logo

иҷтимоиёт

БЕМАСЪУЛИЯТӢ. Ё МО КИРО ФИРЕБ МЕДИҲЕМ?

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2014 “Дар бораи тасдиқи тартиби ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безараргардонии партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе” партофтани партовҳо дар кӯчаҳои шаҳр ва ҷӯйборҳои обрав, назди сутунҳои барқу телефон ва трансформаторҳо манъ карда шудааст.

Аммо бо сабабҳои мухталиф  ба талабот ҷавобгӯ набудани баъзе аз партовгоҳҳо ҳамоно аз мавзӯҳои ҳалталаби пойтахт боқӣ мондааст. Масалан, ҳарчанд то фарорасии Рӯзи дониш фурсати андак монда бошад ҳам, дар назди мактаби  № 176 - и маҳаллаи Пахтакор ифлосӣ ғарам шуда мехобад. Умуман, тозагии гирду атрофи мактаб табъи ҳар бинандаро хира мегардонад. Ҷӯйборҳо ифлосанду бӯйи ғализу дамгиркунанда доранд. Саҳни мактаби мазкурро ҳавлирӯбҳо гӯё умуман ҷорӯб намезананд. Ҳамагӣ то назди дарвозаи мактабро тоза намуда,  кори худро иҷрошуда меҳисобанд.
Аз ҷониби дигар бесалоҳиятии созмонҳои маҳаллӣ низ нисбат ба тозагии муҳити зист партовгоҳи назди мактабро ба ин ҳол овардааст. Партовгоҳ  имрӯз дар гармои тобистон  ба макони ҳашароту магасҳои зиёновар табдил ёфта, метавонад сабаби паҳншавии бемориҳо гардад.
Сокинони маҳаллаи Пахтакор  аксаран  то партовгоҳ нарафта, “мусор”-ашонро дар ҷӯйборе, ки аз назди хонаҳо мегузарад, мепартоянд. Наход ғами дигаронро не, ғами фарзандони мактабхони худро нахӯранд? Магар одоби шаҳрдорӣ ҳамин аст? 
Дар ин шабу рӯз, ки кӯчаҳои пойтахт шукуфтан дорад,  дар бораи ифлосиҳо сухан гуфтан, ҳатто шармовар аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки партовгоҳҳо нисбат ба  солҳои гузашта зиёд гардидаву мардум бе ягон душворӣ метавонад аз онҳо истифода барад.
Абдураҳмон Отаев, раиси маҳаллаи мазкур, иброз медорад, ки борҳо таъкид мекунам, ҳатто чанд бор ҳам шудааст, ки  хона ба хона гашта, хоҳиш менамоям, то партовҳои баровардаашонро ба оби назди кӯча напартоянд ва ҳадди ақал ҳафтае  як бор назди дарвозаашонро ҷорӯб зананд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва як қатор чорабиниҳои дигар низ вобаста ба ҳамин масъала гузаронидем, вале аксари он бенатиҷа  монд. Афсӯс... аз санг садо ҳасту аз баъзе сокинони ин маҳалла не. Шояд дар ин самт намояндаи  Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки мақомоти назоратӣ маҳсуб меёбад, бояд фаъолтар бошад. Онҳо метавонанд дар чорчӯбаи қонун масъаларо мусбат ҳал намоянд. Ё шояд мутахассисони хубе сафарбар шаванд, ки қудрати баланд бардоштани маърифати экологии сокинони маҳалларо дошта бошанд. Тавре мегӯянд: “аз як даст садо намебарояд”.
Бале, ҳарчанд кӯшишҳои шаҳрдорӣ дар самти ободонии кӯчаву паскӯчаҳои пойтахт сол то сол рӯшантар ба назар расанд ҳам, то маърифати худи мардум боло нагирад, натиҷаҳо камтар чашмрас мегарданд. Пойтахт хонаи на танҳо сокинони он, балки оинаи Тоҷикистони азиз аст. Пас, чаро дар покии ин оинаи муқаддас ҳар яки мо саҳм нагирем? Ҳамин тавр не, хонандаи азиз?

Сарвиноз ШОДМОНОВА,
Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2016    №: 174    Мутолиа карданд: 2118

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед