logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН. ОИЛА ВА ҶОМЕА ДАР ТАРБИЯИ ОНҲО МАСЪУЛИЯТ ДОРАНД

Ҳамагон шоҳиди онем, ки имрӯзҳо дар баъзе кишварҳо низоъҳои қавмию мазҳабӣ, ихтилофи миллатҳо дар авҷ буда, инсоният ба мушкилоти навбатӣ дучор шуда истодааст. Тамоми ин равандҳо наметавонанд ба ҳаёти рӯзмарраи дигар кишварҳо бетаъсир бошанд. Хусусан вазъи сиёсии мамлакатҳои Шарқи Наздик ва умуман ҷаҳони муосир нигаронкунанда аст. Таҳлилу мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро ҷавонони содаву гумроҳро ба худ ҷалб намуда, бо ин васила мехоҳанд сулҳу суботро дар дигар кишварҳо халалдор созанд ва ҷомеаро ба гирдоби нооромиҳо кашанд.

Имрӯз шукр аз он дорем, ки Ватани азизамон - Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу зебо гардида, мардумаш хушу хуррам ва осуда зиндагӣ доранд. Маҳз муҳити созгори тарғиби арзишҳои ватанпарастӣ метавонад кулли шаҳрвандонро ба корҳои бунёдкорӣ, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва машғул шудан ба меҳнати барои ҷомеа манфиатбахш раҳнамун созад. Беҳуда нест, ки Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқоту суханрониҳояшон ёдрас мешаванд, ки халқи тоҷик танҳо дар ҳоли ҳамбастагӣ ва ваҳдату ягонагӣ метавонанд ормонҳои ҳазорсолаи соҳибватану соҳибфарҳанг буданро амалӣ созанд. Барои амалӣ гардидани ин мақсадҳо беш аз пеш арзишҳои ватандорию ватанпарастӣ бояд миёни мардум, бахусус ҷавонон тарғиб карда шаванд. Зеро ғояҳои зӯроварӣ, қатлу ғорат, фиребу буҳтон, коштани тухми нобоварӣ, тафриқаандозӣ ва амсоли инҳо миёни мардуми тоҷик дар ҳеҷ давру замон роҳ намеёфт ва имрӯз низ мо ҳамчун сипар пеши роҳи паҳншавии ин ғояҳоро бояд бигирем ва барои наслҳои оянда давлати ободу пешрафта мерос гузорем. Воқеаҳои нангини Ироқу Сурия ва Афғонистон моро ҳушдор медиҳанд, ки ватани осудаву ободамон - Тоҷикистони азизро боз ҳам бештар дӯст дорем, аз манфиатҳои халқу миллати хеш ҳимоят кунем ва нагузорем, ки фазои поку беолоиши ин Ватани азиз ғуборолуда шавад. Зиндагии осоишта, пешрафти сатҳи некуаҳволии мардуми кишварамон дар дасти худи мост.
Имрӯз мо ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлати Тоҷикистон мебошем. Дар якҷоягӣ Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо мегардонем. Намегузорем, ки дар Ватани мо дигарбора душманони дохилӣ ва хориҷӣ тухми кинаву адоват кошта, амнияти кишварамонро халалдор созанд.
 Дар ин ҷода тарбияи ҷавонон дар зинаҳои минбаъдаи тарбияи шахс бояд идомаи мантиқии тарбия дар оила бошад. Ҳолатҳое дучор мешавад, ки волидайн аз раванди таълиму тарбияи фарзанд умуман огоҳ намешаванд. Дар ҳолатҳои ба корҳои ношоиста даст задани фарзандон афсӯсхӯрӣ мекунанд, ки дигар суде надорад. «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» - гуфтаанд. Пас, дар тарбияи насли ҷавон на танҳо оила, балки кулли ҷомеа масъуланд. Имрӯзҳо баъзан шоҳиди он мешавем, ки ҷавонон дар кӯчаву бозор, ҷойҳои ҷамъиятӣ ба корҳои ношоиста, гуфтори қабеҳ даст мезананду касе аз калонсолон пеши роҳи онҳоро намегирад. Нодида гирифтани раванди тарбияи насли ҷавон оқибатҳои чандон хуб ба бор нахоҳад овард. Солҳои охир далелҳои зиёди беаҳамиятии оила ва ҷомеа нисбат ба ҷавонон ошкор гардид. Ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро шомил гардидани бархе аз ҷавонон гувоҳи бетарафии оила ва муҳити тарбия нисбат ба онҳо мебошад. Зеро ки ин ҷавонони гумроҳ пас аз дарки амалҳои гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро ба худ омада, аз кардаи худ пушаймонанд.
 Шарифхон ТИЛЛОЕВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2016    №: 170    Мутолиа карданд: 1917

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед