logo

иқтисод

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЭНЕРГЕТИКАИ БАДАХШОН

Усмоналӣ Усмонзода,
вазири энергетика ва захираҳои оби
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Энергетика соҳаи афзалиятноку муҳими сиёсати давлат, локомотиви пешбарандаи иқтисодиёт ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки ба хотири пойдории истиқлолияти воқеӣ дар Тоҷикистон иншооти бузурги тақдирсоз ва дорои аҳамияти умумидавлативу байналмилалӣ бунёд меёбанд. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ дар соҳаҳои мухталиф, қабл аз ҳама энергетика, ба муваффақиятҳои чашмрас ноил гардид. Дар ин давра барои рушди энергетика тадбирҳои муассири азнавсозиву барқароркунии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ амалӣ карда шуданд.
То истиқлолият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ чанд неругоҳи хурд дар шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияҳои Мурғоб, Ванҷ ва Рӯшон фаъолият дошт, ки фақат талаботи аҳолии маркази ноҳияҳои номбурдаро бо равшанӣ таъмин мекарду халос. Аввали солҳои 90 - ум таъмини ҳамин неругоҳҳои камшумор низ бо маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ғайриимкон гардида, тамоми истгоҳҳои дизелӣ пурра аз кор бозмонданд. Дар аввалин солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат масъалаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Помир – 1»-ро ба миён гузошт. Бо талошҳои пайгирона ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз мушкилоти гарони молиявии ҷумҳурӣ, 18 марти соли 1994 ду генератори нахустини ин неругоҳ бо тавоноии умумии 14 ҳазор кВт ба кор дароварда шуд.
Давоми солҳои навадум дар ноҳияи Ванҷи вилоят ҳамчунин боз ду неругоҳи хурди барқи обӣ - «Техарв» (соли 1995) бо тавоноии 360 кВт ва «Андарбак» (соли 1997) бо иқтидори 300 кВт мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҳарчанд ба истифода додани навбати аввали НБО «Помир-1» мушкилоти барқро то андозае беҳтар карда бошад ҳам, вале ҳанӯз 60 фоизи аҳолӣ дар фасли сармо тамоман аз  неруи барқ маҳрум буд. Маркази вилоят – шаҳри Хоруғ дар як шабонарӯз ҳамагӣ 8 соат қувваи барқ мегирифт. Муассисаҳои таълимӣ дар фасли сармо фаъолиятро қатъ менамуданд. Мутахассисон ягона роҳи раҳоӣ аз буҳрони шадиди энергетикиро дар тағйир додани сохтори идоракунии системаи мавҷудаи энергетикӣ медиданд. Аз ҳамин нуқтаи назар, бо мусоидати Ҳукумати кишвар моҳи майи соли 2002 ширкати «Помир Энерҷӣ» таъсис дода шуд.
Барои азнавсозии иқтидорҳои мавҷуда ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти аҳолии вилоят бо барқ зиёда аз 26,5 миллион доллар маблағ ҷалб гардид. Ин имкон дод, ки корҳои зарурӣ дар нақби обгузар ва ҳавзи танзими шабонарӯзии НБО «Помир - 1» дар деҳаи Танг, сохтмони иншооти обтанзимкунанда дар кӯли Яшилкӯл ва хати баландшиддати интиқоли барқи «Танг - Хоруғ» бо сифати баланд ба анҷом расонда, дар зеристгоҳи калонтарини «Бизмич»-и шаҳри Хоруғ ду трансформатори камиқтидор ба трансформаторҳои тавоно иваз карда шаванд.
1 ноябри соли 2005 навбати дуюми неругоҳи мазкур бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, хати интиқоли барқи баландшиддати 35 кВт «Бунӣ-маркази Рӯшон» бо масофаи 39 километр бо бунёдсозӣ ва насби зеристгоҳҳои пурқувват ба анҷом расонда, ба деҳаҳои Пастхуф ва Пастбаҷуви ноҳия хатҳои интиқоли барқ гузаронда шуданд.  Бо таъмиру азнавсозии НБО “Хоруғ” маркази вилоят ва ноҳияҳои гирду атрофи он тамоми фаслҳои сол бо неруи барқ таъмин гардида, интиқоли он дар мавсими гармо ба Афғонистон ба роҳ монда шуд.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар ноҳияҳои вилоят НБО-ҳои хурди мавҷуда бо навбат таъмиру азнавсозӣ ва ба шабакаҳои марказӣ пайваст мешаванд. Аз ҷумла, тайи солҳои 2013-2014 неругоҳҳои “Ширг-1” ва “Ширг-2”- и ноҳияи Дарвоз ба шабакаи умумиҷумҳуриявӣ, соли 2014 НБО “Намангут”- и ноҳияи Ишкошим ва соли 2015 НБО “Шуҷанд”- и ноҳияи Рӯшон ба шабакаи марказии “Помир Энерҷӣ” пайвастанд.
Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ имконпазир гардид, ки нахустин маротиба дар таърихи энергетикаи Бадахшон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқи 110 кВ байни шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Рӯшон, Ванҷ ва НБО-ҳои “Помир -1” ва “Хоруғ” ба масофаи умумии зиёда аз 55 км ба роҳ монда шавад. Бунёди иншооти мазкур имкон медиҳад, ки на фақат дар ноҳияҳои номбурда таъминот бо неруи барқ ба куллӣ беҳтар гардад, балки интиқоли он ба минтақаҳои наздимарзии  Афғонистон низ ба роҳ монда шавад.
Вақте дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Мурғоб ва водии Бартанги ноҳияи Рӯшон неругоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ дар мавзеъҳои алоҳида вайрону валангор гардиданд, Сарвари давлат таъмиру навсозии иншооти зарардидаро зери назорати қатъии худ гирифт. Бо супориш ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат иншооти харобгардида дар муҳлати кӯтоҳ навсозӣ ва барқарор карда шуданд. Азнавсозии неругоҳи дар натиҷаи зилзила зарардидаи “Савноб” дар водии Бартанг  моҳи июни соли ҷорӣ зимни ташрифи Сардори давлат ба ВМКБ ба анҷом расид.
Тайи солҳои охир ба сохтмону азнавсозии неругоҳҳои нави барқи обӣ ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Айни замон сохтмони неругоҳи нави барқи обии “Мотравн”, азнавсозии НБО “Андарбак” дар водии Язгулом ва НБО “Оқ-сӯ” дар ноҳияи Мурғоб идома доранд. Дар НБО «Себзор» - и ноҳияи Роштқалъа, ки санги асоси онро 29 июли соли 2015 Пешвои миллат гузошта буд, марҳилаи асосноккунии техникию иқтисодӣ ба охир расида, корҳои омодагии сохтмонӣ оғоз гардидаанд. Ҷиҳати ҷалби маблағ барои бунёди неругоҳи “Санобод” дар дарёи Панҷ бо иқтидори лоиҳавии 125 мВт бо шарикони рушд гуфтугузори пешакӣ ҷараён дорад.
Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муяссар гардид, ки ҳатто сокинони деҳаҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла Ратм ва Дирчи ноҳияи Ишкошим, Пасор, Бопасор ва Ғудараи ноҳияи Рӯшон ва хоҷагиҳои деҳоти ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намоянд.
Дар доираи ҳамкориҳои наздисарҳадӣ сокинони минтақаҳои Шуғнон, Султон Ишкошим, Нусай ва Моҳи Майи Афғонистон низ ба шабакаҳои барқии “Помир Энерҷӣ” пайваста, фаслҳои баҳору тобистон бо барқ таъминанд. 
Комёбиҳо дар таъмини комили Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - қисмати кӯҳистони дурдасти кишвар бо неруи барқ натиҷаи талошу заҳматҳои пайгирона ва бешубҳа, шаҳодати гӯёи сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикии Тоҷикистон мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2016    №: 173    Мутолиа карданд: 1533

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед