logo

иҷтимоиёт

КЛУБҲО. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Рушди маънавии ҷомеа ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ алоқаи ногусастанӣ дорад. Ба шарофати   Истиқлолияти давлатӣ  муассисаҳои фарҳангии тозабунёд, аз қабили қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ дар кишварамон  фаъолияти худро  оғоз намуданд, як қисми онҳо аз таъмир баромада бо техникаи ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардиданд.

Дар шароити кунунӣ ниёзи аҳолӣ ба муассисаҳои фарҳангӣ афзудааст, вале паст будани заминаи моддӣ - техникии иддае аз онҳо, хусусан дар деҳот, наметавонад талаботи маънавии ҷомеаро қонеъ гардонанд.
То ҳанӯз муассисаҳои фарҳангӣ ба шароити иқтисоди бозорӣ ворид нагардидаанд. Хусусан ҳолати бади клубҳои деҳот ва кам шудани теъдоди онҳо ташвишовар аст. Масалан, тибқи нишондоди маълумоти оморӣ ва ҳисоботи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 дар кишвар 1433 адад клуб ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондод дар соли 2000 ба 1065 ва дар семоҳаи аввали соли 2016 ба 430 адад кам гардидааст. Ҳоло 131 клуб дар вилояти Суғд, 67 – то дар ВМКБ, 184 – то дар вилояти Хатлон ва 47 – то дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амал менамоянд.
Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурии мо ба сари 3660 нафар аҳолӣ як  муассисаи клубӣ рост меояд, ҳол он ки ин рақам дар замони шӯравӣ 2168 нафарро ташкил медод. Тибқи стандарти умумии  хизматрасонии фарҳангӣ – фароғатӣ  бояд дар маҳаллаҳое, ки аҳолияшон аз сад нафар зиёданду муассисаи фарҳангӣ вуҷуд надорад, моҳе ду маротиба тавассути клуби сайёр талаботи фарҳангии онҳо қонеъ гардонда шавад. Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамагӣ 59 адад клуби сайёр фаъолият дорад, ки ин шумора низ хеле кам аст.
Сабаби асосии кам шудани шумораи клубҳоро дар он мебинем, ки  ба шароити иқтисоди бозорӣ ворид нагардидаанд. Аксари деҳаҳои ҷумҳурӣ, ки аҳолияшон ба 300 - 350 хонавода мерасаду як муассисаи клубӣ вуҷуд доранд, ки  моҳҳо дарашро ба рӯйи тамошобин намекушояд. Агар сабабашро пурсон шавем, набудани шароити кориро баҳона мекунанд. Чунин ҳолат наметавонад ниёзи маънавии ҷомеаро қонеъ гардонад, хусусан дар деҳаҳои дурдаст.
Муассисаҳои клубиро зарур аст, ки фаъолияти худро вобаста ба шароити кунунӣ ба роҳ монда, сифати хизматрасониро  баланд бардоранд. Мувофиқи имкониятҳои замони нав хизматрасониҳои пулакӣ, аз қабили маҳфилҳои  эҷодӣ,  курсҳои забономӯзӣ ва касбомӯзиро афзоиш диҳанд. 
 Дар бисёре аз  маҳаллаҳои сераҳолӣ мағозаҳои хӯрокворӣ, дорухона ва дигар нуқтаҳои тиҷоратии хусусӣ ба маротиб афзудааст, вале ягон муассисаи фарҳангӣ ба чашм намерасад. Хуб мешуд, ки соҳибкоронро барои бунёди муассисаҳои фарҳангӣ ҷалб менамудем. Ин иқдом метавонист, ки бисёре аз мушкилиҳои соҳаро бартараф созад ва барои рушди онҳо мусоидат намояд.
Манбаи дигари даромад барои муассисаҳои клубӣ бастани шартномаҳо тибқи нақшаҳои пешакӣ бо корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба мақсади гузарондани чорабиниҳои фароғатӣ мебошад.
Дар шароити кунунӣ ташкил ва гузарондани маъракаҳо ба монанди тӯйи арӯсию домодӣ, хатнасур ва ғайра дар муассисаҳои клубӣ, хусусан дар деҳот муфид аст. Ин аз як тараф барои камхарҷ гузаронидани онҳо ва аз тарафи дигар манбаи даромад барои муассисаҳои фарҳангӣ шуда метавонад. Ташкил намудани маркази варзишӣ барои ҷавонони шавқманд  дар муассисаи клубӣ низ ба манфияти кор аст.
Гузарондани семинар - машваратҳо байни муассисаҳои клубӣ барои пешрафти кори онҳо кумак хоҳад расонд.
Танҳо баъди бартараф намудани  омилҳои асосӣ, яъне  нокифоягии маблағ ва нарасидани мутахассисони касбӣ муассисаҳои клубӣ метавонанд пурра аз иҷрои вазифаи худ бароянд ва барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум хизмат намоянд.
Х. МУМИНОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2016    №: 174    Мутолиа карданд: 1981

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед