logo

ҳуқуқ

САРҲАД: 151 МАРЗШИКАН БОЗДОШТ ШУД

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамкориро бо марзбонони кишварҳои ҳамсарҳад вусъат бахшанд. Бо назардошти вазъи мураккабу босуръат тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти давлат ва сокинони мамлакат, роҳ надодани гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ ба хоки Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.
Ин нуктаро  Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ҷаласаи дастгоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадӣ таъкид намуд. Ӯ аз ворид шудани гурӯҳҳои тундрави мусаллаҳ ба бархе аз минтақаҳои Афғонистон, ки бо кишвари мо ҳаммарзанд, изҳори нигаронӣ кард. Зимнан тазаккур дод, ки ҳоло марзбонони Тоҷикистон аз зарфиятҳои хуби сарҳадбонӣ бархӯрдоранд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки муборизаву талошҳои сарҳадбонони тоҷик дар пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, убури ғайриқонунии сарҳад аз тарафи шахсони ҷинояткор, аз марз гузарондани шахсони воқеӣ ва воситаҳои нақлиёт шоистаи таҳсин аст.
Чанд рӯз пеш хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ якҷо бо кормандони ШКДАМ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Сайёд” амалиёти вижаи муштарак гузаронда, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва кӯшиши интиқоли маводи мухадирро аз тарафи қочоқчиёни афғон пешгирӣ намуданд. Дар натиҷаи задухӯрд қочоқчиён ба муқовимати сарҳадбонони тоҷик тоб наоварда, ба сӯи Афғонистон фирор карданд. Дар ҷойи ҳодиса як адад яроқи оташфишони АКМ-7, 62, шаш адад тирдон бо 180 тири қутрашон 7, 62, як адад норинҷаки РГД - 5 мусодира гардид. Аз рӯи шахсияти ду ҷасади дарёфтшуда муайян карда шуд, ки онҳо аъзои созмони террористии Толибон буда, ба яке аз гурӯҳи фаъоли қочоқчии афғон - Турак шомил будаанд.
Дар робита ба масъалаи таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон, 18 августи соли ҷорӣ ҷиҳати пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар аз ҷониби Барномаи мубориза бо маводи мухаддири Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ бо арзиши 9 миллион доллар ва 50 автомашина ба маблағи 3 миллион доллар ба Қӯшунҳои сарҳадӣ тақдим гардид. Дар ин маросим ҷонибҳо перомуни таҳкими ҳифзи сарҳадот ва ҳамоҳангии бештар дар мубориза бо гурӯҳҳои марзшикан гуфтугӯи судманд анҷом дода, дар робита ба ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон, афзудани гурӯҳҳои ифротию ҷангҷӯ дар минтақа итминон доданд, ки алайҳи хатарҳои эҳтимолӣ иқдом намуда, субот дар минтақаро ҳифз хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки бар асоси тааҳҳудоти ҳосилшуда миёни кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ин самт ба неруҳои сарҳадии Тоҷикистон бояд ёрии иловагӣ расонда шавад. Зеро оид ба расондани ёриҳои техникии низомӣ ба марзбонони тоҷик қаблан қарори вижаи Шӯрои СААД қабул шуда буд.
Бино ба маълумоти Муҳаммад Улуғхоҷаев, масъули Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар зарфи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон понздаҳ маротиба даргирии мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин давра хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ аз қочоқчиёни афғон 695 килограмму 732 грамм маводи нашъаовар, аз ҷумла 11 килограмм ҳероин, 91 килограмму 448 грамм афюн, 592 килограмму 744 грамм маводи гурӯҳи каннабис, 490 дона ҳаби мадҳушкунандаи  “экстаз” мусодира намуда, 363 494 бех ниҳоли банги ҳиндиро сӯзонда нобуд карданд. Инчунин, ҳафт маротиба убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ, сездаҳ нафар қочоқчӣ дастгир ва ҳафт нафар сарҳадшикан нобуд ва ду нафар захмӣ гашт.
151 нафар вайронкунандаи сарҳади давлатӣ, аз ҷумла 108 шаҳрванди Афғонистон ва 14 шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон боздошт шуданд. Ҳамзамон, 19 адад яроқи оташфишон, 415 адад лавозимоти ҷангӣ ва 297 килограмм маводи тарканда дарёфт ва мусодира гардид. Ин дар ҳолест, ки ба масоили таҳкими сарҳадот, бахусус марзи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили минтақаи Осиёи Марказӣ, бо назардошти хатарҳои эҳтимолӣ аз қаламрави Афғонистон, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Аз ҷумла, ин мавзӯъ дар ҷаласаи 73 - юми Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайатҳои 10 хадамоти сарҳадӣ доир гашт, баррасӣ шуда буд.
Қаламрави ин ё он кишвар яке аз муқаддасот ва нишонаи давлатдорӣ буда, амнияти он аз сатҳи муҳофизати сарҳади давлатӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амнияти босубот ва ҳаёти осоиштаи аҳолии кишвар, бавижа қисмати ҳаммарзи кишварҳои ҳамсоя аз тамоми имкониятҳои худ истифода мебаранд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2016    №: 174    Мутолиа карданд: 2944

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед