logo

иҷтимоиёт

ЛИБОСИ МАКТАБӢ. ЧАРО БОЗОРИ ФУРӮШИ МОЛИ ХУДӢ ГАРМ НЕСТ?

Нимаи дуюми моҳи август барои шаҳрвандон серташвиш мебошад. Падару модарон ва наврасон  барои соли таҳсили 2016 – 2017 омодагӣ мебинанд. Соҳибкорони  маҳаллӣ низ  солҳои охир  бар он кӯшидаанд, ки  бо тавлиду  фурӯши моли ватанӣ –  либосҳои  мактабӣ  эҳтиёҷоти  онҳоро таъмин намоянд. Мақсад аз он   сарбории шаҳрвандонро бобати хариди либоси ягона  сабук  гардондан аст. Дар корхонаҳои  саноатӣ ба роҳ мондани истеҳсоли моли воридотивазкунанда  талаботи рӯз ва ҳадафи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад. Рушди истеҳсолоти ватанӣ имкон фароҳам меорад, ки  ҳам  занону духтарон  соҳиби ҷойи кор гарданду ҳам  шаҳрвандон моли худиро бо нархҳои дастрас харид намоянд.  Оё корхонаҳои   истеҳсолӣ  шаҳрвандонро бо  моли ба меъёри ҷаҳонӣ ҷавобгӯй ва  нархҳояшон дастрас таъмин карда метавонанд? Сифати либосҳои мактабӣ, ки корхонаҳои кишвар истеҳсол мекунанд, чӣ гуна аст? Хабарнигори «Ҷумҳурият» барои ҷавоб ёфтан ба ин ва саволҳои дигар бо роҳбарони    ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик», ҶДММ «Ёқут – 2000» ва ҶСК «Гулистони Душанбе» суҳбат орост.

Дар ҶСК «Гулистони Душанбе», ки  аз 15 - уми июли соли равон  ба   фаъолияти истеҳсолӣ     шурӯъ кардааст, дар  баробари намудҳои гуногуни либос, ҳамчунин,  дар як муддати кӯтоҳ  1000 маҷмӯъ (комплект) либоси муассисавӣ (мактабӣ, корхонаӣ, махсус) тавлид гардид. Моли онҳо дар маркази савдои «Ашан» ба фурӯш гузошта шудааст.  Корхона бо таҷҳизоти муосири автоматӣ  муҷаҳҳаз гардонда шуда, сифати мол ба меъёри ҷаҳонӣ ҷавобгӯй аст. 
- Корхонаи мо  иқтидори  баланд бардоштани ҳаҷми моли рақобатпазирро дорад, аммо фармоишгарон камшуморанд, -  мегӯяд  Дилшод Бегов, директори генералии «Гулистони Душанбе». Бо назардошти талаботи бозор ба моли худӣ метавонем  ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш диҳем.
Дар  маркази савдои  ҶДММ «Ёқут – 2000»  намоишгоҳ – фурӯши моли ватанӣ ташкил шуда, дӯзандагон  4 ҳазор адад  либоси муассисавӣ  дӯхтаанд. Бояд гуфт, ки  корхона боз артиклҳои гуногуни либосро  истеҳсол мекунад. Фармоишгарони онҳо асосан муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хусусии ноҳияи Шоҳмансур мебошанд. 
Қутбия Саломова ва Муҳаббат Розиқова, сокинони ноҳияи Шоҳмансур, аз муътадилии нархҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Комплекти он 210 – 240 – сомонӣ аст. Намуди зебо доранд, вале андозаҳо чандон муво-фиқат намекунанд.
Мунира Исмоилова, сардори сехи дӯзандагии «Ёқут – 2000», мегӯяд, ки  баъзе муштариён аз ба номувофиқатии андозаҳои либос  шикоят мекунанд.  Мо хоҳиши онҳоро мепазирем.   Порагар  боз андозаи наврасро чен мекунад. Дар ҳақиқат, барои тавлиди  моли ба талаботи бозори ҷаҳонӣ  ҷавобгӯй  камбудиҳо  мавҷуданд.
- Яке аз мушкилиҳои асосӣ барои истеҳсоли моли  воридотивазкунанда дар корхонаи мо  он аст, ки   занону духтарони дӯзанда маълумоти пурраи миёна ҳам надоранд. Ҳамагӣ  ду мутахассиси маълумоти олидор дорем. «Ёқут – 2000»  бо таҷҳизоти компютерии дар Осиёи Миёна беназир муҷаҳҳаз аст. Дар коргоҳ мутахассисони баландихтисос, махсусан  амсиласози либос, тарроҳ, технолог, муҳандис, конструкторҳо намерасанд.
ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик»  истеҳсоли либоси муассисавиро  ба таври фарох ба роҳ мондааст. Он бо 118 муассисаи таълимии кишвар шартнома баста, барои хонандагон ба миқдори 135 ҳазор адад  либос истеҳсол намудааст. Маблағи моли истеҳсолшуда 3 миллиону 920 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,  ки нисбат ба соли пешин зиёд мебошад. Коргарон тамоми сол ба дӯхтани либоси муассисавӣ машғуланд ва дари мағоза ҳамеша кушода аст, вале моли тайёр  дар анбор хобидааст. Директорони муассисаҳои таълимӣ бо коргоҳ шартнома баста, харидани молро ба зиммаи падару модарон ҳатмӣ бор мекунанд. Шаҳрвандон ба моли худӣ камтаваҷҷуҳӣ  зоҳир менамоянд, ба хушсифатии он гӯё шубҳа доранд. Яъне, байни истеҳсолгар ва харидори ватанӣ ҳанӯз робитаи эътимодбахш барқарор нашудааст.
- Дуруст аст, ки аз нарасидани дӯзандагони моҳиру соҳибтаҷриба танқисӣ мекашем, - мегӯяд   Раҳматулло Ғуломов, сармуҳандиси  фабрикаи дӯзандагии «Нассоҷии тоҷик». - Ба технолог, тарроҳ, муҳандис, конструктор, устои  таъмиргари дастгоҳҳои дӯзандагӣ низ эҳтиёҷ дорем. Баъзан барои таъмири  дастгоҳи дӯзандагӣ аз мамлакати хориҷ усторо даъват мекунем. Хатмкунандагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва коллеҷи технологӣ ба коргоҳ барои кор намеоянд. «Нассоҷии тоҷик»  ҳоло ҷавон аст. Дархостҳои директорони муассисаҳои таълимӣ иҷро гардиданд. Либосҳои мағозаамонро харидорӣ мекунанд,  аммо бозори  фурӯш гарм нест. Баъзе наврасон ва падару модарон моли моро написандида, онро аз бозори «Корвон» мехаранд. Он харидороне, ки аз мо мол харид кардаанд, аз нархи он шикоят надоранд. Дастрас аст, чунки ашёи хом ва матои худӣ истифода мешавд. Ҳанӯз барои пурра мувофиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ истеҳсол намудани моли ватанӣ мушкилиҳо ҷой доранд, -  мегӯяд Р. Ғуломов. -  Имрӯз  фабрика ба дастгирии маънавии шаҳрвандон ва дастгирии мутасаддиён ниёз дорад. Айни ҳол моли тайёр дар анбори коргоҳ хобидааст, аммо харидор нест.
  Фабрикаи дӯзандагии  иттиҳодия  тавлидгари  асосии либосҳои  муассисавӣ  мебошад, вале дар ин ҷо низ чун дигар  корхонаҳо бештар аз  нарасидани   кадрҳои соҳибтахассус танқисӣ мекашанд. Имрӯз барои истеҳсоли моли худӣ, махсусан,  либосҳои муассисавӣ иқтидорҳои истеҳсолӣ мерасанд, фақат  барои боз ҳам бозоргир намудани сифати мол  таҷриба андӯхтани коргарон зарур аст. Хуб мешуд, агар шаҳрвандон ифтихори миллӣ зоҳир намуда, истеҳсолгарони ватаниро дастгирӣ кунанд. Аз ҷумла, омӯзгорон ва падару модарон.   Аз тарафи дигар,  ташкил намудани  намоишгоҳ – фурӯшгоҳҳои моли ватанӣ  дар бозорҳои калони ҷумҳурӣ, назири «Корвон», ба манфиати ҳам харидорон ва ҳам истеҳсолгарон аст.

Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2016    №: 170    Мутолиа карданд: 1925

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед