logo

иҷтимоиёт

ТАЪМИРИ МАКТАБ. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Дар шаҳри Кӯлоб овозае паҳн гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр натавонистанд сари вақт маблағ барои таъмири ҷориро  аз буҷети маҳаллӣ бигиранд. Гӯё мудирони мактабҳо чорае наёфта, маҷбур шудаанд, ки масолеҳи сохтмониро бо роҳи қарз дастрас кардаю ба тармим пардозанд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки на танҳо имсол, балки соли гузашта низ муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва томактабӣ мувоҷеҳи ҳамин мушкилӣ гардидаю чун имсола таъмирро бо қарз роҳандозӣ карда буданд. Баҳри дарёфти сабабҳои бавуҷудоии ин мушкилӣ хабарнигори «Ҷумҳурият» мавзӯъро пайгирӣ намуд.
Тибқи омори пешниҳоднамудаи шуъбаи маорифи шаҳр  (то 2 - юми августи соли равон), имсол 46  муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1  интернати ёрирасон ва 8  кӯдакистон бояд аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ таъмири ҷорӣ гардида, барои соли нави хониши 2016 - 2017, пурра омодаи фаъолият мешуданд. Мутаассифона, аз ин шумора маҷмӯан 8 муассисаи таълимӣ қисман маблағгузорӣ шудаасту халос. Ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз омода намудани матлаб, зимни як мусоҳиба бо сардори раёсати молияи шаҳр Раҳмон Одинаев, маълум гардид, ки омор то кунун бетағйир мондааст. 
- Маблағгузории таъмири мактабҳоро ҳамакнун шурӯъ кардем. Алҳол ҳудуди ҳашт муассисаи таълимӣ: № 1 - 25 ҳазор,  № 2 – 80 ҳазор,  № 3 - 10 ҳазор, № 4  - 5  ҳазор,  № 6 – 2 ҳазор, № 14 - 22 ҳазор, № 27 - 4 ҳазору 900, № 30 - 3 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд. Давоми моҳ боқимондаи пулашонро пардохт мекунем.
Сифати корҳои таъмирии иддае аз муассисаҳо дар сатҳи паст анҷом ёфтаанд. Агар мактаби № 6 - ро дар сархати ин «феҳрист» ҷой намоем, иштибоҳ намекунем.  Гарчанде беруни бинояш тоза рангубор шуда бошад ҳам, аммо ба навтаъмир ҳеҷ монанд нест. Нимкораю бадсифат тармим шудааст. Тибқи харҷнома аз буҷет 28 - ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, вале ба гуфтаи масъулон то кунун 2 ҳазорашро аз худ кардаанд. Аммо, аҷобаташ ин аст, ки директори мактаб Маҳмадсаид Шарифов, ҳисоби маблағи пешбинишударо «фаромӯш» карда, 20 ҳазор сомонӣ, яъне 8 ҳазор кам, арзёбӣ кард.
Ҳангоми даромадан ба интернати ёрирасони № 1 - и шаҳр, марди миёнасоле бо нақлиёти шахсиаш дар наздамон истода, худро Мирзо Валиев, директори ин муассиса, муаррифӣ кард. Ҳаракоту тарзи суханронии ӯ комилан ба омӯзгор шабеҳ набуд. Аз нақлиёташ нафаромада, гуфт, ки «Ту аз газетаи «Ҷумҳурият» бошӣ, ҳафтаи дигар биё. Ҳозир ман дар рухсатии меҳнатӣ, ягон нафар нест, ки бо ту вобаста кунаму аз интернат дидан намоӣ».
Ба суолҳо аз дохили мошинаш посух мегуфт. Аммо, ҷавобҳои додаи ӯ моро зери суолу шубҳа қарор дод. Кӯшиши ошкоро ба хабарнигор додани маълумоти бардурӯғро кард. Ӯ гуфт, ки «30 ҳазор сомонӣ барои таъмир муайян шудаасту ҳозир ҳамагӣ 10 ҳазор сомониашро аз худ кардаем. Не, ба фикрам 45 – ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Хулоса, таъмирро сад дарсад ва бо сари баланд иҷро намудем. Ягон камбудӣ дар ин самт нест». 
Посухи бисёр гуфту вале аксаран носаҳеҳу аз ҳақиқат дур. Аз ҳисоби буҷет барои таъмири ин даргоҳ, ки бештари тарбиятгирандагонаш ятиманд, дар харҷнома 190 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Баробари шунидани ин маблағ мудир комилан тағйир ёфту «намедонам» гуфт. Албатта, ин харҷнома дар муҳосиботи муассиса ё идора тартиб дода шуда, сипас бо муҳру имзои роҳбар ба раёсати молия пешниҳод мегардад.
Вақте ҳарф дар масъалаи қарз кардану таъмир намудани муассисаи таълимӣ меравад, бовар кардан муҳол аст. Зеро ин проблема дар ду соли охир (солҳои 2015 - 2016) ба миён омад. Дар суҳбати телефонӣ чанд тан аз мудирони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ҳақиқат доштани ин нуқтаро тасдиқ карданд.
Ойҷонбӣ Гадоева, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18, афзуд, ки маблағи барои таъмир дар харҷнома пешбинишуда 12 ҳазору 094 сомониро дарбар мегирад. Мутаассифона, то имрӯз 1 сомониашро нагирифтаанд. Азм дорад, ки аз бонк пул қарз карда корро пеш баранд.
Ба гуфтаи О. Гадоева алҳол 80 дарсади тармимро иҷро кардааст. Роҳбари мактаби № 22 Бахшам Мустафоев низ мегӯяд, ки аз 15 ҳазори аз буҷет пешбинигардида, ягон сомонӣ нагирифтааст. Мактабро бо кумаки волидони хонандагон ва аз маблағҳои худаш таъмир намудааст. Директори муассисаи таълимии № 41 Муслим Лақаев бошад, либосҳои ягонаи мактабиро аз фабрикаи дӯзандагии «Мунаввар - М» ғайринақдӣ оварда, ба хонандагон фурӯхтаю маблағашро ба ҷойи ба фабрика пардохтан, маҷбур шудааст, ки дар таъмири мактаб масраф кунад. Ин дар ҳолест, ки нақшаи харҷномаи тармимии мактаб 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. То ҳол ягон сомониашро аз худ накардаанд. Зимнан, на ҳамаи мактабҳоро дар матлаб далел овардем, зеро шумораи онҳо ба даҳҳо мерасад. 
Бархе кӯдакистонҳои шаҳр ҳам аз гирифтани маблағ бенасиб гардиданд. Бино ба иттилои Сурайё Бадарғаева, мудири боғчаи бачагонаи № 1, аз харҷномаашон барои таъмир, ки 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тамоман пул нагирифтаанд. Биноан, беруни бино бе рангубор мондааст. Дохили синфхонаҳоро аз ҳисоби падару модарон тармим карданд. Роҳбари боғчаи № 3 Гулчеҳра Розиқова низ маблағ барои таъмир нагирифтааст. Боғчаро аз ҳисоби волидон аз тармим баровардааст.    
Сардори раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Р. Одинаев қисман пардохт нашудани маблағи таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабиро чунин тавзеҳ дод:
- Яке аз сабабҳои ба таъхир афтодани маблағгузорӣ буҳрони иқтисодӣ мебошад. Имсол бисёр хароҷоти дуюминдараҷаро маҳдуд намудему маблағҳоро бештар барои музди меҳнат равона кардем. Роҳи дигаре надорем. Ҳарчанд иҷрои буҷет 100 дарсадро ташкил мекунад.
Хуллас, таҳлил нишон дод, ки феълан дар 90 дарсади мактабҳои шаҳр таъмири ҷориро омӯзгорон худашон анҷом медиҳанд. Ва онҳоро барои ҷалб дар корҳои тармимӣ касе ҳаққулзаҳмат намедиҳад. Феълан роҳбари дилхоҳ мактабро аз таъмир пурсӣ, ҷавоб як аст: «Корҳои тармимиро аз ҳисоби каме қарз ва тариқи ҳашар ба охир расондем». Агар таъмир бо каме вому кумаки волидон поён ёфта бошад, пас маблағҳои ҳангуфте, ки бояд аз буҷети маҳаллӣ барои онҳо ҷудо шаванд, куҷо мераванд? Магар аз ин «бӯи» «шубҳа» намеояд?  Ё зери коса нимкосае ҳасту мо намедонем?..

Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2016    №: 173    Мутолиа карданд: 1972

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед