logo

сиёсат

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ХАТЛОН

Ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб
Имрӯз, соати 6 субҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути нахустин қатораи хатсайри Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб ба вилояти Хатлон сафар кард. Зимни ин рӯйдоди таърихӣ Пешвои миллатро аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор ҳамроҳӣ намуданд.

Бунёди роҳи оҳани мазкур бо иштироки Сарвари давлат оғоз гардида, арзиши лоиҳавии он зиёда аз 165 миллион сомониро дар бар мегирад. Дар ин шоҳроҳ 3 нақб бо дарозии қариб 3700 метр канда шуд, дарозтарин нақб 2209 метрро ташкил медиҳад, ки дар шароити кӯҳистони минтақа бунёди он маҳорати баланди касбӣ ва донишу таҷрибаи мутахассисонро талаб мекард. Ҳамзамон 8 адад пул ба дарозии қариб 700 метр бунёд гашт.
Агар бо назардошти аҳамият ва афзалияти иқтисодии лоиҳа назар афканем, метавон гуфт, ки роҳи қаблӣ дар роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа бо убури марз 432 километрро дар бар мегирифт ва маҳз бо бунёди нақбу пулҳо 313 км ихтисор гардида, дарозии он ҳамагӣ 119 километрро ташкил дод.
Сарвари давлат дар ифтитоҳи нахустин нақби роҳи оҳани мамлакат - Ҳулбук ба дарозии 2209 метр изҳор дошт, ки тамоми талошҳои Ҳукумати мамлакат бо татбиқи сиёсати муваффақи баровардани ҷумҳурӣ аз мушкилоти коммуникатсионӣ барои рушди ҷомеа ва таъмини некуаҳволии мардум равона шудааст. Мувофиқи маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» сохтмони 41 километр роҳи оҳан дар маҷмӯъ 450 миллион сомонӣ, аз ҷумла 359 миллион сомонӣ барои корҳои сохтмонӣ, 43 миллиону 602 ҳазор сомонӣ барои хариди техникаҳои муосиру муқтадир сарф шудааст. Омодасозии 41 километр таҳкурсии роҳ ва таҳкими қисми болои он, кандани 12 миллиону 374 ҳазор метри мураббаъ хок, таркондани қитъаҳои сангзору душворгузар дар 4 миллиону 230 ҳазор метри мураббаъ ва бунёди 20 километр хати неруи барқ, 110 адад лӯлаҳои обгузар, 4 гузаргоҳ ва 2 бинои истгоҳи замонавӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуда, тамоми талаботи стандартҳои муосири роҳсозиву инфрасохторӣ риоя шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҳаракат дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, изҳор дошт, ки имрӯз барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла, сокинони заҳматқарини вилояти Хатлон рӯзи басо хотирмони таърихӣ мебошад. Зеро дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон - биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз нақшаҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр муҳими мо амалӣ гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон дар вазъияти мутантан роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлобро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Ин роҳи оҳан пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанберо бо вилояти Хатлон пайваст кард. Сохтмон, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дорад, ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуда буд. Масофаи умумии он дар қитъаи Ваҳдат - Ёвон 41 километр буда, дар ин масир 3 нақб ва 8 пули калону миёна сохта шудаанд. Сарвари давлат ҳангоми вохӯрӣ бо сокинон ва сохтмончиёни роҳи мазкур иброз дошт, ки “сохтмони роҳи оҳан дар шароити кӯҳистон хеле мушкил аст. Азбаски тасмими Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бунёди ин роҳ қатъӣ буд, аз ин хотир ҳамаи душвориҳо паси сар шуданд. Ин роҳ идомаи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ - раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад”.
Воқеан хати роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа - Кӯлоб аз миёни талу теппаҳо, аз болои чандин дарёву рӯдхонаҳо ва дар се мавзеъ ба воситаи нақбҳо аз зери замин мегузарад. Пулу нақбҳоро дар ин масир дар давоми 1 сол Ширкати идораи 19 - уми роҳи оҳани Чин ва ҶДММ “Муомилот” бунёд намудаанд. Дар сохтмони мазкур қариб 30 ширкату корхонаи лоиҳакашию сохтмонии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок кард. Роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа - Кӯлоб бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва қарзи грантии Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта шуд. Дар муддати сохтмони роҳ 552 нафар сохтмончӣ бо ҷойи кор таъмин шуд, ки аксарияти онҳо мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ мебошанд.
Пешвои миллат дар мулоқот бо сокинон роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлобро туҳфаи арзандаи идона дар арафаи Ҷашни 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи Тоқикистон ва сокинони вилояти Хатлон номида, таъкид дошт, ки бунёди роҳи мазкур ва дар маҷмӯъ, тамоми корҳои созандагию бунёдкориҳо дар мамлакат самараи соҳибистиқлолии Ватан ва сулҳу ваҳдати саросарӣ аст.
Баробари ба фаъолият шурӯъ намудани роҳи оҳани мазкур, масофаи роҳ ҳамагӣ 119 километрро дар бар гирифта, интиқоли як тонна бор тақрибан 37 сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба хатсайри пешина қариб 115 сомонӣ арзон мебошад. Инчунин хати нави роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб на танҳо ҳамлу нақли молу маҳсулот, балки рафтуомади мусофиронро ҳам осону арзон гардонида, самаранокии иқтисодии яксолаи он 46 миллион сомониро ташкил медиҳад ва хароҷоти сохтмонро дар зарфи даҳ сол мепӯшонад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста будани рушди инкишофи минбаъдаи ноҳияҳои вилояти Хатлонро ба бунёди роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб таъкид намуда, иброз дошт, ки роҳи оҳан омили муҳими тараққиёти соҳаи саноат ба ҳисоб рафта, имкон медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Хатлон боз даҳҳо корхонаҳои нави саноатӣ бунёд гардида, рушди босуботи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мамлакат таъмин карда шавад.

Ифтитоҳи ҶДММ "Ҷунгтсай Моҳирсемент"
Дар  ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷунгтсай Моҳирсемент” иштирок карда, бо пахши таҷҳизоти  рамзӣ ба фаъолияти дуюмин корхонаи бузурги истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон асос гузошт.
Корхонаи  мазкур бо иқдоми соҳибкори ватанӣ  Баҳриддин Ҷӯрахонов дар майдони 22 гектар бунёд гардида, барои сохтмони он сармояи  умумӣ дар ҳаҷми  958 миллион сомонӣ ҷалб шудааст, ки  35 фоизи маблағ  саҳми соҳибкори ватанӣ ва боқимонда 65 фоиз сармояи хориҷӣ мебошад.
Дар заминаи корхонаи мазкур  аз  ҳисоби  маблағҳои умумӣ  бунёду ба истифода додани коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ ва халтаҳои коғазӣ дар назар дошта шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона  ба  1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар  як сол баробар  буда, оянда  дар он  ва  ду  корхонаи дигари дар марҳилаи дуюм бунёдшаванда  800 нафар бо ҷойи  кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад.
Дар  корхона  муосиртарин  таҷҳизоти технологии пешқадамтарин ширкатҳои хориҷӣ васлу насб шуда, раванди истеҳсолот аз тариқи дастгоҳҳои  электронӣ  танзим  ва  назорат  карда мешавад. Дар корхона навъҳои 400, 500 ва 600-и семент истеҳсол  шуда, он  аз  ҷиҳати  навъи истеҳсол ва таҷҳизоти корӣ дар ҷумҳурӣ  ва  минтақа  беназир  аст.

Гузоштани санги асоси мактаб барои 640 ҷойи нишаст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  дар маркази  шаҳраки Ёвон  ба сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  барои 640 ҷойи нишаст дар як баст  санги асос  гузошт. Бо дастур ва ҳидоятҳои бевоситаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони ин муассисаи таълимӣ соҳибкори ватандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов, ки саҳмдори корхонаи сементи “Ҷунгтсай Моҳирсемент” мебошад, иқдом  гирифтааст.
Тибқи нақша дар ин маҳалла Баҳриддин Ҷӯрахонов  аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорӣ дар давоми 18 моҳ бо харҷи   14  миллион сомонӣ мактаби  сеошёнаи  замонавӣ  ва  дорои  шароити муосири таълиму тарбия  бунёд  менамояд.
Дар  ноҳияи  Ёвон  ин  дуюмин  иқдоми соҳибкор  дар бунёди  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ буда, моҳи апрели соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар деҳаи  Даҳана як мактаби хуштарҳу замонавӣ барои 640 ҷойи нишаст дар як баст  аз ҳисоби маблағҳои ин соҳибкор бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин иқдоми нек  бори дигар ба  соҳибкор Баҳриддин Ҷӯрахонов изҳори сипос карда, ин  амали созандаро барои доираи дигари соҳибкории мамлакат  намунаи ибрат арзёбӣ намуд.
Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди иштирок дар расми ифтитоҳи тантанавии роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи сементи “Ҷунгтсай Моҳирсемент” ва  суҳбату вохӯриҳои судманд бо кормандони соҳаи роҳу нақлиёт ва саноатчиён  аз ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба маркази вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа сафар намуд.

Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа
24 август, пас аз ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, корхонаи азими сементбарорӣ ва мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Ёвон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Қӯрғонтеппа – маркази вилояти Хатлон ташриф овард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа сокинони вилоят бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд. Сокинони сарбаланду меҳнатқарини шаҳри Қӯрғонтеппа истиқболи Пешвои муаззаму ғамхори худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намунаи волои меҳмоннавозии тоҷикона номиданд.

Ифтитоҳи сардхонаи «Субҳи Сарбанд»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ бо сафари корӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон омада, нахуст дар кӯчаи Рӯдакӣ ба фаъолияти сардхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи Сарбанд» расман оғоз бахшид.
Дар ин сардхона имкони нигоҳдории то 1000 тонна меваю сабзавот мавҷуд аст. Сардхона бо технологияи муосир ба маблағи 2 миллиону 645 ҳазор сомонӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он нигоҳдории маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Баробари ба истифода додани сардхонаи мазкур 25 нафар сокини шаҳр бо ҷойи кор таъмин гашт.
Коргарону мутахассисони сардхонаи мазкур аз мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорон бунёд гардидааст, изҳори хушнудӣ карданд.
Президенти мамлакат бо шароит ва технологияи сардхона шинос шуда, бунёд ва ба истифода додани чунин сардхонаҳоро дар фаровонии бозорҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар бо маҳсулоти тару тоза дар тамоми фасли сол муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуд.
Дар шафати  сардхона коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои пластикӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар як шабонарӯз то 1500 дона қуттӣ истеҳсол мекунад. Чунин қуттиҳои пластикӣ қаблан аз хориҷи мамлакат бо нархи гарон ворид карда мешуданд.
Солҳои охир бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоид садҳо гектар боғу токзори нав бунёд карда шуда, бо аз худ кардани заминҳои бекорхобида ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадриҷан зиёд гардид.
Маҳз бо назардошти фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, меваю сабзавот, зарурати бунёди чунин сардхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба миён омад.
Аснои шиносоӣ бо фаъолияти сардхонаи «Субҳи Сарбанд» Президенти мамлакат ба масъулон дастур дод, ки оянда барои нигоҳдории бештари маҳсулоти кишоварзӣ дар дигар шаҳру ноҳияи мамлакат бо ҷалби соҳибкорон бунёди чунин сардхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияи муосирро ба роҳ монанд.

Муассисаи томактабӣ барои 300 нафар
Дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Обшорон муассисаи томактабии хусусии “Малика” - ро ифтитоҳ намуд,  ки ҳамарӯза 300 нафарро ба таълиму тарбия фаро мегирад.
Муассисаи томактабии хусусии “Малика” аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Мадина Асадуллоева бунёд гардида, дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2015 оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ "Собир - Самт"  бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар “Малика”, ба соҳибкор ва сохтмончиён барои бунёди чунин як бинои муосир барои ташаббуси ватандӯстонаашон изҳори сипос намуд. Бинои наву замонавии боғчаи бачагон бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ сохта шуд ва 25 сокини маҳаллӣ имкон пайдо кард, ки бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардад. Дар ин муассисаи томактабӣ тамоми асбобу анҷом барои хониш, машғулиятҳои гуногун ва буду бош муҳайёст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз тарбиятгарон даъват ба амал овард, ки бо истифода аз чунин шароит кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки ин насл дар оянда созандагони сарзамини худ бошад.

«Нигина» ҳамчун туҳфаи ҷашнӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Сарбанд бо буридани лентаи рамзӣ бинои хуштарҳу замонавии муассисаи томактабии хусусии «Нигина» - ро ҳамчун туҳфаи ҷашнӣ дар арафаи 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Ҳамакнун дар ин муассиса 150 нафар дӯстрӯяк ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешавад. Барои тарбияи онҳо 15 мураббии кордону ботаҷриба ба кор ҷалб гардид. Сохтмони муассисаи томактабӣ моҳи январи соли 2015 оғоз гардид ва, инак, бо иштироки Пешвои миллат дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Фармоишгар соҳибкор Мадина Асадуллоева ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Собир-Самт» мебошанд.      
Маблағи лоиҳавии иншооти дуошёна 2 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва аз 10 ҳуҷра иборат мебошад.
Дар ошёнаи аввали бино ошхона бо 150 ҷойи нишаст дар хизмати тарбиятгирандагон қарор дорад.
Ҳуҷраи тиббӣ барои ёрии аввалия ва толори маҷлис бо ғунҷоиши 50 ҷойи нишаст ҳам вобаста ба завқу хоҳиши кӯдакон оро ёфтаанд.
Сарвари давлат бо шароити муҳайёшуда дар муассисаи нави томактабӣ шинос гардида, иқдоми муассиси онро бобати бунёди чунин як кӯдакистони зебову замонавӣ ва шароити хуби таълиму тарбия фароҳам овардан барои насли оянда намунаи ибрат хонд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2016    №: 170    Мутолиа карданд: 901

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед