logo

сиёсат

БО ЗАКОВАТИ ФИТРӢ ВА НУРИ ХИРАД

Ҳамагӣ чанд рӯз пас мо  чоряк асри аввали таърихи навини кишварамонро дар шоҳроҳи бунёди давлати соҳибихтиёр ҷамъбаст мекунем. Ба роҳи тайкардаи миллати тоҷварамон назар афканда мебинем, ки таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои  мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтааст. Ин  таҷрибаи таърихии ба Ватан - ба макони зист баргардондани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали  Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ҳамчун модели нодири сулҳофаринӣ эътироф гардид.
Дар таърихи башар мақоми шахсиятҳои бузург аз рисолати дар назди халқу Ватан иҷронамудаашон муайян мегардад. Баробари дигар хизматҳои барҷастаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар ва ба андешаи миллӣ табдил додани он саҳми беназир  доранд.
Имрӯз дар ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарофати сиёсати ободгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави бунёдкорӣ фаро расид.
Маҳз нигоҳи адабпарваронаи роҳнамои миллат, хизматҳои арзандаашон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳтиром гузоштан ба гузаштаи пурғановати миллатамон Пешвои миллатро маҳбуби ҳамагон гардонданд. 
Нуктаи дигар шоистаи зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ғами миллати хеш, балки аз мушкиливу муаммоҳои глобалии ҷаҳонӣ андеша мекунанд ва дар ҳалли онҳо фаъолона ширкат меварзанд. Махсусан хидмати ин шахсияти нотакрори таърихӣ дар мавриди эҳтиром гузоштан ба неъмати бебаҳои табиӣ – об хеле калон буда, мавсуф аз минбарҳои баланди созмону ташкилоти ҷаҳонӣ барои бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани мардуми  ниёзманди сайёра пайваста саъю талош меварзанд.
Мусаллам аст, ки барои рушди бемайлони иқтисодӣ роҳҳо ҳамчун рагҳои хунгард ба аҳамияти калон моликанд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нуктаю назари давлат ва Ҳукумат ба ин самт хеле хоса буда, бунёди даҳҳо роҳу пулҳо, нақбҳо барои фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамлу нақл имконият дод. Махсусан мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Шар-Шар” ва “Чормағзак” робитаи байни минтақаҳои кишварро хеле густурда намуд.
Сокинони ваҳдатшиори кишварамон ба хизматҳои бузурги Пешвои миллат баҳои воқеӣ додаанд. Болотар аз андеша ва баҳогузории мардум чизи наве гуфтан номумкин аст. Ин ҳама хизматҳои арзанда, шахсияти воло ва ҷонсӯзию муҳаббати самимии Сарвари давлат ҳар яки моро ба ояндаи дурахшони кишвар умеди қавӣ мебахшад, водор мекунад, ки ҳама дар атрофи ин Пешвои ҳақиқӣ сарҷамъ шуда, барои расидан ба ҳадафҳои нек муташаккилона саъю талош варзем.
    
Осим КАРИМЗОДА,
сардори раёсати маорифи вилояти Суғд,
доктори илмҳои таърих,
профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.09.2016    №: 176    Мутолиа карданд: 1348

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед