logo

сиёсат

ИДОМАИ САФАРИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ХАТЛОН

ДАР ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ТУХМИПАРВАРИИ БА НОМИ ФАЙЗАЛӢ САИДОВ
25 август дар ноҳияи Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои саҳроӣ  дар хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидов шинос шуд. Ин хоҷагии тухмипарварӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, ҳамчун хоҷагии зертобеи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ресандаи Қӯрғонтеппа» таъсис дода шуда, алҳол дар тавозуни он 4 ҳазору 394,3 гектар замини корами обӣ мавҷуд мебошад.
Кишоварзон ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки онҳо соли равон дар заминҳои хоҷагӣ дар майдони 915,1 гектар ғалладона, 3 ҳазору 50 гектар пахта, 57,4 гектар картошка, 210,4 гектар сабзавот ва 112,9 гектар зироати хӯроки чорво кишт намуда, ҳосили гандум, ҷав, ҷуворимакка, картошка, сабзавот ва полизиро пурра ва беталаф ҷамъ овардаанд.
Аз ҳар гектар 50 - сентнерӣ гандуму ҷав, 44 - сентнерӣ ҷуворимакка, 262 - сентнерӣ картошка ва 268 - сентнерӣ сабзавот  ҷамъоварӣ шудааст, ки ин нишондод нисбат ба дурнамо аз 1 то 16 фоиз бештар аст.
Дар ҳудуди хоҷагӣ ду гектар боғ ҳам бунёд шудааст. Бо ба роҳ мондани агротехникаи дуруст ва нигоҳубини хуб, боғи навбунёд аллакай дар соли сеюмаш нашъунамои хуб намуда, хоҷагидорон дар соли оянда аз он ҳосили дилхоҳ интизоранд.
Зироати асосӣ пахта буда, кишти он 69,4 дарсади замини корами хоҷагиро ташкил медиҳад. Имсол мувофиқи дурнамо бояд 6731 тонна пахта истеҳсол карда шавад, ки он аз ҳар гектар 21,3 - сентнериро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо фаъолияти заҳматкашон бо чидани аввалин паға аз ниҳолони пурбори хоҷагӣ ба маъракаи чиниши пахта оғоз бахшид ва барои пурраю беталаф ҷамъоварӣ кардани он дуои хайр дод.
Сарвари давлат ҳамзамон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии заҳматкашони хоҷагӣ дидан кард.

ИФТИТОҲИ ГИМНАЗИЯИ ХУСУСӢ
Бо буридани лентаи рамзӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти муассисаи таълимии "Гимназияи хусусии хонандагони лаёқатманди ба номи Аминҷон" - и шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз бахшид.
Муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Амонулло Саъдуллоев сохта шуда, дорои шароити муосири таълимӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо техникаву технологияи муосири илмомӯзист ва имкон дорад дар як баст 640 нафарро ба омӯзиш фаро гирад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои таълимӣ, синфхонаҳои фаннӣ ва толору маҷлисгоҳҳои муассиса дидан намуда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд дод.
Муассисаи хусусӣ аз 24 синфхона иборат буда, дар он 2 ҳуҷра барои омӯзиши компютер, 1 - то барои омӯзиши фанни физика, 1 синф барои омӯзиши фанни химия ва 1 адади дигар барои омӯзиши фанҳои биологияву технология пешбинӣ гардидаанд.
Муассисаи таълимӣ дар масоҳати 5 гектар замин сохта шуда,  дорои толори варзиш, майдончаи варзиш барои футболу волейбол, баскетбол ва майдончаи сафороӣ барои дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ буда, дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ дар муосиртарин шароит доир карда мешаванд. Маҷлисгоҳи гимназия барои 126 нафар пешбинӣ гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарият ва омӯзгорони гимназияро ба роҳандозии усулҳои муосири таълимӣ ва тарбияи дурусти насли наврас ҳидоят намуд.

ФИЛИАЛИ ҶСП «СПИТАМЕНБОНК» СОҲИБИ ИМОРАТИ НАВ ШУД
Дар кӯчаи Борбади шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали ҶСП «Спитаменбонк» ба истифода дода шуд.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии иншооти сохташуда ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар он то 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз шароиту имконоти фароҳамовардашуда дидан карда, ба кори сохтмончиёну меъморон баҳои баланд дод.
Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои кормандон муосиртарин шароит фароҳам оварда шудааст.
Сандуқи қарзии филиали ҶСП «Спитаменбонк» дар шаҳри Қӯрғонтеппа қариб 12 миллион сомониро ташкил дода, бештари  маблағ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсолот ва хоҷагии қишлоқ ҳамчун қарз пешниҳод шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2014 оғоз гардида, сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нузам» тавонистанд онро бо сифати баланд дар рӯзҳои истиқбол аз Ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта, ба истифода диҳанд.
Арзиши лоиҳавии бино беш аз 8 миллион сомониро ташкил дода, дар рафти сохтмон тамоми унсурҳои меъмориву шаҳрсозӣ ба инобат гирифта шудаанд.

БИНОИ 15 - ОШЁНА ДАР ШАҲРИ ҚӮРҒОНТЕППА ҚАД АФРОХТ
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои нави истиқоматиро ифтитоҳ кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо эҳтироми самимӣ пешвоз гирифтанд.
Баъди буридани лентаи рамзӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зист ва хизматрасонию савдо дар бинои истиқоматии 15 - ошёна, воқеъ дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ шинос шуда, ба 2 нафар калиди хонаҳои истиқоматиро дар вазъи тантанавӣ супурд, ки яке ятими кулл ва дувумин оилаи афсаре буд, ки ҳангоми ҳифзи амну суботи кишвар аз дасти бадхоҳон ба ҳалокат расидааст. Сарвари давлат изҳор дошт, ки қаҳрамониҳои афсарону сарбозон ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд. Ятимон низ дар ягон ҳолат бояд худро танҳо эҳсос накунанд, зеро Ҳукумати кишвар пайваста баҳри зиндагии шоистаи эшон андеша намуда, тамоми шароити будубош ва таълимро барояшон муҳайё месозад.
Фармоишгари бинои боҳашамати мазкур идораи сохтмони асосии шаҳр ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Камар Товар» мебошанд.
Маблағи умумии сохтмони иншоот 37 миллиону 341 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бинои мазкур аз 120 ҳуҷра иборат буда, бо шаклу унсурҳои милливу муосир бунёд карда шудааст. Дар корҳои сохтмонӣ ҳудуди 220 нафар сокини маҳаллӣ ва берун аз минтақа фаъолият кардаанд.
Дар маркази савдои бино, ки бо шакли замонавӣ сохта шудааст, 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд, ки ба тиҷорати ашёҳои маишӣ ва заргарӣ машғул мешаванд. Бинои навсохт дорои ҳуҷраҳои барҳаво ва дигар шароити муосир барои сокинони манзили истиқоматӣ мебошад.

ИФТИТОҲИ ШУЪБАИ МИНТАҚАВИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ҶИНОЯТҲОИ МУТАШАККИЛИ ВКД ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар вазъияти тантанавӣ бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ намуд.
Баъди буридани лентаи рамзӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бинои 3 - ошёна бо шароити кори кормандон аз наздик шинос шуд. Бино аз 36 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, бо сифати  хуби меъморӣ бунёд шудааст.
Фармоишгар раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиён ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Сари Хосор» ва «Меҳрсоз» мебошанд.
Маблағи умумии сохтмони бино, ки аз ҳисоби буҷети давлат ҷудо гардидааст, 2 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо шароити кор дар бино Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин иншооти замонавиро ба кормандон муборакбод гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ҳидоят кард.

БИНОИ НАВИ ТЕАТРИ ВИЛОЯТИИ МУСИҚӢ - МАЗҲАКАВИИ БА НОМИ АТО МУҲАММАДҶОНОВ ФАЪОЛ ШУД
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бинои хуштарҳу замонавии театри мазкур барои 800 нафар тамошобин пешбинӣ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 26 миллион сомонӣ бунёд шуд. Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамомада Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бунёди ин иншооти фарҳангиро дар остонаи ҷашни сарнавиштсози миллат – 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои аҳли ҳунар туҳфаи арзанда арзёбӣ намуд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави дуошёнаи театр соли 2014 оғоз гардида буд ва корҳои бунёдиро дар иншооти мазкур ҳамчун пудратчии асосӣ ҶДММ «Собир САМ» ба уҳда дошт.
Дар ин ҷо беш аз 20 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҷои машқу тамрини ҳунармандон, ороиши чеҳра, нигоҳдории либосҳои саҳнавӣ, ошхона ва ҷой барои истироҳати ҳунарпешаҳои театр бунёд гардидааст, ки ҳама бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии соҳа таъмин карда шудаанд.
Ба гуфти мутахассисон, бо чунин тарҳ бунёд гардидани театр дар самти фаъолияти касбии ҳунармандон мусоидати бештар хоҳад кард, зеро саҳнаи марказии толори тамошобинон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ чархзананда буда, дар вақти таҳия ва пешниҳоди намоишномаҳо ороиш ва дигаргун намудани саҳна осон сурат мегирад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бо фароҳам гардидани чунин шароит аҳли театрро зарур аст, ки пайваста дар сафи пеши тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта, масъалаҳои нав ва мубрами ҳаётро дар даврони истиқлол ба миён гузоранд. Ҳар як ҳунарманд бояд таҷассумгари фарҳанги волои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ бошад, то тавонад дар алоҳидагӣ ҳамчун тимсоли ибрат ба насли ҷавон таъсири нек расонад.
Баъдан ҳунармандон ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон порчаҳо аз намоишномаҳои таҳиянамудаашонро муаррифӣ карданд.

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОСИ МАҶМААИ ВАРЗИШӢ, ФАРОҒАТӢ ВА ИСТИРОҲАТӢ
Пас аз ифтитоҳи бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии маҷмааи варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа оғози расмӣ бахшид.
Маҷмааи мазкур дар майдони 54 гектар марҳила ба марҳила бунёд гардида, қисмати бештари онро иншооти варзишӣ, ба монанди майдонҳои хурду калони бозии футбол, волейбол, баскетбол, теннис, толорҳои машқи бадан ва қасри намудҳои варзиши обӣ  ташкил медиҳанд.
Калонтарин майдони футболи маҷмаа барои 25 ҳазор тамошобин пешбинӣ шуда, он мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта мешавад ва аз ҷиҳати тарҳи меъморӣ дар кишварҳои минтақа назир надорад.
Зимни муаррифии лоиҳаи маҷмааи варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин ҷо ҳамзамон як кӯли сунъӣ сохта мешавад ва ҷиҳати таъмини истироҳати сокинон дар майдони 12 гектари дигар боғи фарҳангӣ - фароғатӣ бунёд карда хоҳад шуд.

НАМОИШГОҲИ ДАСТОВАРДҲО ВА ФЕСТИВАЛИ «ОШИ ПАЛАВИ ХАТЛОН»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва фестивали «Оши палави Хатлон» дидан намуд.
Зимни тамошои намоишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати кишвар мо метавонем ба татбиқи яке аз самтҳои стратегии ҷумҳурӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ бирасем ва бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.
Дар вилояти Хатлон 64 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулот машғул буда, дар соли 2016 бо истифода аз таҷрибаи пешрафта дар майдони беш аз 412 ҳазор гектар кишти зироатҳои гуногунро ба роҳ монданд.
Барои расидан ба натиҷаҳои назаррас, пеш аз ҳама, истифодаи самараноки замин ва аз худ кардани роҳу усулҳои нави парвариши зироат мусоидат намуд. Ҳамзамон фароҳам овардани шароит барои деҳқонон, аз қабили дастрас намудани техникаҳои муосири кишоварзӣ ва додани қарзҳои имтиёзнок барои гирифтани ҳосили дилхоҳ заминаи воқеиро ба вуҷуд овард.
Имрӯзҳо хоҷагидорон дар баробари таъмини бозори дохилӣ маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар низ содирот мекунанд. Дар шаш моҳи аввали соли равон аз вилояти Хатлон беш аз 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст ва дар ин самт ҳиссаи заҳматкашони ноҳияи Ҷайҳун назаррас арзёбӣ мегардад.
Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти мева низ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳо натиҷабахшанд. Танҳо дар соли равон 1390 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки оянда ин тадбир дар афзун гардидани ҳаҷми содиротӣ нақши асосӣ хоҳад дошт.
Имрӯз ҳамчунин даври ниҳоии фестивали «Оши палави Хатлон» баргузор гардид, ки дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дар 100 дег таоми миллии мардуми тоҷик - палав  омода карданд.
Ба ошпази беҳтарин «Кафгири заррин» ва ба дигар ғолибони фестивал туҳфаҳои молию пулӣ тақдим карда мешаванд.

НАМОИШИ ТЕАТРИКУНОНИДАШУДАИ АҲЛИ ФАРҲАНГИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа дар намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилоят ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни бузурги умумимиллӣ 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок намуд.
Қабл аз оғози барномаи идона Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди иштирокчиёни ин чорабинии фарҳангӣ сухан ронда, нахуст ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо сокинони вилояти Хатлонро бо санаи муҳими таърихӣ ҷашни тақдирсоз - Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, орзу намуд, ки ин неъмати худодод то абад ҳамчун нишонаи ифтихору сарбаландии миллати мо пойдору устувор бошад. Зеро ба шарофати ин ҳадяи тақдир кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва давлати тоҷикони куҳанбунёду тамаддунсоз дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ кард.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, мо истиқлолиятро муқаддас мешуморем ва барои ҳифзу таҳкими он дар зарфи чоряк асри сипаришуда бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди миллӣ ва масъулият дар назди Ватан саъю талоши ватандӯстона мекунем.
Ба андешаи Сарвари давлат, ҳамаи дастовардҳо туфайли меҳнати садоқатмандона ва пуштибонии амиқи мардум аз сиёсати давлату Ҳукумат ва бо кӯшиши ватандӯстонаи мардуми кишвар ба даст омадаанд. Таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ низ аз ирода ва хизмати бузурги мардуми солору хирадманди тоҷик мебошад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар охир бори дигар ҳамаи иштирокчиёни барномаи фарҳангии идонаро бо ҷашну идҳои умумимиллӣ шодбош гуфта, таъкид дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ ҳамон вақт устувору побарҷо мемонад, ки мардум муттаҳиду сарҷамъ, зираку ҳушёр бошанд ва дар дохили давлат ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил ҳукмрон гардад. Сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами истиқлол ва кафолати рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошанд.
Баъди анҷоми суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон намоиши рангини театрикунонидашуда оғоз гардид, ки тараннумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

КОРХОНАИ НӮШОКИҲОИ ТАШНАШИКАНИ ҶДММ “СОМОН”
26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ омада, дар Ҷамоати деҳоти Навобод марҳилаи дуюми корхонаи коркарди нӯшокиҳои ташнашикани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон”- ро мавриди истифода қарор дод.
Санги асоси корхонаи мазкур ҳанӯз соли 2013 аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми анҷом додани сафари корӣ ба ин ноҳия гузошта шуда буд. Бинои корхона дар асоси лоиҳаи ҶДММ «Архиком» - и шаҳри Душанбе сохта шуд. Корхонаи коркарди меваю сабзавот, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Чиллахон Тоҳиров ба маблағи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд гардид.
Ҳоло иқтидори истеҳсолии корхона афзун гардида, дар он дар як сол имкони истеҳсоли то 300 тонна маҳсулоти тайёр мавҷуд аст. Ба воситаи технологияи муосире, ки дар ин коргоҳ насб шудааст, аз меваю сабзавот метавон ҳамагуна нӯшокиҳои ташнашикан омода намуд. Айни ҳол дар ин корхона истеҳсоли 5 навъи шарбати мевагии табиӣ бе омехтаи маводи кимиёӣ аз шафтолу, зардолу, себ, олуча ва анор ба роҳ монда шуда, зери тамғаи "Сомон" ба харидорон пешкаш гардонда мешавад. Маҳсулот барои коркард дар ин корхона тибқи шартнома аз хоҷагиҳои ноҳия дастрас мегардад. Оғози фаъолияти корхонаи мазкур барои 30 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимиро фароҳам овард.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо фаъолияти коргоҳи дуюми корхонаи коркарди меваю сабзавот аз наздик шинос шуд. Дар ин коргоҳ бо истифода аз технологияи ҳозиразамон дар як рӯз хушкондани то 20 тонна меваю сабзавот имконпазир аст. Маҳсулот барои содирот пешбинӣ шудааст. Масъулони корхона нақша доранд, ки дар оянда корхонаи коркарди маҳсулоти шириро низ таъсис диҳанд.
Сарвари давлат ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба масъулон дастур дод, ки ҳангоми омода намудани навъҳои гуногуни маҳсулот аз меваю сабзавот ба сифати он аҳамияти зарурӣ дода, маҳсулоти бозоргир ва қобили содиротро истеҳсол намоянд.

МАКТАБИ НАВ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 - ро ифтитоҳ кард.
Хонандагон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳи хоса ва қадршиносӣ аз талошҳои Пешвои миллат нисбат ба насли ояндаи кишвар истиқбол гирифтанд.
Дар вазъияти тантанавӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, мактаби наву замонавиро барои 640 нафар дар деҳоти Навобод мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи мактабро ба хонандагону устодон муборакбод гуфта, таъкид дошт, ки ин туҳфаи арзанда ба муносибати ҷашни бузурги умумимиллӣ ва санаи муқаддасу таърихии 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад, ки аз тарафи Президент ва Ҳукумати кишвар тақдим мегардад.
Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи СТС «Иншоот» - и шаҳри Душанбе мебошад. Барои сохтмону таҷҳизонидан наздики 19 миллион сомонӣ сарф шудааст. Дар рафти сохтмон қариб 170 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуд. Барои бунёди мактаб моҳи октябри соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо санги асос гузошта буд ва сохтмон моҳи апрели соли 2015 оғоз гардид.
Барои ба таълим фаро гирифтани фарзандони сокинони деҳот ва таъмини шароити созгори таҳсил 27 синфхонаи барҳаво, ҳуҷраҳои фаннӣ, аз ҷумла химия, физика, биология ва компютерӣ бо дастрасии  25 адад компютери муосир ва 12 адад дастгоҳи чопкунанда бунёд шудаанд.
Мактаби сеошёна бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, ҳамчунин аз ошхона бо 150 ҷой, толори варзиш бо 200 ҷои нишаст, майдончаҳои варзишӣ бо 810 ҷои нишаст барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, толори китобхона бо 190 ҷой, маҷлисгоҳ бо 370 ҷои нишаст ва синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ, аз қабили пухтупаз ва дӯхти либос иборат мебошад. Толори маҷлисгоҳ аз ҷониби устоҳои ҳунарманди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меъмор - 7” бо санъати баланди меъморию гаҷкорӣ сохта шудааст. Дар ҳуҷраҳои таълими меҳнат писарон имкон доранд нозукиҳои касби дуредгарӣ ва челонгариро аз худ намоянд. Дар ин ҷо ҳамчунин дар ду ҳуҷра духтури дандон ва дигар табибон фаъолият мекунанд. Дар саҳни ҳавлии мактаб майдончаи махсус барои гузарондани дарсҳои тайёрии ҳарбӣ сохта шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити муосири таълим дар ин мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагон суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба аз худ кардани илмҳои замони муосир, технологияи компютерӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуд. Хонандагон ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзанда изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки бо хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ ба ин ғамхориҳо ҷавоб медиҳанд.

ОҒОЗИ ЧИНИШИ ПАХТА
Дар Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Беков ба маъракаи чиниши пахта оғоз бахшид.
Хоҷагии мазкур аз калонтарин хоҷагиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба шумор рафта, бисёрсоҳа мебошад. Аҳли меҳнат ба пахтакорӣ, шолипарварӣ, зотпарварӣ, тухмипарварӣ, зироаткорӣ, сабзавоткорӣ, аз ҷумла кишти полизӣ, лаблабу, карам, қаланфур ва кишти ҷуворимакка барои дон машғуланд. Заминҳои хоҷагӣ 1 ҳазору 574 гектарро ташкил дода, дар майдони 1 ҳазору 21 гектар навъҳои беҳтарини пахтаи “Хатлон - 2014” ва “Тоҷикистон” парвариш карда мешаванд. Дар хоҷагӣ  2010 саҳмдор фаъолият дорад.
Сармоягузор ширкати «Исмоили Сомонӣ» мебошад ва пахта тибқи шартнома дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи Сироҷиддин Исоев коркард мешавад. 
Аҳли заҳмат нақша дорад, беш аз 2 ҳазору 600 тонна ҳосил ба даст орад, ки ба ҳар гектар 25 - сентнерӣ рост меояд.
Зимни суҳбат бо меҳнаткашон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу намуд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2016    №: 172    Мутолиа карданд: 1016

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед