logo

фарҳанг

КОМЁБИҲО ПУРРА ИНЪИКОСИ БАДЕӢ НАЁФТААНД

Бешак, тавре мегӯянд, адабиёт оинаи тамомнамои зиндагӣ ва ҳаёт аст. Албатта, ин дар суратест, ки оина поку муҷалло ва дур аз зангу ғубор бошаду рӯзгор муҳтоҷи хокистараш нагардонад.
Истиқлоли давлатӣ зоҳирану комилан ба адабиёти мо озодиро ато кард, то ин оина софии бештар дошта бошаду ҳақиқатро бозгӯ намояд, нишон бидиҳад.

Тағйири сохт, озодӣ бори дигар собит сохт, ки истиқлоли рӯҳӣ низ, хоса бар адиб бисёр муҳим мебошад. Яъне бе истиқлоли рӯҳӣ эҷодкор ба асли ворастагиҳо дуруст сарфаҳм намеравад ва онро аҷр намегузораду дар пойдорию ҳифзи ҳеҷ гуна истиқлол саъю кӯшиш ба харҷ намедиҳад.
Ҷойи масаррат аст, ки адибони асили мо бо дарёфти истиқлоли рӯҳӣ, аз ҷумла барои озодӣ, ворастагиҳо, покизагии забони модарӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи Ватану сарзамини аҷдодӣ то расидан ба Истиқлоли давлатӣ талош варзиданд. Дар ин кор то ҷое муваффақ гардиданд. Ҳукумати вақт на ҳамеша бар ин гурӯҳ сари вақт гузашт мекард ва ё беҳтарин пешниҳодҳои онро ба хушӣ мепазируфт. Сензура вуҷуд дошт ва асарҳои эҷодкорон бояд ҷавобгӯи талаботҳои муқарраргардидаи сиёсати давр таълиф мегардиданд.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ акси ин ҳама ба мушоҳида мерасад. Адиб дигар бо мушкилот ормонҳои миллӣ ва мардумиро ба Ҳукумат пешниҳод намесозад. Наздик ба бист сол аст, ки ҳамасола Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи зиёиён, яъне пеш аз таҷлили бошукӯҳи Иди миллӣ – Наврӯз, аз ҷумла бо намояндагони ин соҳа во мехӯрад ва дастурҳои муфид медиҳаду онҳоро илҳом мебахшаду вазифадор месозад, то ба муҳимтарин, мубрамтарин мавзӯъҳо рӯ биёранду асарҳои мондагор биёфаранд. Албатта, ин ҳама самараи зиёд овард ва дар рушди адабиёт, боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ таъсири мусбати худро гузоштанд.
Ягона маҷаллаи адабии тоҷикии «Садои Шарқ» мақоми нашрияи миллиро гирифт. Нашрияҳои адабии Иттифоқи нависандагон барои фаъолияти доимӣ ва боло бурдани маърифати мардум ҳамасола маблағгузорӣ гардиданд. Нашри  мероси адибони классики мо дар силсилаи «Ахтарони адаб» дар 50 ҷилд низ аз дастовардҳои истиқлол ва ғамхории бевоситаи Сарвари давлат мебошад. Чандин сол боз аз ҳисоби Хазинаи эҳтиётии Президенти мамлакат асарҳои адибони муосир ба табъ мерасанд. Ҳаҷм ва миқдори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ  ва ҷоизаҳои адабии Иттифоқи нависандагони кишвар ба номи С. Айнӣ ва М. Турсунзода зиёд карда шуд.
Бо иқдоми бевоситаи Сарвари давлат расман Маркази тарҷумаи бадеӣ дар назди Иттифоқи нависандагон ба кор оғоз кард.
Дар ин муддат маҳз бо пешниҳодҳои Пешвои миллат  ҷашнҳои зодрӯзи адибони маъруфи гузашта ва муосир дар сатҳи баланди давлатӣ баргузор гардиданд. Ноҳияҳо, қасрҳо, театрҳо, донишгоҳҳо, донишкадаҳо, мактабҳо, хиёбонҳо, кӯчаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ ба номи адибони маъруф гузошта шуданд. Ба устоди барҷастаи сухан, шоири муборизу дӯстдори ин Ватану сарзамин унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Сурат ва намунаи эҷоди баъзе аз адибон ба пули миллӣ роҳ ёфт.
Мусаллам аст, ки мақсад аз ин ҳама ташаббусҳои нек ва гиромидошти адибон, тавре зикр гардид, рушду нумӯи адабиёти навин, таваҷҷуҳи бештари хонандагон ба китоб ва боло бурдани сатҳи маърифати онҳо мебошад. Албатта, ба ин васила бояд ҳисси ифтихори миллӣ, муҳаббати Ватани аҷдодӣ низ боло бурда шавад.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо адибони кишвар шеърҳову достонҳо, повесту роман, ҳикояҳо, намоишномаҳо, филмномаҳои таърихӣ таълиф карданд ва ба нашр расонданд. Ба ин восита қаҳрамонҳои миллии мо, ки пештар барои пойдории сарзамини аҷдодӣ, фарҳанги миллӣ, забони модарӣ ҷони худро низ дареғ надоштанд, беҳтару бештар шинохта шуданд.
Махсусан, ҳамовозии гарму самимии адибон дар оғози бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» чашмрас буд. Баъдҳо низ дар ин мавзӯъ адибон асарҳо эҷод карданд ва нашр намуда, ба дасти хонандагон расонданд. Бунёди дигар иншоотҳои муҳими давр низ онҳоро ба илҳом меоварданд.
Бо вуҷуди ин ҳанӯз на ҳамаи бузургтарин дастовардҳои замони истиқлолро адибон инъикос намудаанд. Ба муҳимтарин ҳодисаҳову рухдодҳои таърихӣ, фарҳангӣ таваҷҷуҳи зарурӣ ва баҳои воқеӣ дода нашудааст. Мавзӯъҳои асосӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи давр ба ҳангоми эҷод дар маркази диққати аксар эҷодкорон қарор надорад. Пайравӣ ва тақлидҳои ноҷо ба чашм мерасад. Инсони асил ва мақоми барҷастаи онро бо он шаҳомату бузургияш махсусан дар асарҳои назмии бештари адибон пайдо карда наметавонем. Асарҳое, ки ба пойдории ахлоқи ҳамида ҳидоят бикунанд, камтар таълиф мешаванд. Аз ин рӯст, ки Пешвои  миллат бо изҳори нигаронӣ таъкид менамоянд: «Ҳамаи комёбиҳои даврони истиқлолият ҳанӯз пурра ва дар паҳнои манфиатҳои имрӯзу фардои миллат ва  давлат инъикоси бадеӣ наёфтаанд».
Фикр мекунам, ки ин таъкид барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта мусоидат мекунад ва ҳам таҷлили бошукӯҳи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон илҳомбахши бузургтарин асарҳои адабии мондагор мегардад.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2016    №: 173    Мутолиа карданд: 2661

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед