logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДИЛШОД НАЗАРОВРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Шоми 26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари номдори мамлакат Дилшод Назаровро, ки баъди иштирок ва ба даст овардани медали тиллоии Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио - де - Жанейро - 2016 дар бахши гурзандозӣ ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфт.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Дилшод Назаровро барои дастоварди олии варзишӣ самимона табрик гуфта, барои хизматҳои бузургаш дар муаррифии бештари давлату миллати тоҷик ва баланд бардоштани шарафи варзишии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ изҳори сипос кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ба медали тиллоии мусобиқоти ҷаҳонӣ ноил шудани Дилшод Назаров дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат рӯйдоди фараҳбахшу беназир буда, Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонд ва Парчами миллии давлати тозаистиқлолро партавафшону мардуми шарафманди ин сарзаминро боз ҳам ифтихорманду сарбаланд кард.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI  тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро - 2016 бо мукофоти давлатӣ ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонда шуд. Ин мукофоти давлатиро дар вазъияти тантанавӣ Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров тақдим намуд.
Як сол муқаддам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дилшод Назаровро барои дастовардҳои намоёни варзишӣ ва рушди соҳаи варзиш бо мукофоти давлатӣ ордени Шараф дараҷаи II сарфароз карда буд.
Ҳамчунин дар ин рӯз Пешвои миллат ба Дилшод Назаров 300 000 (сесад ҳазор) сомонӣ тақдим намуд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2016 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.
Дилшод Назаров дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ шаби 19  август, соати 21:05 дақиқа бо вақти маҳаллӣ ва соати 5:05 дақиқа бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио - де - Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр партофта, дар байни 12 гурзандози номии ҷаҳон ғолибияти мутлақ ба даст овард ва қаҳрамони Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио - де - Жанейро - 2016 оид ба гурзандозӣ шуд.
Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки баъди мақоми дувумро касб карданаш дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран - При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр ба Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио - де - Жанейрои Бразилия - 2016 роҳхат гирифта буд.
Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар Пекин, ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (солҳои 2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (солҳои 1999 ва 2001) мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2016    №: 173    Мутолиа карданд: 1210

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед