logo

иҷтимоиёт

ТАҲРИКИ РӮҲ

Оре, агар Ватанро дӯст бидорем, ба он муҳаббат дошта бошем, ба яқин, рӯҳи моро таҳрик медиҳад, дар мо қувва, неруи бузург ба вуҷуд меорад. Ин неруи маънавӣ моро ба андешидан водор месозад, андеша дар бораи пойдорӣ, ҳифз, ободии сарзамини аҷдодӣ.
Тухми ин меҳр, ин муҳаббатро бояд аз хурдӣ дар замирҳо ҷой бидиҳем ва барои парваришу сабзиши он ҳама донишу таҷрибаву саъю кӯшишамонро ба харҷ бидиҳем.
Рӯҳ замоне неруманд асту мутеи тамоюлоту шаҳватҳои худ нест, ки истиқлол дорад. Бузургонамон, ниёгони башарафамон аз таҷрибаи рӯзгор бад-ин натиҷа расиданд. Мо бояд суннату анъанаҳои неки онҳоро на танҳо нигоҳ бидорем, балки идома бубахшем.
Чанд сол пеш як рафиқи зиёиям мегуфт: «Чи хуб мебуд агар, ба яке аз давлатҳои бузургу абарқудрат мепайвастем ва аз хорию нестшавӣ мерастем». Дуруст аст, ки давлатҳои хурд дар паноҳи давлатҳои бузург аз хавфу хатарҳои бузург эмин мемонанд, аммо аз маҳвгардӣ наҷот намеёбанд. Таҷрибаи рӯзгор ин ҳақиқатро ҳам собит сохтааст, ки омезиш, ҳамеша бо ҳам дар як қаламрав зистан басо миллатҳоро аз миён бурдааст. Дар ин ҳол беҳтарин суннату анъанаҳо, расму оинҳо, фарҳангҳои миллиро ба боди фаромӯшӣ додаанд.
Ман ба ин рафиқи зиёиям як гӯшаи хурди лаби ҷӯйро нишон додам. Баҳор буду сабзаҳо дамида ва гулҳои хурди зебо руста. Гуфтам: «Ба ин гулҳои рангоранг бинигар. Дар рустану парвариши онҳо ҳеҷ кадоме аз мо - инсонҳо даст надорем. Ин гулҳоро агар дар миёни гулҳое, ки махсус парвариш меёбанд, ҷой бидиҳем, ба чашмҳо наменамоянд, дидаҳоро нуру ҷисмро ҳаловат намебахшанд».
Ҳанӯз ҳам бархе аз мо дар ин андешаанд ва мепиндоранд, танҳо дар ин сурат, яъне пайвастан ба кишварҳои абарқудрат бузург мешавем, рушд меёбему тараққӣ мекунем.
Ин қабил одамон на дар фикри Ватан, балки бештар дар фикри худанд, то беҳтару бештар бихӯранду бипӯшанд, роҳат бикунанд. Яъне худро бештар аз ватанашон дӯст медоранд. Намедонам, аз таърих чӣ  гуна сабақ гирифтаанд. Дар ҳоле ки бисёр равшану возеҳ мефаҳмонад, ки чунин кишварҳо худ ба худ абарқудрат, неруманду тавоно нагардидаанд. Агар сокинону шаҳрвандони онҳо чунин андешаро мепарвариданду аҷр мегузоштанду аз он кор мегирифтанд, имрӯз на ном медоштанд, на нишон.
Пешиниёни банангу ори мо як муддат давлат надоштанд. Онро ба зӯрӣ ва фитнаву дасиса аз дасташон гирифтанд. Ҷисман шикасташон доданд, аммо рӯҳан ин шикастро напазируфтанд ва эътироф накарданд. Воқеан, дарёфта буданд, маҳви рӯҳе, ки истиқлол дорад, ҳеҷ неруеро даст намедиҳад.
Рӯҳи истиқлол хостан дар ҳар фард ба ҳангоми зодан дода мешавад, вале он баъдҳо парвариши махсусеро мехоҳад. Бе парвариш он неруманд, тавоно намешавад.
Истиқлоли давлатии мо ҳамин гуна шароитро барои парвариш ба вуҷуд овард. Бештару беҳтар имрӯзҳо аз ҳувияти миллӣ, ифтихори миллӣ, муҳаббати сарзамини аҷдодӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ мегӯему менависем.
Шукр бояд бикунем, ки мо шоҳиди 25 – солагии Истиқлоли кишвари азизамон мебошем. Дар ин бисту панҷ сол он беҳтару бештар дар арсаи олам шинохта шуд. Инчунин ободтар гардиду зеботар. Дар баробари он, мо низ ба камол расидем, оламу одамро бештару накутар шинохтем.
Ҳама хуб медонем, ки ин истиқлол ба осонӣ ва арзон ба даст наомад. Ҷанги интиқолёфта ҷони садҳо ҳамватанони моро бурд, кишварро аз рушду тараққиёт муддате боз дошт. Мегӯем, менависем, ки агар ин ҷанг рух намедод, миллати мутамаддини мо ба дастовардҳои бузургтар бештар даст меёфт, муваффақ мегардид. Ин гуфтаҳову навиштаҳо ба он хотир аст, ки ба қадри ин Ватану кишвари осоиштаву ободу зебо  бештару бештар бирасем. Онро бо ҷону дил дӯст бидорем ва дар ҳифзаш ҳеҷ чиз, ҳатто ҷони худро дареғ надорем. Албатта, хидмат барои он бояд ҳамеша шараф бошад ва ҳама ба ин шараф ноил бигарданд.
Мо аз имтиҳонҳои зиёд бо сарбаландӣ гузаштем. Мо дар ин имтиҳонҳо некро аз бад шинохтем ва ҳам обу тоб ёфтем. Чашмҳои моро нуру неруи нав бахшид.
- Вақте мебинам, ки кӯдакон ба иттиҳод ва самимияту муҳаббати бепоён Суруди миллиро мехонанд, аз шодию фараҳ чун гул мешукуфам. Ифтихор мекунам, ба пуррагӣ бовар ҳосил менамоям, ки миллатам, Ватанам бо чунин фарзандони бонангу ор ҳамеша пойдору ободу зебо мемонад, - мегӯяд мӯйсафеде.
- Дар пойтахти кишвар чун Парчами давлату миллатамро парафшон мебинам, бовар ҳосил мекунам, ки дар он амну осоиштагӣ ҳукмрон аст. Ҷилваи ҳеҷ чиз мисли ҷилваи парчамаш маро шод намесозад, илҳом намебахшад, - изҳор медорад ҷавоне.
- Ман ҳар гоҳе мешунавам, ки Сарвари давлатам мегӯяд: «Ҳама чизро мебахшам, ба ҷуз хиёнат», бо ӯ ҳамфикр мешавам ва беихтиёр иброз медорам: «Хоини ин Ватан, хоини ин миллат, дар ҳақиқат набахшиданист», - мегӯяд модаре, ки фарзандаш ба хидмату ҳимояи Ватан рафтааст.
Дидану шунидани ин ҳама бар кас мадору тавоноии нав мебахшад, мадору тавоноӣ барои дӯстдории Ватан ва миллату сарзамини аҷдодӣ. Ин ҳама, албатта, аз муҳаббатҳову дастовардҳои бисту панҷ соли истиқлоли мо аст. Он моро ба сӯи пеш мебарад, ба сӯи ояндаи дурахшонтар. Ва онҳое, ки  25 – солагии Истиқлолияти давлатиро дар рӯзгори хеш таҷлил мекунанд, ҳатман хоҳанд гуфт: «Ниёгони пуршарафи мо бо муҳаббат, ифтихори бузург, дастовардҳои чашмрас истиқлолро ба даст оварданд, чун гавҳараки чашм ҳифз карданд ва то ба мо расонданд».

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.09.2016    №: 176    Мутолиа карданд: 2075

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед