logo

иқтисод

ШОҲРОҲ

АЗ ХУСУСИ РОҲИ КӮЛОБ – ҚАЛЪАИ ХУМБ, КИ ОМИЛИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРӢ БО КИШВАРҲОИ ҶАҲОН АСТ
Сохтмону таҷдиди роҳҳо  барои тақвити  робитаҳои иқтисодӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Бо ин мақсад айни замон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат татбиқи барномаҳо оид ба роҳсозӣ бо маром идома дорад. Тибқи  иттилои масъулони Вазорати нақлиёт, бунёди қитъаи 40 - километраи  Шамсиддини Шоҳин – Шоҳон – ҷузъи  муҳимтарини барномаи сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб  то имрӯз зиёда аз 70 дарсад иҷро гардидааст.  Айни ҳол насби қубурҳои обпарто, бунёди пулҳо, деворҳои муҳофизатӣ, хатҳои об, таркондан ва ҳамворсозии баландии роҳ бо ҷӯшу хурӯш ҷараён доранд. 

Роҳсозони ширкатҳои «Бунёди роҳ», «Роҳсоз» - и Тоҷикистон,  «China Road» (Чайн Роад) - и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва   «Combined Group TEKARTV» (Комбинед Гроуп ТЕКАР ТВ) – и Туркия дар қисматҳои муайянгардида бахши аъзами корро ба анҷом расондаанд. Дар қитъаи аз километри 27  -ум то 40 – ум коргарони ширкати чинӣ хатҳои обро дар канори масири нав бунёд карда, ба мумфаршсозии он оғоз намуданд. Аз километри 40  то 67 туркҳо машғули кор буда, бовар доранд, ки рӯзҳои наздик ин қисмати роҳро пурра мумфарш сохта, ба истифода медиҳанд. Алӣ Илёс Ҳарут, сарвари ширкат, изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди сохтмони роҳ  мӯҷиби рӯҳбаландии коргарон гардидааст.
- Кӯшиш дорем, ки роҳро сари вақт ва бо сифати баланд сохта ба истифода супорем. Ҷиҳати беҳтар сохтани роҳ ҳар рӯз аз фаъолияти сохтмончиён вобаста ба ҳаҷму сифати кор натиҷагирӣ мешавад. Барои мо на  зудтар ба сомон расондани кор, балки бо сифати аъло ва ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯй сохтани роҳ муҳим мебошад, - гуфт ӯ.
Суҳроб Мирзоев, муовини якуми вазири нақлиёт,  оид ба рафти корҳои созандагӣ  чунин гуфт:
«Фаъолияти  сохтмончиён дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Корҳои кандани замин ва ҳамворсозии роҳ то километри 45 беш аз 90 дарсад анҷом ёфта, аллакай 15 километри  роҳ дар қитъаи мазкур  мумфарш гардидааст. Ҳоло бардоштани деворҳои муҳофизатии канори роҳ ҷараён дорад. Аз рӯйи лоиҳа 7 километри масири навбунёдро чунин деворҳо дар бар мегиранд. Бунёди пулҳо яке аз қисмҳои асосии барномаи сохтмонӣ маҳсуб ёфта, масоҳати умумии онҳо  зиёда аз 1100 метрро ташкил медиҳад. 10 пул дар қитъаи 40 - километраи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳон  ва 1 пул  дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб, яъне  дар оғози  шоҳроҳ  бунёд меёбад. Паҳноии роҳ асосан 8 метр буда, дар минтақаҳои зичии аҳолӣ  то ба 10 метр расонда шудааст. Ҳамчунин, дар канори он  ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ сохта мешаванд. Баъди ҳамворсозӣ  ва  мустаҳкам кардани қисматҳои осебпазири роҳ ду қабат муми аълосифат рехта мешавад, ки аз рӯйи нишондодҳои сохтмонӣ  ба  стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯст.  Дар сохтмони роҳ шароити кӯҳистон ба инобат гирифта шуда, ба ғайр аз озмоишгоҳи пудрачиён, ташхисгоҳи  мушовирони барнома низ вобаста ба санҷиши  таркиби масолеҳи сохтмон фаъолият мекунад.  Аз рӯйи тавсияи мутахассисон вазни максималии борбардории масири нав то 40 тонна муайян гардидааст».
Бо  рушд ёфтани соҳаи саноати кишвар масъулони бунёди иншооти мазкур ҳаҷми  зиёди масолеҳи сохтмонро аз дохили ҷумҳурӣ дастрас месозанд. Ба иттилои Суҳроб Мирзоев, сементе, ки барои бунёди иншооти муҳофизатӣ ва насби қубурҳо истифода мегардад, истеҳсоли корхонаи ватании «Хуаксин - Ғаюр семент» мебошад.  Маводи дигар низ тавлидоти коргоҳҳои маҳаллианд. Фақат арматура аз Русия ва Қазоқистон, битум аз Чин  ворид карда мешавад.
Шуҷоат Сироҷов, директори лоиҳаи сохтмони роҳ, изҳор дошт, ки агар солҳои пеш дар бунёди роҳу пулҳо бештар мутахассисони кишварҳои дигар ҷалб карда мешуданд, имрӯзҳо қариб 90 дарсади коргарон  (зиёда  аз 600 нафар)   дар сохтмони ин иншоот сокинони маҳаллианд.  Мутахассисони хориҷӣ асосан муҳандисони роҳсоз, сохтмончии иншооти сунъӣ ва истифодабарандаи таҷҳизоту технологияи навинанд.
Аз суҳбат бо роҳсозон маълум гашт, ки дар давоми сохтмон коргарони маҳаллӣ аз  фаъолияти якҷоя бо мутахассисони хориҷӣ  таҷрибаи зиёд омӯхтанд, ки аз пешрафти соҳа дарак медиҳад.
Роҳсоз  Ҳикматуллои Раҳматулло гуфт, ки   тайи ду моҳи фаъолият бо мутахассисони чинӣ ӯ дар самтҳои бардоштани деворҳои канори роҳ, мумфаршсозӣ ва ҷойгир кардани пулу қубурҳо малакаи бисёр гирифтааст.   Ба қавли ӯ,   дар бунёди роҳу пулҳои дигар корҳои заруриро бевосита  худи роҳсозони тоҷик  анҷом медиҳанд ва  эҳтиёҷ ба коргарони хориҷӣ нахоҳад монд.
Сохтмони қитъаи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳони роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб бо арзиши   86,7 миллион доллар роҳандозӣ гардида, аз ҷониби Бонки исломии рушд  20 миллион,  Фонди саудии рушд 20 миллион,  Фонди Кувайт 17 миллион, Фонди Абу Дабӣ 15 миллион, Фонди ОПЕК 15 миллион ва саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ 7, 9 миллион доллар маблағгузорӣ мешавад. Амалӣ гардидани он ба манфиати кишварҳои минтақа буда, дар тавсеаи робитаҳои ҳамкорӣ  нақши муҳим дорад. Беҳбудӣ ёфтани вазъи шоҳроҳи автомобилгарди мазкур, ки ҷумҳуриро ба мамлакатҳои мутараққӣ  мепайвандад, аз иқдомоти саривақтии Ҳукумати кишвар аст. Инчунин, афзудани боркашонӣ тариқи он барои рушди бахшҳои дигари иқтисодию иҷтимоӣ шароити зарурӣ фароҳам хоҳад овард. Аллакай дар фосилаҳои муайяни шоҳроҳ бунёди меҳмонхонаву тарабхонаҳо авҷ гирифтааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2016    №: 173    Мутолиа карданд: 1643

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед