҷустуҷӯи инвеститсия қарор доранд, ки ин раванди табиист.

- Дар ин иртибот саволе ба миён меояд, ки чӣ гуна ширкатҳо, соҳибкорон ва инвесторҳо метавонанд дар ҳудуди минтақаи махсус амал кунанд? Оё ягон хел меъёрҳои интихоб мавҷуданд, ки зимни ҳалли ин масъала маъмурияти МОИ ба эътибор мегирад?
- Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, ки 25 марти соли 2011 қабул шудааст, ин ҷиҳатҳо аниқ муайян гаштаанд. Тибқи он дар назди инвесторҳо ва соҳибкорон барои гирифтани мақоми субъекти МОИ ва мутаносибан бархӯрдоршавӣ аз имтиёзҳои муайянкардаи қонунгузорӣ талаботи муайян гузошта мешавад. Пеш аз ҳама, ҳаҷми инвеститсия.  Барои шурӯъ кардани фаъолияти истеҳсолӣ бояд на камтар аз 500 ҳазор, барои амалиёти воридотию содиротӣ на кам аз 50 ҳазор, хизматрасониҳои мухталиф на камтар аз 10 ҳазор доллар мавҷуд бошад.

- Дар масъалаи воридсозии таҷҳизот чӣ омилҳо ба назар гирифта мешаванд?
- Чун мо намуди саноатию инноватсионии МОИ-ро интихоб кардаем, талаботи асосӣ ба техника ва технологияи воридшаванда аз се сол “калон” набудани он аст, яъне корхонаҳо дар минтақа бояд таҷҳизоти навро истифода баранд. Ҳангоми интихоб бизнес - нақшаҳои довталабоне афзалият пайдо мекунанд, ки молҳои барои ҷумҳурӣ нав ё камчин баровардан мехоҳанд.
Барои рушди соҳаҳои афзалиятнок, ҷалби инвеститсия, дастгирии соҳибкории хурду миёна, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар МОИ “Суғд” низ ба соҳибкорону инвесторони ватанию хориҷӣ шароитҳои махсуси имтиёзноки андозбандӣ ва гумрукӣ фароҳам оварда шуданд, ки дар ҳудуди боқии кишвар чунин нест. Ба таври дигар гӯем, субъектҳои мавҷуда барои фаъолият дар ҳудуди МОИ аз пардохти 8 намуд андоз озоданд. Субъектҳои мо танҳо андози иҷтимоӣ ва андози даромади шахсони воқеиро мепардозанд. Ғайр аз ин, воридоти техникаю таҷҳизот аз хориҷа ва ба хориҷа баровардани маҳсулоти дар МОИ истеҳсолшуда бидуни ситондани боҷи гумрукӣ сурат мегирад. 

- Гузаштҳои ҷиддии давлат ба соҳибкорон. Натиҷаҳои чунин дастгирӣ чӣ гунаанд?
- Маъмурияти МОИ аз августи соли 2010 бақайдгирии субъектҳоро оғоз намуда буд. Аввалин корхонаҳое, ки ба оянда ва барори кори МОИ бовар карданд, ҶММ «Стар Пласт», ҶММ «Насоскомплект» ва ҶММ «Реал» буданд, ки имрӯз низ фаъоланд.
Дар нимсолаи гузашта маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ, хизматрасонӣ ва амалиёти воридотию содиротӣ 33,5 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2015 беш аз 10 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар маҷмӯъ аз соли 2011 то 1 июли соли 2016 ба маблағи 212,57 миллион сомонӣ  маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид. Дар МОИ бештар аз 400 ҷои корӣ ташкил карда шудааст, маоши коргарон ба ҳисоби миёна 1200 сомонӣ мебошад.

- Маҳсулоти минтақа ба хориҷа ҳам бароварда мешавад?
- Бале. Ба бозорҳои Қазоқистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон. Бо минтақаҳои Русия гуфтушунид оид ба ҳамкорӣ идома дорад.
Махсус зикр кардан мехоҳам, ки корхонаҳои “Суғд” бозори дохилиро бо маҳсулоти хушсифату дастрас на танҳо сероб карданд, балки дар бисёр мавридҳо боиси пастшавии нархҳо гаштанд, ки муҳим аст.
Мавзее, ки МОИ “Суғд” ҷой гирифтааст, дар давраи шӯравӣ минтақаи саноатӣ буд. Баъди шикасти ин абарқудрат воҳаи ноободеро мемонд бо биноҳои истеҳсолии “урён”, аммо солҳои охир умри дубора дида, торафт обод мешавад.
Дар ҳалли масоили мухталифи фаъолияти минтақа маъмурияти он дастгирию ёрии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати рушди иқтисод ва савдоро эҳсос мекунад.
Бо ташкили минтақаи озоди саноатию инноватсионӣ ин гӯшаи Хуҷанди бостонӣ симои нав мегирад. Бо маблағҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мекунад, маъмурияти МОИ ба ободсозии он, мумфарш кардани роҳҳои дохилӣ, ташаккули инфрасохтор ва дигар корҳои муҳим машғул аст, то ки шароити фаъолияти соҳибкорон боз ҳам хубтар гардад. Айни замон гуфтушунид бо инвесторони чин ва рус доир ба татбиқи лоиҳаи сохтмони шохаи роҳи оҳани стансияи «Спитамен – МОИ «Суғд» - Истиқлол” давом дорад. Сохтмони роҳи оҳан ба рушди савдои минтақавӣ ва байналмилалӣ ва афзудани имконияти транзитии Тоҷикистон такони нав медиҳад.
Алъон дар МОИ “Суғд” тамоми имконияту воситаҳо ба истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва рақобатпазир равона карда шудааст,  то ки дар бозорҳои хориҷӣ он бо тамғаи “Made in Tajikistan” баёнгари иқтидори рӯзафзуни содиротии диёри азизамон гардад.


“Равзана Пластик”.  Таҳаввулот дар бозори дару тиреза
Нахустин ширкати худро бо номи «Новопласт» соли 2006 ташкил карда будам, ки дару тирезаҳои замонавӣ мебаровард. Соли 2009 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкати «Равзана»-ро таъсис додам бо доираи густурдатари амал: истеҳсоли дару тиреза, сохтмони хонаву иншоот.
Тӯли ин солҳо ҳамеша дар фикри он будам, ки ба умеди ашёи хом - профилҳои хориҷӣ шудан хатост, бояд дар худи ҷумҳурӣ ба истеҳсоли он машғул шуд. Баъди омӯхтани шарту шароитҳои МОИ ба хулосаи қатъӣ омадам, ки ҷои беҳтарин бароямон ҳудуди МОИ «Суғд» аст.
Чор сол инҷониб коргоҳамон дар МОИ «Суғд» фаъолият мебарад ва аз имтиёзҳои пешбинишуда бархӯрдор аст, аз ҷумла, мо расман аз ҳама намуди андозҳо озод ҳастем, ғайр аз андозҳои иҷтимоӣ. Маҳсулоти мо моли ватанӣ эътироф шудааст, ки ин ба мо боз як имтиёз шуд – ҳангоме аз ҳудуди МОИ  маҳсулотро ба бозори дохилӣ ворид мекунем, он аз боҷи гумрукӣ озод аст. Ҳамин тавр, 12 июни соли 2012 ҶДММ «Равзана Пластик» - нахустин дар мамлакат корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ барои дару тиреза ба фаъолият шурӯъ кард. Ман сарбаланду хушбахтам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон онро худ ифтитоҳ намуда, дуои нек доданд.
Як сол пеш аз оғози фаъолияти «Равзана Пластик» ба ҷумҳурӣ 2400 тонна профилҳои пластикӣ ворид шуда буд. Иқтидори солонаи корхона бошад, 5000 тонна профил аст,  ки ин барои истеҳсоли зиёда аз 200 000 метри мураббаъ дару тиреза кофист. Яъне, комилан метавонад ҳам эҳтиёҷи бозори дохилиро таъмин созад ва ҳам ба хориҷа профил барорад. Зикр кардан мехоҳам, ки маҳсулоти мо воридотивазкунанда мебошад, ки ин масъала имрӯз аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар аст.
Дар ҷумҳурӣ садҳо корхонаҳои хурду миёна дару тиреза мебароранд ва ба профилҳои пластикӣ ниёз доранд. Агар солҳои пеш ин ашёи хом аз хориҷа оварда мешуд, акнун баъди ба бозор ворид шудани “Равзана Пластик” ва ду ширкати дигар ин мушкилот аз байн рафт.
Ғайр аз ин, маҳсулоти хушсифату рақобатпазири мо воридсозони профилҳои хориҷиро маҷбур сохт, ки нархи молашонро арзонтар кунанд. Ҳоло нархи дару тирезаҳои пластикӣ дар кишвар нисбат ба 3 - 4 сол пеш 20 дарсад коҳиш ёфтааст. Тақрибан сеяки истеҳсолгарони дару тирезаҳои пластикӣ аз профилҳо бо тамғаи тиҷоратии «Manzil»  истифода мебаранд.
Яке аз омилҳои асосии корхона ин диққати хоса додан ба сифати маҳсулот аст. Ҳар  грамм ашёе, ки ба таҷҳизоти хокатайёркунӣ дохил мегардад, таҳти назорати ҷиддии технологӣ мебошад. Дар истеҳсолот  технологияҳои муосир ва ашёи баландсифати аврупоӣ мавриди истифодаанд. Хокаи ПВХ аз маҳсулоти (аддивит) ширкатҳои Chemson, Kronоs, Dow, LG-chem, Polimer-Chemie, Begra, Mastertec омода мешавад.
Формулаи хамири профилҳои "Мanzil" бо назардошти иқлими гарми Тоҷикистон аз тарафи олимони Маркази илмию тадқиқотии "Ширкати кимиёвии Санкт - Петербург" бо ба назар гирифтани нишондиҳандаҳои иқлимии сӣ соли охири кишвар тартиб дода шудааст. Ғайр аз ин, ҳар ним сол як маротиба намунаҳои маҳсулотро ба лабораторияи шарикони петербургӣ фиристода хулосаашонро мегирем. Аз ин рӯ, мо бо дили пур ба харидорони худ ба маҳсулотамон 25 сол кафолати расмӣ медиҳем.
Боварии комил дорам, ки дар ҳар чор минтақаи озоди иқтисодӣ сол аз сол теъдоди корхонаҳои содиркунандаи моли ватанӣ бемайлон хоҳад афзуд ва дар бозорҳои мамлакатҳои хориҷӣ молҳои рақобатпазир бо тамғаи “Истеҳсоли Тоҷикистон” бештар мегардад.
Илҳом САНГИН,
сардори ҶДММ “Равзана Пластик”
Аз “Ҷумҳурият”:  Соли 2013 Илҳом Сангин дар соҳаи татбиқи технологияҳои      инноватсионӣ дар вилояти Суғд “Соҳибкори беҳтарини сол” дониста шуд. Соли 2014  Агентии Тоҷикстандарт профилҳои "Равзана Пластик" - ро  “Маҳсулоти беҳтарини сол” эътироф кард.


«Силкоат-бойя». Эъҷоз дар олами рангҳо
Соли 2010 дар Истамбул ҳамоиши соҳибкорон бо иштироки президентҳои Тоҷикистон ва Туркия доир гардид ва дастгирии сарони ду кишвар моро ба дурустии иқдомамон дилпур сохту бо шариконамон аз пайи ташкили корхонаи муштарак шудем. «Силкоат-бойя» моҳи июни соли 2011 дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдат ташкил ёфт ва яке аз истеҳсолоти нахустин дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” гардид.
Соле пас Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи мо дидан карданд. Он кас бо истеҳсолоти рангҳои сохтмону ороишӣ, технологияҳои муосир, шароити меҳнати коргарон шинос шуда, бисёр маслиҳатҳои судманд доданд ва махсус таъкид намуданд, ки ба истифодаи ашёи хоми ватанӣ диққати махсус диҳем. Мулоқоти ҳаяҷонбахши таърихӣ моро рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Мувофиқи супориши мазкур дар ноҳияи Ҷаббор Расулов хокаи квартс пайдо карда, пас аз  таҳқиқ дар лабораторияи шариконамон ҷавоби мусбат гирифтем. Дар натиҷа, соли 2013 истеҳсолоти сангмайдакунӣ бунёд кардем, ки барои он хати технологиро шарикони туркамон фиристоданд. Ҳоло ашёи хоми ватанӣ, ки захирааш барои солҳои зиёд кофист, асоси қисми зиёди маҳсулоти корхонаро ташкил медиҳад. Пештар ин ашё аз хориҷа оварда мешуд.
Соли дигар бо дастгирии шарикон ҷорисозии технологияҳои навро давом дода, истеҳсоли маҳсулоти нав - омехтаҳои хушки ороиширо ба роҳ мондем. 70 дарсади таркиби онро ашёи маҳаллӣ ташкил медиҳад. Истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ба арзиши аслии мол таъсири мусбат мерасонад. Аммо бояд махсус таъкид кунам, ки диққати аввалиндараҷаи мо ба сифати маҳсулот равона гардидааст. Барои мувофиқати пурраи маҳсулот ба стандартҳои байналмилалӣ Системаи Менеҷменти Сифат ISO-9001:2008 ҷорӣ карда шуд.
Аз байн муддати зиёд нагузашта бошад ҳам, имрӯз ширкати мо яке аз корхонаҳои асосии соҳа дар ҷумҳурӣ шуда тавонист. Ғайр аз ғанӣ гардондани бозори дохилӣ маҳсулоти  «Силкоат-бойя» ба Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон содирот карда мешавад. Айни замон дар фикри воридшавӣ ба бозорҳои Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳастем. Боварии комил дорем, ки сол аз сол миқдору ҷуғрофияи содироти маҳсулот ба хориҷа афзоиш хоҳад ёфт. Зеро ба ин васила мо на танҳо обрӯи корхона, балки Тоҷикистони азизамонро баланд мебардорем.
Соли гузашта ширкат қариб 3000 тонна ранг ба маблағи 10,5 миллион сомонӣ баровард. Иқтидори истеҳсолии корхона cоле 4500 тоннаро ташкил медиҳад. Ба ин марра расидан кори ояндаи наздик аст, то ки дар шаҳру навоҳии диёри азизамон ва берун аз он тавассути истифодаи рангҳои хушсифати «Силкоат-бойя» дохилу намои теъдоди ҳарчи бештари иншооту биноҳои гуногунтаъйинот, аз ҷумла, манзилҳо ҳусну ҷилои нав пайдо кунанд.
Алишер РУСТАМОВ,
директори генералии КМ «Силкоат-бойя»


“Тоҷпроф”. Аз ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти стандарти аврупоӣ
Аз рӯзи мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи муштараки тоҷикию туркии “Тоҷпроф” зиёда аз се сол гузашта бошад ҳам, ба назарам, ин воқеаи сурурбахш гӯё дирӯзакак буд. Рӯзи мурод - 19 июни соли 2013 бароямон дучанд нишотбахшу хотирмон буд, чунки Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳузури муборак ва сухану маслиҳатҳои хирадмандона ба мо рӯҳу илҳом бахшиданд. Сарвари давлат коргоҳамон, технологияи муосирро бо қаноатмандӣ аз назар гузаронда, бо коргарон суҳбати самимӣ доштанд. Дар рафти он барои рушди истеҳсолоти замонавӣ дастурҳои мушаххас доданд, ки аз пайи иҷрояш ҳастем. 
Барои исботи фикр чанд мисол меорам. Соли 2014, ки буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ шиддат дошт, корхона ба маблағи 11,9 миллион сомонӣ маҳсулот баровард. Соли гузашта бошад, мо ин нишондиҳандаро қариб ба 20 миллион сомонӣ расонда тавонистем. Агар дар соли аввал “Тоҷпроф” 40 коргар дошта бошад, ҳоло 70 нафар дар ду баст бо дили гарм меҳнат мекунанд. Яъне тибқи дастури Сарвари давлат шумораи ҷои корро қариб ду баробар зиёд кардем. Порсол маоши коргарон 1200 - 1290 сомонӣ буд, имсол он аллакай ба ҳисоби миёна 1600 сомониро ташкил медиҳад.  
Ҳоло дар бозори масолеҳи сохтмони ҷумҳурӣ профилҳои алюминӣ бо тамғаи тиҷоратии “Лего” барои дару тиреза бинобар сифати аъло ва нархи дастрас талаботи калон доранд. Агар унсури якуми комёбӣ истифодаи технологияи муосири хориҷӣ ва маҳорати баланди касбии коллектив бошад, омили дигари нархи дастрас доштани профилҳои “Лего” ин истифодаи ашёи хоми ватанӣ - алюминийи аввалияи Корхонаи арзизи тоҷик мебошад. Дар кишвар “Тоҷпроф” аввалин корхонаест, ки истеҳсоли профилҳои алюминиро дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мондааст. Он пештар пурра аз хориҷа, асосан аз Туркия ва Чин оварда мешуд. Ба ибораи дигар, корхонаи муштараки мо истеҳсолоти воридотивазкунанда мебошад, ки дар марҳилаи кунунӣ аввал бояд бозори дохилиро бо ин навъ маҳсулот таъмин созад ва бо фароҳам омадани шароит содироти онро ба хориҷа бештар кунад. Айни замон профилҳои “Лего” ба Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ фурӯхта мешаванд.
Дар “Тоҷпроф” технологияи инноватсионии туркӣ насб карда шудааст. Аз ин рӯ, мутахассисони турк қариб як сол ба кормандони мо тарзи кор бо ин техникаро омӯзонданд. Ҳоло дар тамоми хати технологӣ коргарони баландихтисоси маҳаллӣ бомуваффақият меҳнат мекунанд.
Аз амали корхона вақти зиёд нагузашта бошад ҳам, як нуктаро махсус қайд карданиям. Фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ ва корхонаҳои дар ҳудуди он амалкунанда собит карда истодааст, ки чунин минтақаҳои махсус бо имтиёзҳои зиёди ҳавасмандсозии андоз ва гумрук барои соҳибкорону инвесторони ватанию хориҷӣ фоидабахш аст. Аксарияти ширкатҳои МОИ “Суғд” дар баробари сероб намудани бозори дохилӣ ҳиссаи молҳои содиротиро торафт афзун месозанд. Ин, пеш аз ҳама, шаҳодати он аст, ки минтақаҳои озоди мавҷуда дар ояндаи наздиктарин муҳаррики тавонои рушди инноватсионии иқтисоди миллӣ мегарданд.
Пешорӯ ҷашни пуршукӯҳи 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ истодааст, ки МОИ зодаи ҳамин даврон мебошад. Меҳнати ҳалолу зарбдори ҳар кадомамон дар маҷмӯъ ин дастоварди таърихиро таҳким бахшида, Ватани азизамонро боз ҳам ободтар месозад.
Ҷамшед ҶАЛОЛОВ,
сардори КМ Тоҷикистону Туркия “Тоҷпроф”

«Арча». Навбати бунёди корхонаи мебел аст
Дар миёни ширкатҳое, ки дар МОИ “Суғд” фаъолият доранд, корхонаи  коркарди чӯбу тахтаи “Арча”-и назди ҶДММ “КФ Фортуна ва Ко” бо биноҳои замонавии истеҳсолию маъмурӣ ва саҳни ободу бо салиқаи баланд ородода фарқ мекунад. Муассиси корхона соҳибкори номии вилоят Дадахон Очилов иншооти мазкурро дар муҳлати ҳамагӣ якуним сол бо сарфи 12 миллион сомонӣ бунёд намуд, ки дар он барои истеҳсоли маҳсулоти сатҳи аврупоӣ техникаю технологияи навтарини италиёӣ ва украинӣ насб карда шудааст.
Дигар хусусияти хоси “Арча” истифодаи технологияи бепартов аст, ки ба ин васила аррамайдаю тахтапораҳо дар дегхонаҳои буғӣ барои ҳосил кардани гармӣ ва хушкондани ашёи хом - чӯбу тахта истифода мегарданд. Барои дуруст ва самаранок истифода бурдани техникаи мавҷуда роҳбарияти корхона қабл аз оғози фаъолияти он мутахассисони ҷавонашро ба корхонаҳои ҳамтои Италия, Туркия, Русия ва Украина таҷрибаомӯзӣ фиристод. Зимнан, “Арча” коллективи воқеан ҷавонон аст, зеро синни миёнаи кормандони он 24 - 27 сол мебошад.
Ин ҳама тадбирҳо ба хотири он аст, ки чун ширкат дар ҳудуди МОИ амал мекунад, бояд маҳсулоташ на танҳо хушсифат, ҳамчунин рақобатпазир гашта, ба бозорҳои берун аз ҷумҳурӣ роҳ ёбад. Баъди тафсилоти болоӣ саволи табиӣ пайдо мешавад, ки нияту нақша ва натиҷаи амал то чӣ андоза дар таносубанд? Агар ба назар гирем, ки корхона ҳамагӣ моҳи октябри соли гузашта ба фаъолият шурӯъ кардааст, қадамҳои нахустин воқеан умедбахшанд. Пеш аз чанд далел ба тақвияти ин хулоса овардан як омили муҳими равониро махсус зикр кардан бамаврид аст, ки ҳангоми суҳбат директори генералии корхона Хуршед Ғафуров низ хотирнишон сохт.
- Маросими ифтитоҳи корхона 20 октябр бинобар иштироки шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҳаяҷон ва хурсандию рӯҳбаландӣ гузашт. Сарвари давлат дар ҳаққи соҳибкорони ватанӣ барои ободсозии Ватан ва рушди иқтисоди миллӣ суханҳои нек гуфтанд. Таъкид карданд, ки бояд Тоҷикистонро аз истеъмолкунанда ба истеҳсолкунанда табдил диҳем. Яъне, неруи содиротии онро торафт тақвият бахшем, молҳои рақобатпазир барорем. Ҳамчунин Президенти кишвар аҳамияти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаро барои диёрамон дар вазъияти кунунии буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ қайд карданд, - нақл намуд Хуршед Ғафуров. Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки “Арча” ном гирифтани корхона маҳз пешниҳоди Сарвари давлат аст, ки басо рамзӣ буда, бо миннатдорӣ пазируфта шуд.
Акнун чанд рақам аз натиҷаи амали корхонаи навқадам. Дар шаш моҳи гузашта ба маблағи 2,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Дар ин муддат бо ташкили ҷойҳои нави кор теъдоди аҳли меҳнат қариб ду баробар зиёд карда шуд, яъне наздики 100 нафар. Агар дар ибтидо “Арча” 50 номгӯй маҳсулот мебароварда бошад, ҳоло он қариб ба 200 намуд (дарҳои байниҳуҷравӣ, тирезаҳо, тахтадариҳо, дарҳои элитӣ ва буҷетӣ, профилҳо, ашёи хона, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар маҳсулоти ороишӣ) расонда шудааст. 
Айни замон бо мақсади иҷрои супориши Сарвари давлат ширкат диққатро асосан ба таъмини бозори  дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунанда нигарондааст. Ғайр аз ин, барои бо маҳсулоти зарурӣ таъмини кардани иншоотҳои ҷашнӣ ва мактабҳо бо ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Данғара, Ваҳдат, Сарбанд, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷакент, Айнӣ, Ашт ва дигарҳо ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Тавре Хуршед Каримов изҳор дошт, иқтидори лоиҳавии корхона коркарди 250 ҳазор метри мукааб чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 12 миллион сомонист. Ашёи хом асосан аз Русия ворид мешавад. Айни замон бо нияти бунёди корхонаи муштараки мебел бо ширкатҳои Русия ва Туркия гуфтушунид идома дорад. Ин иқдом низ натиҷаи маслиҳати Сарвари давлат аст. Дар “Арча” азми комил доранд, ки дар соли ҷашни истиқлолияти кишвар онро ба кор дароранд. Ва пеш аз ҳама, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳамчунин аҳолии мамлакатро бо мебели хушсифату арзони худӣ таъмин созанд. Ба ин васила ҳақиқати волоро собит хоҳанд кард, ки мардуми тоҷик қудрати ҳама кор дораду дасташ воқеан гул аст.   
Ва боз як иқдоми ҷолиб ва лоиқи дастгирию пайравӣ. Барои дастрасии бештари маҳсулоти корхона ба ниёзмандон роҳбарияти корхона бо як идда бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ доир ба қарзи истеъмолӣ ба тавофуқ расид. Аз ин пас ширкат ба мизоҷон имконияти ба кредит гирифтани номгӯи пурраи маҳсулоташро фароҳам меорад.

Коллеҷи техникӣ. Манбаи кадрҳои ҳирфаӣ барои МОИ
Вақте ба ҳудуди МОИ “Суғд”, ки 221 гектарро ташкил медиҳад ва ҳарчи бештар симои шаҳраки муосири саноатӣ мегирад, ворид ва бо корхонаҳои мавҷуда шинос мешавед, дар ин радиф ҷой гирифтани коллеҷро амри тасодуф мепиндоред. Банда низ истисно набудам. Лекин пас аз суҳбат бо директори муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд” Осимхони Охунзода, воқифшавӣ аз шароити таҳсили донишҷӯён ва кори омӯзгорон ба амри воҷиб будани ин ҳамшафатӣ итминон ҳосил мешавад.
Зеро таъйиноту ҳадафи асосии он омодасозии кадрҳои баландихтисоси звенои миёна, пеш аз ҳама, барои ширкатҳои ҳудуди МОИ “Суғд”, ҳамчунин дигар корхонаю ташкилотҳои вилоят аст. Ва соли дуюми таълим коллективи омӯзгорон аз пайи пиёдасозии он мебошад. Порсол 175 нафар ба таҳсил шурӯъ кард, имсол нияти қабули 360 донишҷӯро доранд.  
Таъминоти техникии дарсхонаҳои тахассусии коллеҷро дида, хаёл мекунед, ки дар лабораторияи ягон донишгоҳ ҳастед. Ҳайати педагогӣ низ бақувват аст, зеро тавре Охунзода гуфт, ба коллеҷ беҳтарин устодон, ки аксарияташон унвондоранд, на танҳо аз Хуҷанд, балки аз Душанбе низ ба таври шартномавӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.
Дар пешбурди таълим низ усулҳои замонавӣ мавриди истифодаанд: дар коллеҷ низоми таҳсили кредитӣ ба тариқи сикл ҷорист. Яъне донишҷӯ як фанро пурра омӯхта, дар маркази тестии коллеҷ, ки компютерӣ кунонда шудааст, имтиҳон месупорад ва танҳо баъди ин ба азхудкунии фанни дигар мегузарад. Тибқи шартномае, ки бо донишҷӯ баста мешавад, ӯ аз курси якум ҳар рӯз пас аз дарс ба он корхонаҳои минтақа ва шаҳр, ки бо онҳо коллеҷ ба тавофуқ расидааст, таҷрибаомӯзӣ меравад. Ба ин васила бо як тир ду нишон мезананд. Донишҷӯ мувозӣ бо дониши назариявӣ малакаи амалии тахассусӣ пайдо мекунад. Баъди хатми муассиса бошад, барояш ҳоҷати ҷустуҷӯи ҷои кор намемонад. Албатта, агар дар ин муддат мутахассиси хуб шавад.
Бино ба иттилои Охунзода, баъди хатми курси як се донишҷӯ ба ширкати машҳури автомобилбарории Олмон BMW ба таҷрибаомӯзии семоҳа фиристода шуд. Соли таҳсили нав низ ин кор идома ва ҷуғрофияш тавсеа дода мешавад. Мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон бо донишгоҳи Қрим ва коллеҷи бинокорию меъмории рақами 7-и Маскав сурат мегирад. Зимнан, дипломи коллеҷи техникии Хуҷанд дар Русия эътироф мешавад.
Ин буд чанд сатри мухтасар аз муассисаи нави таълимӣ, ки барои ширкатҳои МОИ метавонад манбаи кадрҳои ҳирфаӣ гардад.     


Чанд факту рақам аз МОИ “Суғд”
Дар МОИ 25 субъект ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 12 ширкат фаъолият дошта, 8 корхонаи муштарак бо Туркия, Чин, Лаҳистон ва Кипр ташкил ёфтааст.
***
Агар соли аввали фаъолият - 2001 ширкатҳои минтақа ба маблағи 10,5 миллион сомонӣ маҳсулот бароварда бошанд, соли гузашта он ба 57,9 миллион, то 1 июли соли 2016 ба 212,57 миллион сомонӣ расид.
***
Аз соли 2011 инҷониб ба истеҳсолот 50,2 миллион сомонӣ сармояи мустақим ҷалб гардид.
***
Маҳсулоти субъектҳои минтақа ба Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Русия, Чин ва Туркманистон содирот карда мешавад.
***
Айни замон бо 20 ширкату инвестору соҳибкорони ватанию хориҷӣ доир ба таъсиси корхонаҳо гуфтушунид идома дорад.
***
Бо фаъолият ва имкониятҳои ҳамкорӣ дар МОИ «Суғд» сафирони Ҷопон, Исроил, Русия, ИМА, Британия, намояндагии тиҷоратии Туркия, ҳайати соҳибкорони Эрон, Чин, минтақаҳои Федератсияи Русия ва мамлакатҳои дигар аз наздик шинос гаштаанд.
***
Дар минтақа истеҳсоли кабелҳои барқӣ, қубурҳои полимерӣ, профилҳои алюминӣ ва ПВХ, масолеҳу рангҳои бинокорӣ, дару тирезаҳои чӯбӣ ва пластикӣ, зарфҳои пластикӣ, васлу насби коллекторҳои офтобӣ ва насосҳои қаърӣ ба роҳ монда шудааст.
***
Дар ояндаи наздик корхонаҳои истеҳсоли шарбату афшураҳои табиӣ, лампаҳои каммасраф, мебел, хизматрасонии инвеститсионӣ ва ғайра ба фаъолият мепардозанд.

Нашри махсусро Хуршеди ҶОВИД
ба чоп омода намуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2016    №: 169    Мутолиа карданд: 1816

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед