logo

ҳуқуқ

ГУМРОҲӢ БА 12 СОЛ ЗИНДОНӢ ШУДАНИ СЕ НАФАР ОВАРДА РАСОНД

Бо вуҷуди он ки ҷангиёни «Давлати исломӣ»  бо аъмоли ваҳшиёнаашон ба нафрати оламиён гирифторанд, боз шахсони гумроҳе ёфт мешаванд, ки нияти ба ин созмони террористӣ  гаравиданро доранд. Шоир бамаврид фармудааст:
Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.
Воқеан,  хомӯш нишастану пеши роҳи онҳоро нагирифтан гуноҳ аст. Гумроҳшудагонро аз ин роҳ бояд баргардонд, то ба ислом доғ наоранду ба қотилони бераҳму хуношом мубаддал нагарданд.
Чанде қабл Сураё Ҷобирзода, судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сокинони ноҳияи Ваҳдат Диловар  Азизов, Руҳулло Ҳасанов ва Хушнуд Юлдошбоевро дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 32 қисми 3 - 4011 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста, ба онҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми  сахт таъйин кард. Онҳо бо шаҳрванд Юсуф Нуруллозода дар яке аз толорҳои варзишии шаҳри Ваҳдат аз рӯи намуди гӯштии тарзи озод машқ мекарданд.   Ю. Нуруллозода моҳи  июли соли сипаришуда аз Федератсияи Русия, тавассути Туркия ба Ироқ  рафта, то ҳол дар задухӯрдҳои  мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ иштирок менамояд. Ӯ тавассути телефони мобилӣ бо  шабакаҳои  иҷтимоии интернетӣ  Д.  Азизов, Р. Ҳасанов ва Х. Юлдошбоевро барои шомил  шудан ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ва иштирок дар задухӯрдҳои муссалаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ҷалб кард. Онҳо  моҳи январи соли равон бо мақсад ва  ғояҳои ин созмони террористӣ шинос шуда, тасмим гирифтанд, ки ба он шомил мешаванд.
Ҳамин тавр, бо маслиҳати пешакӣ,  Руҳулло Ҳасанов телефони мобилиашро ба маблағи ду ҳазору панҷсад сомонӣ фурӯхта, 26 феврал  аз шаҳри Ваҳдат се чиптаи хатсайри Душанбе - Бишкек харид. Худи ҳамон рӯз онҳо ба шаҳри Бишкек парвоз карданд. Ният доштанд, ки баъди як ё ду рӯз ба Туркия рафта,  дар он ҷо ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ шомил шаванд.
 Дар маҷлиси судӣ Х. Ҳасанов иброз дошт, ки писараш - Руҳулло донишҷӯ буда, муносибаташ  бо оила ва ҳамсоягону рафиқонаш хуб аст. Ӯро барои хушмуомилагиаш дар хонаву кӯча эҳтиром мекарданд.  Аз рафиқони писараш  танҳо Д. Азизовро  мешинохтааст, чунки  дар ҳамсоягиашон зиндагӣ мекардааст. Ба гуфтаи ӯ, писараш 26 феврал ба дарс рафта, тахминан  соати шаши бегоҳ ба хона баргаштааст.  Вай сумкаи варзишиашро гирифта, гуфтааст, ки ба варзишгоҳ меравад. Баъди чанд муддат ба ӯ хабар мерасад, ки  писараш бо Диловар Азизов саросемавор ба мошине савор шуда, рафтаанд. 
Номбурда сумкаи варзишии писарашро дар назди дарвозаи хонааш дида, дар ҳайрат монд.  Ба куҷо рафта бошад? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан роҳи хонаи  Диловар Азизовро пеш гирифт. Ба ӯ гуфтанд, ки Диловар барои иштирок дар мусобиқаи варзишӣ  ба Душанбе рафтааст. Ба  Руҳуллою Диловар чанд бор занг зад. Телефонҳои мобилиашонро хомӯш карда будаанд.  Ба дилаш шубҳа афтод ва  писараш Лутфуллоро  ба фурудгоҳи Душанбе фиристод. Маълум гашт, ки Руҳулло бо шариконаш аллакай ба Бишкек парвоз кардааст. Ба Вазорати корҳои дохилӣ занг зада, дар ин хусус хабар дод.  Баъд аз ин, кормандони вазорат ба ҳамтоёни қирғизи худ дар тамос шуда, масъалаи дастгир намуданашонро  ба миён гузоштанд.
27 феврал  ин гумроҳон аз ҷониби мақомоти  ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон дастгир  ва ба Тоҷикистон баргардонда шуданд. Зимни дастгир кардани Д.  Азизов аз ӯ телефони мобилиаш гирифта шуд. Дар он суҳбати номбурда бо Ю. Нуруллозода, ки тавассути  шабакаи «Вотсап»  анҷом додааст, сабт шудааст.  Диловар, Руҳулло ва Хушнуд,  новобаста аз иродаашон, мақсади худро дар хусуси анҷом додани ҷиҳод дар Ироқ амалӣ карда натавонистанд.
Суд дараҷаи хавфнокии ҷинояти содирнамудаи Диловар  Азизов, Руҳулло Ҳасанов ва Хушнуд Юлдошбоевро, ки  муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат равона гардидааст, ба асос гирифта, дар доираи санксияи моддаи 32 қисми 3 - 4011 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро  нисбат ба  судшавандаҳо таъйин намуд.
Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҷавонон аз рӯи нодонӣ,  гумроҳӣ ва паст будани сатҳи дониши динию ҳуқуқӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ба доми фиреби ашхоси ифротӣ  ва гурӯҳҳои террористӣ меафтанд. Ва бо чунин лағжиш ё хатоӣ на танҳо ба ҳаёти ояндаи хеш латма мезананд, балки ба падару модар, аҳли оила ва хешу табор ғаму андуҳ меоранд. Ин ҳодиса  волидонро ҳушдор месозад, ки фаъолияти ҳамарӯзаи фарзандонашонро зери назорати қатъӣ гирифта,   онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.

Мунаввари САФАР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2016    №: 173    Мутолиа карданд: 3033

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед