logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

НАХУСТИН КОРГАРДОН
Ё ВАССОФИ ИНҚИЛОБ
Комил Ёрматов баъд аз таълим дар студияи актёрони кинои шаҳри Москва дар киностудияи «Узбекгоскино» ба сифати маъмур ва ассистенти коргардон кор карда, чанд нақши эпизодӣ меофарад. Солҳои 1928 -1931 дар Институти умумииттифоқии  кинематографияи Москва хонда, чун нахустин коргардони касбии кино ба студияи «Тоҷиккино» (баъдан «Тоҷикфилм») омад ва соли 1932 аввалин филми ташвиқотию тарғиботии «Дур аз сарҳад» - ро таҳия менамояд. Баъдан «Муҳоҷир», «Дӯстон аз нав вомехӯранд» барин филмҳои бадеӣ меофарад. Аз соли 1940 дар киностудияи «Ӯзбекфилм» заҳмат кашидааст. Дар ин ҷо даҳҳо филми бадеӣ, чун «Алишер Навоӣ», «Абуалӣ ибни Сино», «Тӯфон дар Осиё», «Саворагони инқилоб», «Ҳалокати консули сиёҳ», «Достони ду дил», «Нодирабегим», «Солҳои дуру наздик» офарид.
Рӯҳияи баланди миллӣ дошт, барои таҳкими равобити эҷодии киногарони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамвора талош варзидааст, қариб дар ҳамаи филмҳояш аз истеъдоди актёрони тоҷик ба мисли Марат Орифов, Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова, Маҳмуд Тоҳирӣ, Гурминҷ Завқибеков, Сайрам Исоева, Сталина Азаматова истифода бурдааст. Номи ин санъаткори бузурги тоҷик дар радифи бузургтарин коргардонҳои кинои шӯравӣ қарор дорад. Аз миёни киногарони Осиёи Миёна аввалин нафарест, ки ба дарёфти баландтарин унвони давр - Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ мушарраф гардидааст.
Таҳияи Умар АЛӢ

 


ЧАШМАИ МУРОД
Мазори Ҳазрати Султон аз ёдгориҳои табиӣ ва экологии Тоҷикистон мебошад, ки дар яке аз мавзеъҳои зеботарини ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷойгир аст.
Ин мавзеъ, ки обу ҳавои дилнишин ва чашмаҳои фаровону сардоб дорад, ба ҷуз аз зиёратгоҳ истироҳатгоҳи  хуб низ маҳсуб меёбад.  Гурӯҳ – гурӯҳ зоирону сайёҳон, аниқтараш ҳамасола  то 30 ҳазор мусофир аз ҳавои нарми ин макон баҳра бардоштаву истироҳат мекунанд. Се чашмаи калони мазори Ҳазрати Султон, ки мардум бо ихлос  шифо, бахт ва муродашон меноманд  аз теппаи на чандон баланд  фаввора зада, чун як чашма сарозер мешаванд, ки зебоии хоса ва мафтункунандае дорад. Ба андешеи шоҳидони ҳол, обе, ки аз чашмаҳо ҷорӣ мешавад, барои рафъи бемориҳои гуногун басо муфид аст. Аз ҷумла, чашмаи шифо  барои рафъи бемориҳои чашм, гӯш, бинӣ, меъда, дил, ҷигар ва санги талха  фоидабахш мебошад. Ихлосмандони чашмаи бахт аксаран ҷавононанд, ки барои бахти нек оби онро меошоманд. Мусофирону зоирон барои ҳосил гардидани муродҳои хеш даст ба чашмаи мурод мебаранд. Сайёҳони хориҷиро бошад, хоса софию беғашии об, зебоию назаррабоии худи чашмаҳо мафтун намудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳарчанд мазори Ҳазрати Султон садсолаҳо инҷониб маълуму маъруф аст, вале ҳамагӣ чанд даҳсола пеш дашти хушкеро мемонд. Арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ки аз замони истиқлолият сарчашма мегирад, боис гашт, ки дар қатори дигар ёдгориҳои таърихии минтақаи Кӯлоби бостонӣ ин гӯшаи зебоманзар низ обод гардад. Имрӯз ҳазорон нафар аз манзараҳои нотакрори ин мавзеъ дидан намуда, овозаи зебоиҳои онро бо худ армуғон мебаранд. Боғи боҳашамате, ки аз оби чашмаҳои нодир сарсабзу серҳосил аст, атрофи ин макони муқаддасро шукӯҳи дигар мебахшанд, ки басо диданиву лоиқи тавсиф мебошад.
Сарвиноз ШОДМОНОВА

 


Назари дигар
НОДОРӢ ИНСОНРО НОДОН МЕКУНАД
Тибқи таҳқиқоти охир, зиндагии аз маош то маош қобилияти зеҳнии инсонро паст мекунад. Тӯли чор сол олимон таъсири бекорӣ ва вазъи молиявиро ба қобилияти ақлонии одамон таҳқиқ карданд. Натиҷаҳои кор дар Journal of Applied Psychology нашршуда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳаёти дуру дароз дар вазъи номуътадили молиявӣ, ба коҳиши назарраси IQ оварда мерасонад.
Дар натиҷаи мушоҳидаи иштирокдорони озмоиш олимон муайян карданд, ки вазъи мушкили зиндагӣ ба ташаккули менталитети  қашшоқӣ мерасонад. Зарурати пайвастаи ҷустуҷӯйи маблағ барои мавҷудият қобилияти эҷодӣ ва таҳлилиро суст мекунад, ҳамчунин такроршавии қарорҳои ғалат ва беақлонаро зиёд мегардонад.
«Камбағалӣ 13 -14 нуқтаи i Q – и инсонро мерабояд. Он бештар ҳангоми хоби кам ва майхорагӣ зоҳир мегардад. Боре худро дар ҷойи шахси бенаво гузоред. Рӯз то рӯз шумо барои таъмини эҳтиёҷоти одитарин қувваи зиёд сарф менамоед. Шумо ҳамеша дар ҳолати стрессӣ қарор доред, бетаваҷҷуҳ ва асабӣ мешавед. Ин шароит  барои кори  мағзӣ хуб нест», - гуфтааст Элдар Шариф равоншинос аз Принстон, ширкатдори таҳқиқот.
Дар чунин ҳолат имконияти раҳоӣ аз шароити мушкил боз ҳам камтар мешавад. Инсон бо хавфи ҳамешагии ин ҳалқаи сарбаста рӯ ба рӯ мегардад.
Ба чунин нафарон чӣ тавр метавон ёрӣ расонд? Коршиносон иброз медоранд, ки ин ҳолатро тавассути ҷорисозии даромади бечунучаро метавон беҳтар кард. Дар як қатор кишварҳо (Финляндия, Канада) озмоиш оид ба воридсозии ДБ аллакай оғоз мешавад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

 


ЛУТФИ БУЗУРГОН
Актрисаи машҳури Фаронса Сара Бернар ба мухлисаш – милёнер Ротшилд навишт, ки зиндагиаш хеле бад аст.
Баъди чанде ҷавоби пурилтифоте омад, ки бо ин суханон анҷом меёфт. «Бароятон ҳазор франк ва милён орзуи нек мефиристам».
«Баръакс мекардӣ, беҳтар буд!» - посух дод актриса.

 

"ХАРГӮШ ВА ХОНУМ ЗАНБӮР"
АСАРЕ, КИ РОУЛИНГ ДАР 6 - СОЛАГӢ ЭҶОД КАРД
Ҳоло нависандаи  англис Ҷоан Роулинг яке аз беҳтарин нависандаҳои  муосир шинохта мешавад. Вале чанд сол муқаддам ӯ ҳатто тасаввур намекард, ки ба чунин мартаба мерасад.
Ҷоан аз хурдӣ ба навиштан завқи беандоза дошт ва дар 6-солагӣ барои хоҳарчааш Ди аввалин асари худ – «Харгӯш ва хонум Занбӯр» - ро эҷод мекунад.
Соли 1990 қаторае, ки нависандаи хаёлпардоз бо он ба сафари Манчестер дошт, дар нимароҳ вайрон шуда, танҳо баъди чор соат таъмир мегардад.  Маҳз дар ҳамин соатҳои тӯлонӣ барои Ҷоан Роулинг дар симои писарбачае, ки дар чашм айнаки гирдшаклу дар даст чӯби сеҳрнок дошт, қаҳрамони силсилакитоби ояндааш - «Гарри Поттер» «кашф» мешавад.
Аввалин дастнависи асар соли 1995 ба анҷом расид. Ҷоан онро барои чоп ба матбааҳои хурду калони Англия пешниҳод намуд, вале бо сабабҳои гуногун соҳибони он аз нашри китоб даст мекашиданд. Ва ниҳоят пас аз нокомиҳои зиёд, яке аз матбааҳои хурд тасмим гирифт, ки асарро бо теъдоди хеле кам ба табъ расонад. Бо вуҷуди ин, китоб сазовори мукофотҳои зиёд гашта, ба Ҷоан Роулинг шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Қаҳрамони асараш Гарри Потерро бошад, кӯдакони тамоми олам дӯст доштанд.
Аз октябри соли 1998 ширкати оламшумули «Уорнер Бразерс» ба офаридани силсилафилмҳо дар бораи Гарри Поттер оғоз кард. Тайи солҳои намоиш маблағи ҷамъовардаи онҳо  7 миллиарду 723 миллиону 431 ҳазору 572 долларо ташкил дод, ки дар таърихи саноати кино аз муваффақтаринҳо шинохта мешавад.
Ҳарчанд дар аввал Ҷоан Роулинг зиндагии фақирона дошт, вале кӯшишу заҳматҳои пайваста ба ӯ имкон доданд, ки дар сафи бонувони машҳуру комёби олам ҷой гирад.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА

 


ШИРИН -
ЗЕБОТАРИН ҚАСРИ ЗАМОНИ СОСОНИЁН
Миёни зеботарин қасрҳое, ки дар аҳди Сосониён сохта шудаанд, ба мисли Ардашери I, Ардашерғур, Доробгирд ва амсоли инҳо қасри Ширин аз иморатҳои камназир ва олитарин санъати меъморӣ маҳсуб меёбад.    
Ривоят мекунанд, ки ин кохро охирин шоҳи Сосонӣ Хусрави II, маъруф ба Хусрави Парвиз, барои ҳамсараш Ширин, ки дар ҳусну ҷамол ҳамто надошт, сохтааст. Қаср дар баландии 8 метр ва масоҳати 120 гектар аз хишти пухта  бино ёфта буд. Онро девори 6, 5 метра ҳимоя  менамуд. Аз болои девор ҷӯйи об равон буд, ки боғу гулгаштҳои қасрро шодоб мекард. Дар он, ҳамчунин, ҳавзе  мавҷуд буд, ки 550 метр дарозӣ ва 50 метр паҳно дошт. Нақшу нигор, ҳайкалу аркҳои боҳашамат ба ин макон ҳусни дигар зам менамуданд. Дар толори базм Борбад ва дигар ромишгарон  барои шоҳ ва ҳамсари ӯ таронасароӣ мекарданд.
Дар қаср аксҳои шоҳ Парвиз, ҳамсараш Ширин ва аспаш Шабдиз наққошӣ шуда буданд.
Бунёди чунин як қасри зебову пуршукӯҳ  дар он замон на танҳо нишони рушди меъморӣ, балки эҳтироми мард, пеш аз ҳама шоҳ,  ба зан - Модар аст.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ

 


НИШАСТАН БАС!
Аз ҷониби меъморони Голландия арт – объекти беҳамто «Нишастан бас!» манзур шудааст. Тибқи нақшаи лоиҳа меъморон пешниҳод доранд, ки  идораҳо бе ҷойи нишаст сохта шаванд. Ин коргаронро ба ҳаракат ва фаъолнокӣ водор мекунад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

 

СЕ АМАЛ
СУХАН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ СОЛИМӢ ВА ДАРОЗУМРӢ МЕРАВАД
Шояд вақтҳои аввал ҳангоми иҷрои онҳо худро ноҳинҷор ҳис кунед, аммо дере нагузашта на танҳо одат мекунед, балки афсӯс мехӯред, ки чаро барвақттар сар накардед. Зеро онҳо ҳам барои саломатӣ ва ҳам табъи хуш басо амалҳои муфиданд. Инак:
Тозасозии забон
Ҳар саҳар дандон тоза кардан бароямон амали муқаррарӣ шудааст. Акнун забонро низ ҳатман тоза мекунем. Мумкин бо чуткаи дандоншӯӣ ё белчаи махсус. Ин корро ҳанӯз Сино ҳангоми шустани даҳон ҳатмӣ мешумурд.
1.  Ба ин васила аз бактерияҳое халос мешавед, ки ба меъда рафта, бемориҳои гуногун меангезанд.
2.  Бактерияҳои забон сабаби асосии бӯйи бад ва бемориҳои ҷавфи даҳон мебошанд.

Як пиёла оби ҷӯш
Ҳар саҳар ба як пиёла оби сахт наҷӯшида як пора лимӯ ё каме шарбати онро илова карда, 20 дақиқа пеш аз наҳорӣ кам - кам нӯшед.
1.  Об кори меъдаро ба эътидол оварда, организмро ба қабули ғизо омода месозад.
2.  Мубодилаи моддаҳоро беҳтар ва ба харобшавӣ мусоидат мекунад.
3.  Ҷигарро тоза менамояд.
4.  Дар шарбати лимӯ бошад, миқдори зиёди калтсий, фосфор, натрий, калий, магний, оҳан, инчунин витаминҳои гурӯҳи B ва С мавҷуданд, ки барои организм басо муфиданд.
Асал пеш аз наҳорӣ
Даҳ дақиқа пеш аз наҳорӣ як қошуқча асали тоза хӯред.
1.  Асал махзани витамину микроэлементҳост. Он ба миқдори зиёд фруктоза ва глюкоза дорад, ки ба организм неру бахшида, фаъолияти майнаи сарро беҳтар ва қобилияти кории онро бештар мекунад.
2.  Иммунитетро қавӣ мегардонад.
3.  Асал хусусияти зиддиоксидантӣ дошта, пиршавии организмро бозмедорад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 

NOKIA
ЭЪТИМОД БА ХУД ВА ОЯНДА
Таърихи ин ширкат аз гузаштаи хеле дур, аз соли 1865 оғоз меёбад. Он замон Фредерик Идестам, муҳандиси корҳои кӯҳии фин, дар шаҳри Нокиа фабрикаи начандон калони коркарди чӯбро сохта буд.
Соли 1920 бошад, онро ба корпоратсия табдил дод, ки ба ҳайати он се ширкати истеҳсолкунандаи коғаз, резин ва нимноқилҳо дохил мешуданд. Баъд аз ҷанг ширкат ба электроника низ машғул гардид. Баъдтар он самти нисбатан ояндадори онро корбаст намуд. Ширкат қисми бештари вақти худро ба тадқиқот ва коркарди  алоқаи электронӣ сарф мекард.
Дар асоси технологияи корпоратсияи «Nokia» соли 1981 андозаи алоқаи рақамии NMT сохта шуд, ки он барои ҳамаи истеҳсолкунандагон ва истифодабарандагон дастрас буд. Ин навъи алоқа дар Скандинавия зуд паҳн гардида, сипас ба дигар минтақаҳои Аврупо гузашт. Он замон аввалин телефонҳои дастии ҳанӯз  калону вазнин пайдо шуд.
Солҳои 80 – уми асри гузашта барои ширкат чандон солҳои бобарор набуданд. Мушкилоти он ба буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ алоқаманд буд. Одамон, ҳатто коркунони худи ширкат, ҳанӯз ба ояндаи алоқаи рақамӣ ва телефонҳои мобилӣ бовар надоштанд. Самти фаъолияташон, барои бисёриҳо торик менамуд. Аммо, бо вуҷуди ин, роҳбарият тасмим гирифт, ки электроникаро мавриди амал қарор диҳад. Роҳбарияти ширкати «Nokia» ба ояндаи телефони мобилӣ эътимод дошт.
Охири солҳои 80 – ум бо иштироки як қатор ширкатҳо, ки дар байни онҳо «Nokia» низ буд, андозаи нави алоқаи рақамӣ – GSM пешниҳод гардид. Пасон, «Nokia» иҷозатномаро барои стандарти GSM ба ширкатҳои финӣ фурӯхт. То соли 1996 стандарти GSM боз дар 9 кишвари Аврупо пайдо шуд. Баъд аз як сол стандарти GSM аллакай дар 31 кишвар кор фармуда мешуд. Соли 1998 ширкат тадриҷан аз рӯи суръати тараққиёт бо чунин ширкатҳои бузург, ба монанди «Ericsson» - и  шведӣ ва «Motorola» - и амрикоӣ дар як саф меистод.
Шакли зоҳирии телефонҳои дастии «Nokia» зебо ва дилкаш буда, боэътимод ва мустаҳкам мебошанд. Истифодабарандагон дар тамоми олам онҳоро хеле зуд ҳамчун меъёри алоқаи рақамӣ эътироф карданд. Одамон телефонҳоро аз рӯи салиқаи худ харидорӣ мекунанд, «Nokia» бошад, қобилияти қаноатманд кардани ҳар гуна муштариро дорад.
Финҳо тавонистанд, ки ба қалби истифодабарандагон роҳ ёфта, яке аз бузургтарин ширкатҳои ҳозиразамонро созмон диҳанд. Имрӯз дар «Nokia» даҳҳо ҳазор нафар одам кор мекунанд, даромади солонаи корпоратсия миллардҳо долларро ташкил медиҳад. Ҳоло ҳам «Nokia» дар бозори телефонҳои мобилӣ ҳиссаи худро дорад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ

 

Писарак, ки вақти тӯлонӣ омадани падари футболбозашро интизор буд, баробари ӯро дидан, бо ҳаяҷон мепурсад:
- Дада рост аст, ки шумо 2 гол задед.
- Рост…
- Ура, яъне бозӣ ба ҳисоби 2 бар 0 бурди шумо шуд.
- Не, писарам: як бар як

 

ХАТАР
ОЁ ТЕРРОРИСТОН ДАР БАНДАРҲО ПАЙДО МЕШАВАНД?
Таҳдиди глобалии терроризм имрӯз аз ҳама тараф интизоршаванда аст. Баъди «сешанбеи сиёҳ» - 11 сентябри соли 2001 – кӯшиши асосии маъмурият, конгресс ва хадамоти махсуси ИМА дар соҳаи таъмини бехатарии кишвар аз ҳуҷуми террористон ба фазо, яъне ба зада гардондани таҳдиди ҳавоӣ нигаронда шудааст. Ба ин амал вақт ва маблағи хеле зиёд сарф гаштаанд ва мешаванд. Ба бастани дигар роҳҳо ва тарзҳои ҳуҷум камтар диққат медиҳанд. Ҳарчанд террористон метавонанд дар ин навбат ба бандарҳои бузурги соҳили ҷанубии ИМА ҳуҷум оранд ва киштиҳои калонҳаҷми сайёҳиро ғасб намоянд.
- Дарвоқеъ, имрӯз, - навистааст журналист М. Штейнберг, -  сохторҳои зиёди татқиқотии ИМА, Англия ва Русия вуҷуд доштани имконияти ҳуҷуми навбатии террористонро дар баҳру уқёнусҳо пешгӯӣ мекунанд. Зеро дар минтақаҳои обӣ зиёда аз 50 ҳазор киштии мусофирбару боркаши ҳаҷми ғунҷоишашон беш аз 500 тонна дар шиноанд, шумораи киштиҳои хурд беҳисоб аст.
Дар замони мо қариб 90 дарсади ҳамаи боркашонии ҷаҳон ба нақлиёти обӣ рост меояд. Танҳо дар ИМА 360 бандар ҳаст, ки рӯзе зиёда аз 7500 киштӣ «даро баро» мекунад ва бештар аз якуним миллиард тонна бор мекашонад. Шумораи контейнерҳо бошад на кам аз 6 миллион адад дар як солро ташкил медиҳад. Ин маълумот ба таври аёнӣ гувоҳӣ медиҳад, ки имконияти ҳуҷуми террористон дар баҳру уқёнусҳо ва соҳилҳои давлатҳои наздибаҳрӣ вуҷуд дорад ва ин хатарро бояд бо ҳар роҳ пешгирӣ кард.
«Ал-Қоида», ташкилоти террористӣ, соҳиби дастаи киштиҳои ҳарбист, ки шуморааш ба 19 – то мерасад. Экстремистҳо онҳоро солҳои 2002 – 2003 ба воситаи ташкилоти миёнарав аз бозори Юнон ва ҳам аз роҳзанҳои баҳрии галаҷазираҳои Индонезия  харидаанд. Ва имрӯз онҳо пас аз таъмир ва дигар кардани номҳояшон дар бандарҳои хурд ва ҷазирачаҳои уқёнуси Ҳинд интизори лаҳзаи қулай истодаанд. Онҳо гуногуннамуданд ва ғунҷоишашон 200 – 300 тоннаро ташкил медиҳад, яъне ба синфи киштиҳои хурд мутааллиқанд, аз ин рӯ, аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам минтақавӣ назорат бурда намешаванд ва метавонанд баъди бо пулемёту пушка ва дастгоҳҳои зенитӣ ё маводи тарканда таҷҳизонидан бемалол амалиёти террористӣ анҷом диҳанд. Ҳар як чунин киштӣ дорои аз 2 то 4 катери тезгард аст. Ин катерҳоро бо асбобҳои тарконанда муҷаҳҳаз намуда, ба воситаи тарконандаи киштиҳои бузург ва бандарҳо  табдил додан мумкин аст.
Соҳиб будан ба киштӣ, кема ва катер – брандерҳо (брандер – киштии пур аз моддаҳои тарканда) ба террористон имкон фароҳам меорад, ки ба дилхоҳ нишон ҳамла оранд. Соли 2000 ду террорист брандери худро дар бандари Адени Яман ба эсминеси амрикоии «Коул» равона кард, «Коул» таркид, вале дар рӯи об монд. 17 баҳрнавард ҳалок шуд, 30 нафар захм бардошт. Баъди ду сол чунин брандер дар соҳилҳои Яман киштии моеъкашони франсузӣ «Лимбург» - ро тарконд. Бинобар ин, имрӯз такрор шудани чунин ҳодисаҳо бо киштиҳои азими сайёҳӣ аз эҳтимол дур нест ва аз ҳоло бояд барои пешгирии онҳо замина гузошт.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ

 

ДАСТНАВИСҲО
компютери нав онҳоро низ нусхагирӣ мекунад
Муҳаққиқони Донишгоҳи Лондон алгоритмеро сохтанд, ки метавонад махсусиятҳои дастхати инсонро омӯхта, онро нусхабардорӣ ва пасон матнро рӯнавис намояд.
Пажӯҳишгарон тавассути барномаи махсуси компютерӣ ҳарфҳои нав бароварда, бо намунагирӣ аз матни дастнависшуда, шакли онро дар барномаи махсус ҷой карда, сипас он ҳусни хати инсонро бо ҳамон тарз, айнан менависад.
Ҳамакнун, ин барномаи вожасозу иборапардоз бо сабкҳои мухталиф ҳарфҳоро тағйирдода, матнҳоро «бо сифти олӣ беҳтар аз инсон» дастнавис менамояд.
Номи ин барнома «система» - и компютерии «Матни ман бо дастхати Шумо» (My Text In Your Handwriting) ном дорад ва намунаи дастнависҳои афроди таърихӣ - Авраам Линколн, Артур Конан Дойл ё Шерлок Холмс мавриди озмоиш қарор гирифтааст.
Ҳарчанд ибораи «Элементарно, Ватсон» (ҳикояҳои хурди дастнавис дар бораи Шерлок Холмс) - ро Артур Конан Дойл боре нанавиштааст, вале муҳаққиқони ин донишгоҳ муваффақ шуданд, ки ин ҷумларо бо ёрии барномаи нав бо дастхати вай бинависанд.
Таҳияи Раҳматуллоҳи РАМАЗОН

 

ЛУТФИ БУЗУРГОН
Боре адибу режиссёри маъруфи немис Бартолд Брехт аз як муаллифи номаълуми музофотӣ номае гирифт: «Ман аз дромнависони тамоми замону тамоми халқҳо бо он фарқ мекунам, ки вергул намемонам, зеро онро нодаркор медонам. Агар фикри шумо дигар бошад, хоҳишмандам ба ҳар ҷое, ки лозим донед, вергул монед. Бо эҳтироми бепоён Морис фон Морбах».
Асари ӯро баргардонда, Брехт чунин навишт: «Ҷаноби муҳтарам фон Морбах! Хоҳишмандам, минбаъд танҳо вергулҳоро фиристед, чунки онҳо хеле заруранд. Боқии асарро як бало карда, худам менависам».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2016    №: 172    Мутолиа карданд: 2359

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед