logo

иқтисод

КОРТҲОИ ПАРДОХТ. БОЗ ЯК ОМИЛИ ИНКИШОФ ДАР НИЗОМИ МОЛИЯВӢ

Дар робита бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани  ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» ва вориди тағйиру иловаҳо ба моддаи 615-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, тамоми муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки толори фурӯшашон зиёда аз 40 метри мураббаъро ташкил медиҳад, уҳдадоранд, ки аз 1-уми январи соли 2017 барои ҳисоббаробаркуниҳо POSтерминалҳои электронӣ насб намоянд. Вобаста ба ин мавзӯъ ва дигар паҳлуҳои низоми пардохт, хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо муовини сардори Идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Аминҷонов ҳамсуҳбат шуд.

- Рушди бозори кортҳои пардохт ва ё ҷорӣ намудани низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба кадом хотир пеш гирифта шудааст?
- Муомилоти пулӣ аз пули нақд (пулҳои коғазӣ ва тангаҳо) ва пули ғайринақдӣ (гардиши маблағҳои пулӣ дар суратҳисобҳои бонкӣ) иборат буда, дар маҷмӯъ гардиши молу маҳсулот ва кору хизматрасониҳоро таъмин менамояд. Дар давлатҳои пешрафтаи дунё ба муомилоти ғайринақдӣ афзалият дода мешавад ва  гардиши пули нақд ҳиссаи ночизро ташкил медиҳад (масалан, ин таносуб дар Иттиҳоди Аврупо тақрибан 95,0 ба 5,0 дарсад аст). Дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла мамолики собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, баръакси ин ҳолат мушоҳида гашта, муомилоти пули нақд ҳиссаи бештар дорад.
Таҷрибаи давлатҳои пешрафта бозгӯи он аст, ки рушди низоми кортҳои пардохт яке аз омилҳои инкишофи низоми молиявӣ ба ҳисоб рафта, дар ғанӣ гардондани буҷети кишвар нақши бориз мебозад. Инчунин, таҳлилу тадқиқоти институтҳои бонуфузи байналмилалӣ ва бонкҳои марказӣ нишон дод, ки ҳангоми зиёд гардидани ҳисоббаробаркунӣ тавассути кортҳои пардохт шаффофият дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ таъмин гашта, имконияти пинҳон намудани фоида кам мешавад ва воридоти андоз ба буҷет аз ҳисоби соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ афзоиш меёбад.
Фаъолияти низоми кортҳои пардохт дар Тоҷикистон аз соли 1998 оғоз ёфта, то ба имрӯз ташкилотҳои қарзӣ зина ба зина воситаҳои нави ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро татбиқ ва доираи истифодаи онҳоро васеъ намуда истодаанд.
Ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани ин низом, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 қарор “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ”-ро қабул намуд. Тибқи банди якуми он муассисаҳои савдою хизматрасонӣ аз ҷумла, нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо, нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ, марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ, марказҳои савдои чакана ва яклухт, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, тарабхонаҳо, беморхонаҳои хусусӣ, дорухонаҳо, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонии ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт, автодромҳо ва ташкилотҳои суғурта уҳдадоранд, ки ба шаҳрвандон барои тариқи кортҳои бонкӣ пардохт намудани арзиши молу хизматрасониҳо шароит муҳайё намоянд.

- Оё шаҳрвандон дар баробари ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ метавонанд аз пули нақд истифода баранд?
- Бояд қайд намуд, ки дар Тоҷикистон пули миллӣ-сомонӣ воситаи қонунии пардохт ба шумор меравад ва тамоми ҳисоббаробаркуниҳо тавассути он, ҳам ба таври нақдӣ ва ҳам ғайринақдӣ, бе маҳдудият амалӣ мегарданд. Дар баробари ин, рушди бозори кортҳои пардохт ҳамчун яке аз омилҳои муҳими ҳалли масъалаи кам кардани саҳми ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд дар бахши пардохтҳои чакана ва такмилу таҳкими ин низоми пардохт дар кишвар идома дорад.
Рушди инфрасохтори ин низом пеш аз ҳама аз таъмини талаботи дорандагони кортҳо вобаста аст. Мутаассифона, дар Тоҷикистон бештари дорандагони кортҳо, ки дар доираи лоиҳаи “музди кор” хизматрасонӣ мешаванд, то ҳол кортҳои худро ҳамчун воситаи гирифтани пули нақд истифода мебаранд. Вале кортҳои пардохтро ҳамчун василаи ҳисоббаробаркунӣ низ метавон васеъ истифода бурд.
Шоистаи зикр аст, ки терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб хоҳанд гашт. Аз ин рӯ, барои насб намудани он шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бояд ба ташкилотҳои қарзие, ки барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохти бонкиро анҷом медиҳанд, муроҷиат намоянд.

- То ин дам аз ҷониби бонкҳои ватанӣ чӣ қадар кортҳои пардохтӣ ба муомилот бароварда шудаанд?
- Айни замон, дар кишвар 16 ташкилоти қарзӣ барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро ба роҳ монда, бо Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”, низомҳои пардохтии байналмилалии VISA, MasterCard, UnionPay ва амсоли инҳо ҳамкорӣ намуда истодааст. То 1 июли соли ҷорӣ ташкилотҳои қарзӣ 1 миллиону 559 ҳазор корти пардохтии бонкиро ба муомилот баровардаанд.
Феълан, дар ҷумҳурӣ барои 1000 нафар аҳолӣ тақрибан 180 корти пардохт рост меояд, ки ин нишондиҳанда дар Русия 1660, Қазоқистон 870, Ӯзбекистон 540 ва Қирғизистон 210-торо ташкил медиҳад. Дар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон бошад, ба 1000 нафар аз 2500 то 3000 корт рост меояд.
Алҳол дар кишвар 2 295 терминали электронӣ ба қайд гирифта шудааст, ки   аз ин миқдор 618-тоаш дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва 1 677-тои дигараш дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд насб гардидаанд.

- Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ чӣ афзалиятҳо дорад?
- Корти пардохт ҳамчун василаи самараноки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дорои як қатор афзалияту бартариҳо мебошад.
Масалан, барои муштарӣ: осон намудани ҳисоббарорбаркунӣ дар муомилот, хавфи ночизи аз даст додани маблағҳои пулӣ, мубодилаи автоматии маблағҳо ва ғайра;
- барои марказҳои савдо ва хизматрасонӣ: рушди савдо ва ҷалби харидорони нав, камшавии хароҷот аз инкассатсияи маблағҳои савдо;
- барои бонкҳо: васеъ намудани маҷмӯи хизматрасониҳо, ҷалби муштариёни нав, афзоиши иқтидори рақобатпазирии бонк, ҷамъоварии ҳаққи хизмати иловагӣ ва ғайра.
Хуллас, татбиқу таҳкими низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ барои ҳимоя ва беҳдошти қишрҳои гуногуни ҷомеа равона гашта, ба ғанигардии буҷети давлатӣ, шаффофияти амалиёти молиявӣ ва афзоиши ҳаҷми амонатҳо мусоидат хоҳад кард.
Шаҳнозаи ҚУРБОН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2016    №: 173    Мутолиа карданд: 2096
03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед