logo

иқтисод

АРМУҒОНИ БУЗУРГ БА ҶАШНИ БУЗУРГ

Бунёди роҳи оҳани Душанбе  - Қӯрғонтеппа аз тарҳҳои «рӯикоғазмонда» - и   аҳди пешин буд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат амалӣ гардид.  Анҷоми ин сохтмони азиму стратегӣ маблағи  калон  ва  заҳмати шабонарӯзиро тақозо мекард. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  бунёди  ин иншооти бузург соли 2009 дубора  роҳандозӣ гардид.  Ба сомон расидани бунёди  роҳи оҳан дар минтақаи Ваҳдат – Ёвон, ки ба  рӯзҳои Ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар рост омадааст,  дастоварди пурарзиши мардуми шарафманди ҷумҳурӣ ва армуғони бузург ба ҷашни бузург мебошад. Он маркази  ҷумҳуриро ба вилояти Хатлон пайванд намуда, масофаи роҳро нисбат ба пештара зиёда аз 300 километр наздик сохт.
Маблағи  бунёди қитъаи боқимондаи  роҳи мазкур 985 миллион сомониро ташкил дод.  Дар доираи    қарордоди байни КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва гурӯҳи ширкатҳои Идораи 19 - уми роҳи оҳани Чин  корҳои тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони 3 нақбу 5 пул аз ҷониби мутахассисони чинӣ ба роҳ монда шуд.  Дарозии  пулҳо  712  ва   нақбҳо  3755 метрро дар бар мегирад. Дар ҷараёни корҳои созандагӣ сокинони зиёди маҳаллӣ  ба кор ҷалб гардиданд.
Кушодашавии роҳи оҳани нав ба бахши боркашонии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мусоидат карда, омили фаровонии маҳсулоти гуногуни кишоварзию  саноатӣ дар бозорҳои пойтахт ва ноҳияҳои атрофи он хоҳад буд. Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои асосии парвариши зироатҳои кишоварзист ва  беҳтар гардидани  интиқоли маҳсулот  аз ин диёр   ба гӯшаҳои дигари мамлакат  ва хориҷа дар пешрафти иқтисодиёт ва боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим мебозад. Савдои дохилии байни минтақаҳои кишварро вусъат дода, ба таъмини бозорҳо бо моли ватанӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Акнун деҳқонони вилоят  имконият пайдо намуданд, ки бевосита маҳсули дасташонро бо арзонӣ тариқи роҳи навбунёди оҳан ба макони даркорӣ расонанд.  Нархи интиқоли як кг бор ҳамагӣ 3,7 дирам мебошад. Соҳибкорон  на танҳо дар ду минтақа – Хатлон ва Душанбе, балки бо истифода аз шароити мусоиди роҳи оҳан молашонро ба давлатҳои ҳамсоя мекашонанд. Дар баробари ин, бо суръат гирифтани ҳаракати қатораҳо дар масири нав фурӯшгоҳҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва коргоҳҳои  истеҳсолӣ бунёд меёбанд.  Мавриди истифода қарор гирифтани роҳи оҳани Душанбе – Хатлон дастоварди барои ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи  кишвар аҳамиятнок буда,  чорсӯйи боз – имкони хубест барои соҳибкорону кишоварзони ватанӣ.
Ба гуфтаи профессор Сайдалӣ Гулов, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон,   амалишавии ин нақшаи муҳими стартегӣ, яке аз ҳадафҳои рушди иқтисодист, ки бевосита бо ибтикори Сарвари давлат сурат гирифт. Хушбахтона, ба ин кор бештар мутахассисони ватанӣ саҳм гузоштанд, ки барои татбиқи барномаҳои дигари роҳсозӣ  имконияти мусоид фароҳам сохт. Гузашта аз ин, тайи 5 соли охир соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон пеш рафта, барои интиқоли саривақтӣ ва бемамонияти зироатҳо, нуриҳои минералӣ, техникаҳои кишоварзӣ ва сӯзишворӣ   тавассути чунин роҳи оҳани аз назари иқтисодӣ самаранок зарурат пеш омада буд. Аз ҷониби дигар дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ зиёд истеҳсол шуда, ба воситаи хати оҳани мазкур сари вақт содирот кардани он ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва Федератсияи Русия даромаднокии соҳаро бештар месозад. Густариш ёфтани фаъолияти роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб дар оянда вилояти Хатлонро ба сарзамини агросаноатӣ табдил медиҳад.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2016    №: 174    Мутолиа карданд: 1870

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед