logo

сиёсат

ПОЙТАХТ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ДОНИШГОҲИ СЛАВЯНИИ РУСИЯВУ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Ҷашни бузурги умумимиллӣ 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пойтахт иншооти таъйиноти гуногунро ифтитоҳ карда, бо сокинон суҳбату мулоқоти судманд доир кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ бо шароити таълим дар бинои нав шинос шуд.
Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сур - саф” мебошад. Соли 2011 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин иншоот санги асос гузошта буд ва кор аз моҳи июни соли 2012 оғоз шуд.
Барои бунёди иншооти мазкур 43 миллион сомонӣ маблағ сарф гардид ва он аз 3 иморати 5 ошёна иборат буда, барои 1072 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.
Масоҳати умумии бинои нав 15 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад ва барои таҳсили донишҷӯён дар шароити муосир басо созгор аст. Дар таҳхона ошхона бо 280 ҷои нишаст, 5 адад озмоишгоҳи химия, физика ва биология сохта шудааст. Толори варзишӣ бо 195 ҷой барои тамошобин, 3 ҳуҷраи лингофонӣ бо 50 ҷой, толори машваратӣ бо 20 ҷой, озмоишгоҳи криминалӣ, маҷлисгоҳ бо 560 ҷой, маркази матбуотӣ бо студияи радио ва телевизион, аудиторияҳо бо 280 ҷой, 2 синфхонаи компютерӣ бо 70 ҷои нишаст ва дар ошёнаи панҷум китобхонаи электронӣ бо 50 ҷойро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин муассисаи олии таълимӣ яке аз калонтарин донишгоҳҳои кишвар ба шумор рафта, соли 1996 дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Федератсияи Русия таъсис ёфтааст. Дар донишгоҳ аз рӯйи 18 равияи бакалавриат, 11 равияи таълимии магистратура зиёда аз 20 барномаи магистрӣ, 2 равияи докторантура ва 3 равияи аспирантура фаъолияти таълимӣ ва илмӣ - тадқиқотӣ бурда мешавад.
Зимни шиносоӣ аз имкониятҳои таълимии донишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён суҳбати самимӣ доир карда, ифтитоҳи биноро ба онҳо муборакбод гуфт. Сарвари давлат ҷавононро ба омӯзиши амиқи илмҳои замони муосир, технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят кард.
Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлис дар назди устодону донишҷӯён сухан ронд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи бинои нави донишгоҳро муборакбод гуфта, зимни баромади худ аз ҳамгироии бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои калидии ҳамкорӣ - сиёсату иқтисодиёт, тиҷорату сармоягузорӣ, маориф, илм ва фарҳанг, мудофиа ва амният изҳори қаноатмандӣ кард.

МАКТАБИ № 101 БАРОИ 1200 ХОНАНДА
Дар доираи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 101 барои 1 ҳазору 200 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки имрӯз дар маросими баистифодадиҳии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро хонандагон ва омӯзгорони муассиса гарму самимӣ ва бо эҳтирому қадршиносии беандоза истиқбол намуда, барои дастгириҳои пайваста ба соҳаи илму маориф сипосу миннатдорӣ карданд.
Сарвари давлат баъди буридани лентаи рамзӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муассисаи наву замонавӣ, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза бунёд гардидааст, бо шароити таҳсил ва сифати корҳои сохтмонӣ шинос шуда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд дод.
Бинои асосии муассиса аз се ошёна иборат буда, дорои толори бошукӯҳи варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии тамрин мебошад. Дар саҳни бинои мактаб варзишгоҳи замонавӣ барои бозиҳои  футбол, волейбол, баскетбол ва инчунин теннису дигар майдончаҳо барои обутоби бадан бунёд ёфтааст. Дар иншооти мазкур фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ» мебошанд. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Союз Сохтмон» ба анҷом расонда шудаанд. Сохтмон моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида, дар муддати як сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалӣ анҷом пазируфт.
Маблағи умумии сохтмонӣ ва таҷҳизонидани муассиса бо ашёи зарурии хониш 24 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар рафти сохтмон дар иншоот бештар аз 350 нафар мутахассисону дигар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор фаро гирифта шуда, бо маоши хуб таъмин гардиданд.
Бинои муассисаи таълимӣ дорои маҷлисгоҳ бо 450 ҷойи нишаст, 47 синфхона, аз ҷумла 32 синфхонаи фаннӣ ва боқимонда синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири таълиму тадрис мебошад. 2 синфхона ҳамчун синфхонаи компютерӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳар кадом бо 25 адад компютер муҷаҳҳаз карда шудааст. Муассиса бо 63 адад компютер таъмин гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорон ва хонандагони муассиса иброз дошт, ки ба истифода додани боз як муассисаи бошукӯҳи таълимӣ бо беҳтарин шароити илмомӯзӣ барои сокинони ноҳияи Синои пойтахт туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлили 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президент ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.

“ДУНЁИ НАВ” ФАЪОЛ ШУД
Имрӯз дар кӯчаи “Соҳилӣ”- и шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи истеҳсолии “Дунёи нав” расман оғоз бахшид. Ин бино аз 8 ошёна иборат буда, бо назардошти муосиртарин талаботи шаҳрсозӣ сохта ба истифода дода шуд.
Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бинои мазкур дар масоҳати 9000 метри мураббаъ бунёд ёфта, дар он шароити арзанда барои фаъолияти дӯзандагӣ, қолинбофӣ, сӯзанию гулдӯзӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи аввал занону духтарони ҳунарманд ба қолинбофӣ машғул буда, мувофиқи табъ ва хоҳиши мизоҷон қолинҳои дастбофи рангорангро омода месозанд.
Корхонаи истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аваз Кабиров сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Арзиши лоиҳавии иншоот 13,2 миллион сомониро ташкил дода, тарҳи он аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Архиком” омода гардидааст. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ зиёда аз 200 нафар мутахассиси ватанӣ ҷалб гардида буд ва дар муҳлати кӯтоҳ бинои мазкур бо тарҳу намои муосиру сифати баланд қомат афрохт.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи 7 шароити арзанда барои фаъолияти нафарони имконияташон маҳдуд фароҳам оварда шудааст. Бо истифода аз ин шароит, онҳо имконият доранд, ки ба дӯхтани сарулибос машғул гардида, ба ин васила даромади хуб ба даст оранд. Дар дигар ошёнаҳои ин бинои тозабунёд низ нафарони соҳибкасб ба дӯхтани рахти хоб, кӯрпаву кӯрпача, сарулибос, қолину сӯзанидӯзӣ машғуланд.
Дар ин иншоот зиёда аз 500 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб гардид. Дар оянда соҳибкор ҳадаф дорад дар шафати ин бино боз маҷмааи истироҳатию фароғатӣ, аквапарк, иншооти варзишӣ ва хизматрасонии коммуналию маиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Пудратчии иншооти мазкур Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Восеъ А” мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иқдоми ҳамин гуна соҳибкорони ташаббускорро намунаи ибрату боиси дастгирӣ хонд.
То Ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахт 70 иншоот бо маблағи беш аз 1,3 миллиард сомонӣ, аз ҷумла маҷмааи тандурустии "Истиқлол" ба маблағи беш аз 644,8 миллион сомонӣ бо беш аз 3500 ҷои корӣ, 7 адад муассисаи томактабӣ  барои 979 ҷой  ба маблағи 38,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла 469 ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе ба маблағи 19,5 миллион сомонӣ ва 510 ҷой ба маблағи 18,9 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон, панҷ адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маблағи 60,7 миллион сомонӣ барои 3120 ҷой, аз ҷумла 1920 ҷой ба маблағи 37,2 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе ва 1200 ҷой ба маблағи 23,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби сармоягузорони хориҷӣ, 30 адад манзили истиқоматии баландошёна ба масоҳати 306,3 ҳазор метри мураббаъ,  биноҳои маъмурӣ  ба масоҳати 4590 метри мураббаъ, 7 адад маҷмааи савдову хизматрасонӣ дар масоҳати 64 ҳазор метри мураббаъ бо беш аз 1000 ҷои корӣ, роҳҳои мошингард ба масофаи 19,34 км. сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин аз ҳисоби бахши хусусӣ 42 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо шумораи умумии беш аз 2000 ҷои корӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Дар маҷмӯъ дар соли Ҷашни 25 - умин солгарди Истиқлолияти кишварамон дар шаҳри Душанбе на кам аз 125 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 2,2 миллиард сомонӣ ва бо шумораи 20 ҳазор ҷои корӣ ба истифода дода мешаванд.

“МАЛИКА” НАХУСТИН БОҒЧАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе нахустин боғчаи байналмилалии “Малика”- ро ифтитоҳ намуд.
Кӯдакистони мазкур имкон дорад ҳамарӯза 200 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад. Муассисаи томактабии байналмилалии “Малика” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исмоилзода Абдуҳошим бунёд гардида, дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мебошад.
Сохтмон дар иншооти мазкур соли 2014 оғоз гардида, дар муддати 21 моҳ аз ҷониби пудратчӣ ҶСП "Сомон - таҷҳизот" бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар боғчаи кӯдакон, ба корҳои сохтмонӣ ва шароити ин муассиса баҳои баланд дода, муассисаи томактабиро туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлил аз Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Бинои наву замонавии боғчаи бачагонаи “Малика” дар шаҳри Душанбе бо маблағи беш аз 14 миллион сомонӣ сохта шуд.
Бо ифтитоҳи ин муассиса 65 нафар сокини пойтахт имкон пайдо кард, ки бо ҷои кор ва маоши то 1500 сомонӣ таъмин гардад. Бояд гуфт, ки боғча аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ин муассисаи томактабӣ тамоми асбобу анҷом барои хониш, машғулиятҳои гуногун ва будубоши кӯдакон муҳайё карда шудааст. Боғча аз 8 айвонча, 16 ҳуҷраи хоб, ҳавзи шиноварӣ, толори бозии кӯдакон, толори варзиш, майдони хурди бозии футбол, синфи мусиқӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.
Дар ин ҷо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин муассиса омӯзиш ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Пешвои миллат аз тарбиятгарон даъват ба амал овард, ки бо истифода аз чунин шароит, кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки ин насл дар оянда созандагони воқеии ҷамъият бошанд.

БИНОИ БАЛАНДОШЁНА ДАР КӮЧАИ САДРИДДИН АЙНӢ ҚОМАТ АФРОХТ
Имрӯз ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт чанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ гардид.
Иншооти нав ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо маблағи зиёда аз 70 миллион сомонӣ сохта шудааст, ки он дорои боғчаи кӯдакон, маркази савдо, таваққуфгоҳи зеризаминии дуошёна ва дигар шароити замонавӣ барои зист мебошад. Биноҳои муосири 12 - ошёна бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ сохта шудаанд.
Аснои шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки манзилҳои истиқоматӣ аз як то панҷҳуҷрадор буда, дар маҷмӯъ 174 оила соҳиби макони зисти замонавӣ шуд. Аз ҷумла, дар ин ҷо 14 манзили зисти якҳуҷрадор, 62 адад ду ва сеҳуҷрадор ва 36 адад чорҳуҷрадор мебошад.
Сохтмон дар биноҳои истиқоматии баландошёна бо маркази савдо ва боғчаи кӯдакон соли 2013 оғоз гардида, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд.
Баъди пурра ба фаъолият оғоз кардани иншоот зиёда аз 200 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ мешавад. Имрӯз рушди соҳаи соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум яке аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати мамлакат мебошад ва ҳамин аст, ки дар ин самт пайваста муваффақиятҳои комил ба даст меоянд.
Лоиҳакаши иншоот Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Саноатсохтмон» ва фармоишгар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Мега групп констракшен» мебошанд. Биноҳои истиқоматии баландошёна бо маркази савдо ва боғчаи кӯдакон бо сохти меъмории замонавӣ бунёд ёфта, саҳни он бо назардошти талабот назаррабо гардонда шудааст.
Биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо маркази савдо, боғчаи кӯдакон ва таваққуфгоҳи зеризаминии дуошёна барои 178 автомобил иборат буда, дар он шаҳрвандон аз тамоми хизматрасониҳо барои истиқомат бархӯрдор мешаванд.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 иншоот ба маблағи 239 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2016    №: 174    Мутолиа карданд: 1339

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед