logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёд дар Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, 26 августи соли 2016

Муҳтарам омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Илму дониш ва сарвати зеҳнӣ дар ҳамаи давру замонҳо неруи асосии рушди ҷомеаи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар ҷаҳони муосир сатҳи илму дониши аҳолӣ яке аз ченакҳои асосиву муайянкунандаи қудрату тавоноии халқу миллатҳо мебошад. Зеро баробари устувор гардидани мавқеи илму дониш ҷомеа ҳамаҷониба рушд намуда, рӯзгори мардум ободу пешрафта мегардад ва назму низом дар ҷомеа таҳкиму тақвият ёфта, пешрафти давлат таъмин мегардад.  
Бузургони илму адаби мо ҳамеша ҳақиқати бебаҳсро тарғиб кардаанд, ки барои бунёди ҷомеаи воқеан фарҳангиву пешрафта рӯй ба мактабу маориф овардан зарур мебошад.
Ҳукумати мамлакат баробари ба даст овардани истиқлолият бо дарназардошти аҳамияти бузурги масъалаи мазкур, фароҳам овардани шароити мусоидро барои наврасону ҷавонон дар роҳи азхудкунии донишу маърифат дар маркази сиёсати иҷтимоии худ қарор дод.
Сохта ба истифода додани мактабҳои нави замонавӣ яке аз тадбирҳои асосии дар ин самт андешидашуда мебошад, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ теъдоди онҳо дар кишвар қариб дуюним ҳазорро ташкил медиҳад.  Аз ҷумла ҳар сол дар остонаи соли нави таҳсил, ки ба рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни муқаддаси миллиамон - Истиқлолияти давлатӣ рост меояд, дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ соҳиби мактабҳои наву замонавӣ мегарданд.
Имрӯз дар остонаи фарорасии соли нави хониш хонандагони деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиби мактаби нав гардиданд, ки мову шумо чанд лаҳза пеш шоҳиди ба истифода супурдани он шудем.
Вобаста ба ин рӯйдоди хотирмон ҳамаи шумо, омӯзгорону хонандагон ва аҳли маорифи ноҳияро ба муносибати ҷашни фархундаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрии кишвари азизамон ва ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ самимона табрик мегӯям.
Муассисаи таълимии имрӯза барои 640 ҷойи нишаст бо сарфи беш аз 18 миллион сомонӣ бунёд гардида, туҳфаи идонаи Ҳукумати мамлакат ба устодону шогирдони ин даргоҳи илму маърифат дар остонаи ҷашни камолоти давлати соҳибистиқлоламон ва соли нави хониш мебошад.
Мактаби навбунёд дар деҳоти Навобод дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ чордаҳумин муассисаи таълимие мебошад, ки бо тамоми шароити муосири таълиму тарбия таъмин гардида, фарзандони мардуми ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ба таҳсил фаро гирифтааст. Яъне то имрӯз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳия барои 5500 ҷойи нишаст мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд карда шудаанд. 
Бояд гуфт, ки шогирдони мактабҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар вилояти Хатлон дар самти азхудкунии донишу малака мавқеи сазоворро ишғол мекунанд. Яке аз омилҳои расидан ба чунин натиҷа таваҷҷуҳи аҳли маорифу ҷомеа ва падару модарон ба масъалаи таълиму тарбия мебошад.
Ҳукумати мамлакат ба масъалаи беҳдошти минбаъдаи инфрасохтори соҳаи маориф ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар мактабҳои ноҳия таваҷҷуҳи зарурӣ медиҳад. Ҳамин аст, ки аз соли 2011 инҷониб маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия се баробар зиёд гардида, танҳо соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 44 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.               
Ҳамдиёрони азиз!
Мактаб махзани илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад буда, зиндагии инсон ва амалишавии нақшаву ниятҳои ояндаи ӯ ба донише, ки дар даврони наврасӣ аз худ мекунад, вобастагии амиқ дорад. Ва ин даргоҳи маърифат бояд аз уҳдаи рисолати асосии худ, яъне ба камол расондани шахсият ва инсони ҳамаҷониба рушдёфта баромада тавонад.
Маҳз ба ҳамин хотир мактабро макони муқаддас меноманд ва падару модарон бо умед фарзанди худро ба ихтиёри мактабу омӯзгор месупоранд, ки босаводу хушахлоқ ба камол расида, дар зиндагӣ мавқеи худро пайдо намояд.
Мактаб дар баробари манбаи азхудкунии дониш ва обутоби ҷисмонӣ буданаш, заминаи асосии омӯзиши хулқу атвори нек аст, ки хонанда ин боигарии маънавиро дар баробари волидайни худ аз устодонаш мегирад. Маҳз бо ҳамин мақсад мо нақши омӯзгорро дар ташаккули инсони бофазлу маърифат асосӣ арзёбӣ мекунем ва ба нақши ӯ таваҷҷуҳи зарурӣ медиҳем.
Муҳити тарбиявии мактаб бояд тарзе ташаккул дода шавад, ки барои аз худ кардани сифатҳои неки инсонӣ, аз ҷумла тозагии гуфтор, дурустии  рафтор, муомилаи хуш, тарзи либоспӯшӣ ва дигар сифатҳои ҳамидаи инсонӣ, мусоидат карда тавонад.   
Дар баробари ин, ҳар як фарди ҷомеа ва дар навбати аввал, падару модарон бояд хуб дарк намоянд, ки асоси ободии ҷомеа ва омили муҳимтарини бунёди давлати пешрафта тарбияи инсони солим ва бофарҳангу эҷодкор аст. Тарбия ва ба камол расондани чунин инсон берун аз оилаи солим муяссар нахоҳад шуд. 
Мо қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро маҳз бо ҳамин сабаб қабул кардем, то ин ки волидайн вазифаи инсонӣ ва рисолати қонунии худро дар назди фарзандон дар самти таълиму тарбияи онҳо дар сатҳи зарурӣ иҷро намоянд.
Дар осори илмӣ ва фарҳанги динии мо низ дар боби вазифаҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таъкид шудааст, ки ба фарзандон илму дониш биёмӯзед, зеро талаби илму дониш бар банда фарз ва дар назди Худованд ибодат буда, омӯзондани илму дониш садақа аст. 
Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки барои боз кардани асрори илм ва ошноӣ бо навгониҳои илму технологияҳои муосир фарзандони мо бояд беш аз ҳарвақта мутолиа кунанд, забони давлатиро хуб донанд ва забонҳои хориҷиро аз худ намоянд, ки дар оянда ҳамчун шахси барои ҷомеа зарурӣ ва соҳиби касбу ҳунари замонавӣ ба воя расанд.
Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф ҳоло дар мамлакатамон тамоми шароити ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ фароҳам оварда шудааст. Имрӯз ҳатто дар ноҳияҳои дурдасттарини кишварамон мактабҳои ободи замонавӣ, китобхонаҳо, марказҳои таълимӣ ва хизматрасонии иттилоотӣ бунёд шудаанд.
Ҷавонону наврасони мо бояд хуб дарк намоянд, ки айёми ҷавонӣ зуд мегузарад. Аз ин рӯ, имкониятҳои давраи тиллоии ҳаётро босамар ва мақсаднок истифода намоянд.
 Дар хотир дошта бошед, ки маҳз аз надоштани дониши кофӣ ва огоҳии комил аз арзишу манфиатҳои миллӣ, инчунин бо сабаби дарк карда натавонистани воқеиятҳои ҷаҳони муосир ҷавонони мо ба осонӣ туъмаи муборизаҳои мафкуравии доираҳои ғаразнок шуда истодаанд.
Мувофиқи таҳлилҳо қариб 80 фоизи гумроҳшудагон, яъне онҳоеро, ки аз кишвари мо ба созмонҳои экстремистиву террористӣ пайвастаанд,  ҷавонони аз 18 то 25 - сола ташкил медиҳанд. Ҳарчанд ки қисми зиёди онҳо дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, донишу саводи кофӣ надоранд.
Ҳозирини арҷманд!
Илму дониш воқеан пешвои амал буда, фарди соҳибилму бомаърифат шахси саодатманд аст. Зеро инсон танҳо бо азхудкунии илму дониш дилашро аз ҷаҳолат озод менамояд ва ба мартабаву мақоми баланд  мерасад.
Дар навбати худ дониш тавоноии шахс ва дар маҷмӯъ, қудрати миллат аст. Ин маънии баландро ҳанӯз ҳазор сол қабл Ҳаким Фирдавсӣ ба шакли бисёр зебо гуфта буд:  «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад».
Дар аксари сарчашмаҳои таърихӣ мардуми мо ҳамчун миллати қадимаи фарҳангӣ, соҳибкитоб ва соҳибтамаддун эътироф шуда, мақоми табақаи донишманд, соҳиби дафтару девон, омӯзгор ва мураббии маънавиро доштаанд.
Маҳз бо ҳамин боигарии фарҳангӣ мардуми сарбаланди мо дар масири таърих неруи маънавӣ ва имкониятҳои илмиву фарҳангии худро ҳаргиз аз даст надода, ба ин восита ҳифзу наҷоти худро аз ҳама гуна хатарҳо таъмин намудаанд. Шумо, наврасону ҷавонони имрӯза фаромӯш насозед, ки вориси чунин фарҳангу тамаддуни қадима будан боиси ифтихор мебошад.
Ман ба неруву хирад ва ақлу заковати мардуми фарҳангсолори тоҷик, бахусус ҷавонону наврасони саодатманди мамлакат ҳамеша бовар дорам ва итминон дорам, ки фарзандони мо ба қадри ғамхориву заҳматҳои Ҳукумати мамлакат, роҳнамоии падару модар ва тарбияи неки омӯзгорони худ мерасанд ва кишвари сулҳпарвару соҳибтамаддуни худро дар арсаи ҷаҳон бо дастоварду муваффақиятҳои нав муаррифӣ мекунанд.
Махсусан, шогирдони мактаби ифтитоҳшуда дар соли камолоти давлати соҳибистиқлоламон вазифадоранд, ки ҳарчи бештар илму дониш омӯзанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунанд ва дар оянда саҳми арзандаи худро дар ободии Ватан гузошта, номбардори миллату давлати худ гарданд.
Дар интиҳо бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони меҳмоннавози ноҳияро, ки бо номи мутафаккири бузурги олами илму ирфон, фарзанди барҷастаи халқи тоҷик - Ҷалолиддини Балхӣ номгузорӣ шудааст, ба муносибати ҷашни бузургу фархундаи 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи боргоҳи нави илму маърифат табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодати рӯзгор ва барори кор мехоҳам.
Доимо сарбаланду сарфароз бошед, ҳамдиёрони азиз!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2016    №: 172    Мутолиа карданд: 7689

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед