logo

сиёсат

СИЁСАТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ

ОН ФИШАНГИ МУҲИМИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛИСТ
Истиқлолияти таърихии давлати мо барои истиқлолияти иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Яъне Тоҷикистони азизи мо бори аввал дар таърихи навтарини худ дар ташаккули иқтисоди миллӣ ва интихоби намуду воситаҳои рушд додани он комилан соҳибихтиёр гардид.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зодаи истиқлолият аст, ки  соли 2010 таъсис ёфтааст ва ҳамчун  мақомоти ваколатдор сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, танзими давлатӣ ва назорати фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ амалӣ менамояд. Ташкили чунин сохтор дар бахши иқтисодии Ҳукумати мамлакат шаҳодати он аст, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии   Тоҷикистон дар пешбурди иқтисоди бозорӣ чун кишвари мутамаддин риояи қоидаҳои онро бо ба инобат гирифтани хусусияту манфиатҳои миллӣ ҳатмӣ мешуморад. Ба таври дигар гӯем, тавозуни манфиатҳои давлат ва аҳолиро дар бозори истеъмолӣ дар заминаи рақобати солим ва ҳимояи субъектҳои хоҷагидор дар бозорҳои мол нигоҳ медорад.
Ҳоло барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон бо ибтикори Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат 58  маркази машваратӣ амал мекунад.
Ҳадафи асосии Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар баробари таъмини рақобати солим дар бозорҳои мол, роҳ надодан ба суистифодаи ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ аз мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозорҳои молӣ муайян мебошад. Мавқеи субъекти хоҷагидоре ҳукмфармоӣ шумурда мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз 35 дарсад зиёдро ташкил диҳад. Дар мавридҳои мазкур Хадамоти зиддиинҳисорӣ чунин субъектро ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармо доранд, дохил карда, фаъолияти онҳоро зери назорат қарор медиҳад.
Фаъолияти амалӣ ва тарғиботии кормандони хадамот дар соли Ҷашни 25 -  солагии Истиқлолияти давлатӣ вусъати тоза пайдо кардааст. Талошҳои мо ба он равона шудаанд, ки дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди босуботи Ватани азиз ва муҳайё намудани шароит барои зиндагии шоистаи мардуми диёрамон   саҳми арзанда дошта бошем.
Саъдӣ ҚОДИРЗОДА,
сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.09.2016    №: 176    Мутолиа карданд: 1419

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед