logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

1 сентябри соли 2016 дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳрак Донишгоҳи давлатии Данғараро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дод.
Устодону донишҷӯён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳи хоса ва эҳтирому самимияти беандоза истиқбол гирифтанд. Баъди ифтитоҳи донишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим дар ин боргоҳи илму маърифат шинос шуд.
Сохтмони бинои муҳташами Донишгоҳи давлатии Данғара аз моҳи марти соли 2008 оғоз шуда буд ва бо харҷи 177 миллиону 500 ҳазор сомонӣ дар рӯзҳои таҷлили 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Донишгоҳ аз 17 бино, аз ҷумла 2 хобгоҳи 9  ошёна бо 1300 ҷойи хоб барои донишҷӯён, 3 бинои истиқоматии 5 ошёна бо 60 ҳуҷра барои омӯзгорон, толори варзишгоҳ бо 450 ҷойи нишаст, толори зебову мунаққаши фарҳангӣ бо 530 ҷойи нишаст, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, китобхона барои нигаҳдории 650 ҳазор адад китоб ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 4 ҳазор нафар донишҷӯ дар як баст бунёд шудааст.  
Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмони куллиён”, “Самар СН” ва “Барқи Кӯлоб” бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои меъморӣ иҷро кардаанд.
Аз оғози соли таҳсили 2016 - 2017 дар 6 факулта ва 20 кафедра аз рӯи ихтисоси педагогика ва технологияҳои таълимотии муосир, иқтисодиёти инноватсионӣ ва менеҷмент, аграрӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ, муҳандисӣ ва технологияи муосири истеҳсолӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ ва ғайра мутахассис тайёр карда мешавад.
Дар донишгоҳ зиёда аз 150 нафар устодон, аз ҷумла 4 доктори илм, 27 нафар номзади илм ва дотсент фаъолият мекунанд. Айни ҳол 2615 донишҷӯ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар ин ҷо аз рӯи 30 ихтисос дар зинаи бакалавр ва 8 ихтисос дар зинаи магистр мутахассис тайёр карда мешавад. Дар шуъбаи аспирантураи донишгоҳ аз рӯи 23 тахассус унвонҷӯён ба таҳқиқоти илмӣ машғул мешаванд.
Ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ коргоҳи адрасбофӣ ва маркази тарроҳону дӯзандаҳо ифтитоҳ ёфтааст. Барои пешрафти кор дар коргоҳи адрасбофӣ як гурӯҳ духтарон дар вилояти Суғд нозукиҳои ин касбро аз худ кардаанд ва дар ин ҷо ба шогирдон табодули таҷриба мекунанд. Дар синфи тарроҳӣ ва дӯзандагӣ асосан бонувони хонанишин бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Таъсиси гурӯҳи зудамали таъмири технологияи компютерӣ бо ду мошини сабукрав аз навовариҳои бахши таълим дар Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад.
Зимни боздид аз донишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои компютерӣ, марказҳои ҳунаромӯзӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳ  ва дигар қисмҳои иморати донишгоҳ бо шароити таълим шинос шуда, бо донишҷӯён суҳбати самимӣ доир кард.
Донишҷӯён ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳову ғамхориҳо изҳори сипос намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.09.2016    №: 176    Мутолиа карданд: 1335

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед