logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат, дар маросими ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумии №101 дар шаҳри Душанбе, 30 августи соли 2016

Падару модарони муҳтарам!
Омӯзгорону хонандагони азиз!
Қабл аз ҳама, шумо ва сокинони пойтахти кишварамон – шаҳри Душанберо ба муносибати фарорасии Ҷашни бузурги 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик мегӯям.
Соли равон ба ифтихори таҷлили ҷашни муқаддаси камолоти давлатамон дар мамлакат садҳо иншооти нави таъйиноти иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд, ки аксари онҳоро муассисаҳои нави таълимӣ ташкил медиҳанд.
Ин лаҳзаҳо мову шумо шоҳиди ифтитоҳи боз як мактаби нави замонавӣ дар маҳаллаи 104 - уми ноҳияи Синои пойтахт гардидем, ки тибқи супориши Ҳукумати мамлакат бунёди он дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои бузурги чинии «ТВЕА» барои 2500 ҷойи нишаст ба анҷом расонда шудааст.
Бо истифода аз фурсат, омӯзгорону хонандагон ва падару модаронро бо ифтитоҳи муассисаи таълимӣ табрик гуфта, инчунин ба роҳбарияти ширкати давлати ба мо дӯсту ҳамсоя - Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати бо сифати баланд сохта, ба истифода додани иншооти мазкур миннатдорӣ баён менамоям.
Маориф ва омӯзиши илму фан аз дер боз ба як унсури муҳими ҳаёти инсон табдил ёфта, дар масири таърих ҳамчун чароғи ақлу хирад боиси равшанӣ ва рушди ҳаёти инсоният гардидааст. Бузургони миллати тоҷик низ аз қадим инсониятро ба омӯхтани илму дониш ҳидоят намуда, пос доштан ва эҳтиром гузоштан ба аҳли илму маорифро аз бузургтарин хислатҳои неки  инсонӣ номидаанд.
Аҷдоди хирадманди мо дар давраҳои маҳдуд будани азхудкунии илму дониш ба хотири аз донишу маърифат бебаҳра намондани ҷавонон дастовардҳои илму маърифатро ҳатто дар сангпораҳо нигошта, бо ин роҳ ба ташнагони илму дониш ғизои маънавӣ мебахшиданд.
Устод Айнӣ дар осори гаронарзиши худ ишора мекунад, ки дониш андӯхтан кори саҳл нест. Соҳиби донишу савод шудан кори бениҳоят сангин буда, шахсе дар роҳи илм шарафёб мегардад, ки сабру тоқат ва майлу хоҳиши баланди илмомӯзӣ дошта бошад.
Дар замони муосир илму дониш аҳамияти боз ҳам бештар касб намуда, рушди бемайлони илму техника ва технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ба воқеияти ҳаёт табдил ёфтааст. Мо ба ҳайси миллати соҳибтамаддун ҳеҷ гоҳ аз ин раванд дар канор буда наметавонем.
Баръакс, дар ин ҷода талош мекунем, ки ҳама гуна низоми наву пешрафтаи таълимро бо манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои таърихии миллати тоҷик мувофиқ созем  ва дар ин замина пешрафти низоми маорифи кишвари худро таъмин намоем. Зеро рушду инкишофи минбаъдаи мамлакат ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор марбут аст. Бинобар ин, мо имрӯз вазифадор ҳастем, ки  ба тарбияи ворисони соҳибмаърифату донишманд ва содиқ ба Ватани хеш бо масъулияти баланд муносибат кунем.
Мо беҳуда таҳкими низоми маориф ва дар ин замина омода кардани насли ояндасози кишварро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон накардаем ва минбаъд низ онро ҳамчун омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат арзёбӣ хоҳем кард.
Дар ин раванд соли ҷорӣ аз буҷети давлат ба соҳаи маориф зиёда аз се миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 231 миллион ё 10 фоиз ва дар муқоиса ба даҳ соли пеш, яъне соли 2006 қариб 13 баробар зиёд мебошад.
Вобаста ба ин, маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи шаҳри Душанбе низ сол ба сол афзоиш меёбад. Тибқи таҳлилҳо дар давоми 25 сол барои рушди маорифи пойтахт ва фароҳам овардани шароити таълиму тарбия зиёда аз як миллиард сомонӣ равона гардидааст. Чанде пеш ба ифтихори истиқболи Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ду боғчаи бачагонаи хусусӣ барои 250 ҷой дар маҳаллаи Зарафшон ба истифода дода шуда, рӯзҳои наздик ду кӯдакистони хусусии дигар дар маҳаллаи мазкур барои 350 ҷой мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Умуман, соли равон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе қариб 1000 ҷой муҳайё гардида, шумораи умумии кӯдакони ба ин муассисаҳо фарогирифташуда ба зиёда аз 25 ҳазор нафар расонда мешавад. Ҳамин тавр, давра ба давра ин мушкили мардум низ бартараф гардида, тадбири мазкур дар самти омодасозии хурдсолон барои қабул ба мактаб мусоидат хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки дар тӯли солҳои истиқлолият дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ даҳҳо муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 45 ҳазор ҷои нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд.
Фарзандони азиз!
Имсол давлати соҳибистиқлоли мо 25 сола шуд. Мардуми заҳматпешаи тоҷик, аз ҷумла падару модарони шумо ва аҳли ҷомеаи кишвар, барои расидан ба синни камолоти давлати ҷавону пояндаамон кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд ва барои таъмини пешрафту тараққиёти он бояд ҳамаи мо боз заҳмати бештар кашем.
Шумо низ ҳамчун насли даврони соҳибистиқлолии кишварамон бояд дарк намоед, ки дар ояндаи наздик масъулияти соҳибӣ ва ободонии Ватан ба дӯши шумо  афтода, аз шумо илму дониш ва касбу ихтисосҳои замонавиро тақозо хоҳад кард. Аз ин рӯ, таъкид месозам, ки барои соҳибӣ кардани ин Ватан ва ин хоки муқаддас худро аз имрӯз омода созед. Ба омӯхтани илму дониш, истифодаи техникаву технологияҳои муосир ва обутоби ҷисмониву маънавӣ ҷиддӣ машғул шавед.
Мактаби ифтитоҳшудаи имрӯза дар мавзее ҷойгир аст, ки аксари хонандагони он дар самти азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва одобу ахлоқ нишондиҳандаҳои хуб доранд.
Имтиҳони дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ дар давоми се соли охир нишон медиҳад, ки хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Сино дар байни дигар ноҳияҳои шаҳр ба натиҷаҳои хуб ноил шудаанд, ки ин, албатта, самараи муносибати дилсӯзонаи аҳли маориф ва падару модарон нисбат ба тақдири ояндаи наврасону ҷавонон мебошад.
Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ҳамаи имкониятҳоро ба самти муҳайё намудани беҳтарин шароити таълиму тарбия барои наслҳои ояндасози миллат равона месозад.
Итминон дорам, ки наврасону ҷавонони мо дар шароити сулҳу суботи кишварамон аз имкониятҳои барои онҳо муҳайёшуда самаранок истифода карда, ҳамчун мутахассисони болаёқату баландихтисос ба воя мерасанд ва нуфузу обрӯи давлати соҳибистиқлоламонро дар оянда боз ҳам баландтар мебардоранд.
Биступанҷумин солгарди Ҷашни соҳибдавлатии Тоҷикистони азизамон ва ифтитоҳи боз як муассисаи замонавии таълимиро бори дигар ба аҳли маорифи пойтахти кишвар ва хонандагони мактаби имрӯза табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва иқболи нек орзу менамоям.
Ҷашни Истиқлол ва туҳфаи арзандаи идона муборак бошад, фарзандони азиз ва устодони гиромӣ!


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2016    №: 174    Мутолиа карданд: 8279

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед