logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар варзишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, 25 августи соли 2016

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони мардуми бонангу номуси вилояти Хатлон!
Биступанҷ сол пеш миллати куҳанбунёди тоҷик ба неъмати бузурги сарнавиштсоз, яъне Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки имрӯзҳо мо ин падидаи бебаҳоро дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати сазовор таҷлил намуда истодаем. Маҳз ба шарофати ин ҳадяи тақдир кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва давлати тоҷикони куҳанбунёду тамаддунсоз дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, кулли сокинони сарбаланду ватандӯсти вилояти Хатлон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин ҷашни тақдирсоз самимона табрик гуфта, орзумандам, ки ин неъмати худодод то абад ҳамчун нишонаи ифтихору сарбаландии миллати мо пойдору устувор бошад.
Воқеан, истиқлолият барои ҳар халқу миллат сарвати ниҳоят арзишмандест, ки ҳастиву бақои миллат ва сарбаландии ҳар як фарди ҷомеа аз он вобаста мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо истиқлолиятро муқаддас мешуморем ва барои ҳифзу таҳкими он дар зарфи чоряк асри сипаришуда бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди миллӣ ва масъулият дар назди Ватан саъю талоши ватандӯстона мекунем.
Дар оғози ин давраи тақдирсоз давлати ҷавони мо ба озмоиши бисёр сангин ва зарбаи вазнини таърих дучор гардид. Дар чунин айёми ниҳоят ҳассос, хусусан, мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон ранҷу машаққати зиёд кашиданд. Зеро аксари воқеаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро бо чашми худ диданд, вале ҷавонмардонаву содиқона дар паҳлуи Роҳбари давлат истоданд.
Ман ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифи кишвар ҳамеша таъкид мекардам, ки барои обод кардани Ватанамон мо набояд ба умеди ягон кас шавем. Яъне мо бояд Ватанамонро бо обилаи дастони худамон созем ва онро ба як давлати пешрафта табдил диҳем. Тавре ки имрӯз ҳама мебинанду медонанд, бо заҳмати содиқона ва кӯшиши ватандӯстонаи мардуми кишварамон, аз ҷумла сокинони бонангу номуси вилояти Хатлон, мо дар роҳи расидан ба ин мақсади олии худ ба дастовардҳои бесобиқа ноил шудем.
Яке аз иқдомоти ватандӯстонаи халқи тоҷик дар ин давра заҳмати софдилонаи онҳо барои татбиқи се ҳадафи стратегии давлатамон мебошад. Гузашти вақт собит намуд, ки ҳадафҳои мазкур роҳнамои халқу миллати мо ба сӯи ободиву созандагӣ буда, дар иҷрои рисолати ватандорӣ ба мардуми сарбаланди кишварамон илҳому неруи тоза бахшиданд.
Ҳоло аз минбари ин ҷашни муқаддаси миллӣ бори дигар изҳор медорам, ки бо амалӣ шудани сиёсати созанда ва татбиқи ҳадафҳои олии давлат Тоҷикистони азизи мо дар шоҳроҳи бузурги рушду тараққиёт дилпурона ва бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Такроран иброз медорам, ки ҳанӯз дар марҳалаи аввали эъмори давлатсозӣ дар қатори тамоми мардуми кишвар кӯшишу талошҳо ва дастгирии сокинони бонангу номуси вилояти Хатлон хуб эҳсос карда мешуд, ки ин омили асосии бунёди давлати миллӣ ва умед ба фардои неки он буд.
Имрӯз ҳангоми мулоқот бо фаъолон ва сокинони вилоят барои дастгирии сиёсати давлат ва заҳмату талошҳои пайгирона ба аҳолии вилоят миннатдориву сипоси Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакатро расондам ва имрӯз бори дигар изҳор медорам, ки ин дастовардҳо ба мо маҳз ба шарофати дастгирии шумо ва кулли мардуми заҳматкаши Тоҷикистон муяссар гардидаанд.
Ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ки дар вазнинтарин рӯзҳои камбуди маводи озуқаворӣ кишоварзони вилоят, махсусан дар водии Қӯрғонтеппа, бо чӣ қадар ранҷу машаққати зиёд ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул шуда, мардуми дигар минтақаҳои кишварро бо маводи озуқа таъмин мекарданд.
Дӯстони азиз!
Таърихи биступанҷсолаи соҳибихтиёрии давлат нишон дод ва равшану возеҳ собит намуд, ки мафҳуми истиқлолият ва ризоияту ваҳдати миллӣ барои мардуми мо, воқеан, муқаддасу азизанд. Зеро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассосе, ки халқи тоҷик паси сар намуд, маҳз сулҳу субот ва ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ миллатро аз парокандагӣ ва кишвари азизамонро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид.
 Такрор ҳам шавад, бори дигар таъкид менамоям, ки таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ирода ва хизмати бузурги мардуми солору хирадманди тоҷик мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар вақте ки доир ба нақши истиқлолият дар ҳаёти ҷомеа ва давлат сухан мегӯем, бояд масъалаи ваҳдати миллӣ, зарурат ва аҳамияти ҳифзу таҳкими онро низ ҳамеша дар мадди назар дошта бошем.
Истиқлолияти давлатӣ ҳамон вақт устувору побарҷо мемонад, ки мардум муттаҳиду сарҷамъ, зираку ҳушёр ва дар дохили давлат ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил ҳукмрон бошанд. Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон, инчунин, тамоми азму талоши худро ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон, таъсир расонад.
Имрӯз ба таърихи биступанҷсолаи давлати навини хеш назар андохта, бо ифтихор гуфта метавонем, ки миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ бо заҳмати ватандӯстона ба оламиён худро ҳамчун халқи сулҳпарвару озодихоҳ ва созандаву бунёдкор муаррифӣ карда тавонист ва мо бо татбиқи нақшаву барномаҳои созандаамон дар роҳи эъмори Тоҷикистони нав - давлати орзуву ормонҳои миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудем.
Сокинони заҳматдӯсти вилояти Хатлон дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати мамлакатро дар зарфи бисту панҷ соли сипаришуда хуб эҳсос мекунанд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чи қадар корхонаҳои азими саноатӣ, иншооти замонавии иҷтимоӣ, роҳу пулҳои мошингарди ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, нақбҳо ва неругоҳҳои барқи обӣ бунёд гардиданд, ки барои тавсеаи ин раванд боз ҳам азму талош ва заҳмату дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо зарур аст.
Аз ин лиҳоз, баробари ба ҷо овардани шукронаи соҳибватанӣ ва ифтихор кардан аз Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи имонии ҳар яки мост, ки тамоми кӯшишамонро ба хотири таҳкими сарҷамъии миллат, тақвияти иқтидори давлат, ободии фардои кишвар ва осоиши зиндагии халқамон сафарбар намоем.
Ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами истиқлол ва кафолати рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошанд.
Дар ин рӯзҳои арафаи ҷашни бузурги умумимиллии биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чун ҳамеша орзумандем, ки сулҳу амонӣ дар ҳар як хонадони тоҷик ҳамеша пойдору ҷовидон ва осмони Ватани азизамон доим софу беғубор бошад.
Бигзор, 25 соли Истиқлолият ҳамчун 25 зинаи камолоти давлату миллат дар қалби ҳар як фарди бонангу номуси тоҷик оташи меҳру садоқатро ба хотири фардои неки Ватанамон фурӯзон нигоҳ дорад.
Бигзор, ормонҳои олии Истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши ояндаи неку дурахшони мардуми мо бошанд!
Бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланди вилояти Хатлон ва кулли мардуми шарифи кишварро ба ифтихори 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат ва саодати зиндагӣ орзу менамоям.
Ҷашни Истиқлолу Озодӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2016    №: 172    Мутолиа карданд: 7992

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед