logo

сиёсат

Вохӯрии Сарвари давлат бо роҳбарону фаъолони вилоят

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни бинои Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо донишҷӯён ва устодони он, роҳбарону сокинони фаъоли вилояти Хатлон мулоқоти ошкорову самимӣ анҷом дод.
Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи боз як муассисаи олии таълимиро дар ҷумҳурӣ ба ҳозирин табрик гуфта, фаъолияти онро барои рушди соҳаи энергетика, ки аз бахшҳои стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, муассир арзёбӣ кард.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҷараёни иҷрои вазифаҳо аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, дигар дастуру супоришҳои Сарвари давлат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Тоҷикистон, барномаҳо ва дурнамои рушди вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатӣ мардуми бонангу номуси вилояти Хатлон зери парчами давлати соҳибихтиёрамон дар самти бунёдкориву созандагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят бо суръати миёнасолонаи 6,5 фоиз афзоиш ёфта, то ба 12,5 миллиард сомонӣ дар соли 2015 расонда шуд, ки ба 25 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад.
Дар 25 соли истиқлолият аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон зиёда аз 25 миллиард сомонӣ сарф шудааст.
Таъкид гардид, ки танҳо барои бунёду барқарорсозии иншооти муҳими вилоят 14 миллиард сомонӣ маблағ равона шуда, хонаҳои истиқоматӣ дар ҳаҷми 3 миллиону 700 ҳазор метри мураббаъ, мактабҳо барои 124 ҳазор ҷойи нишаст, дармонгоҳҳо барои 6700 қабул дар як баст ва шифохонаҳо барои 2000 кат ба истифода супурда шуданд.
Дар шаш моҳи аввали соли 2016 барои бунёд ва барқарорсозии иншооти гуногун 890 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 332 миллион сомонӣ ё 58 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи дурнамо дар чор соли оянда танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди вилояти Хатлон 7,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, бунёди неругоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ислоҳот ва рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҳоло дар қаламрави вилоят татбиқи 79 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 14,7 миллиард сомонӣ оғоз гардида, то ба имрӯз 47 лоиҳа ба маблағи 4,5 миллиард сомонӣ ба анҷом расидааст ва 32 лоиҳа ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Баъди таҳлилу баррасии амиқи соҳаҳо, аз ҷумла, саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, рушди бахши энергетикӣ, роҳсозӣ ва дигар соҳаҳои вилоят Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он, вазоратҳои мамлакат ҷиҳати татбиқи пурра ва саривақтии барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва ҷалби маблағҳои зарурӣ барои амалӣ кардани онҳо супоришҳои мушаххас дод.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2016    №: 171    Мутолиа карданд: 936

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед