logo

сиёсат

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ, ДАРСИ СУЛҲ ВА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Пас аз ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил иштирок ва суханронӣ кард.

Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва сокинони ноҳияи Данғараро бо Ҷашни 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, оғози соли нави хониш ва ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳия муборакбод гуфт.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди илму маориф, дастовардҳо ва ислоҳоти соҳа андеша ронда, таъкид кард, ки  мо дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввал ба масъалаи омӯзондани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоем.
Натиҷаи ҳамин талошҳову тадбирҳост, ки ҷавонони Тоҷикистон  бо рӯҳияи баланд барои омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир беш аз ҳар вақти дигар кӯшиш карда, неруи худро бо ташаббусу ибтикороти шоиста барои пешрафту ободии Ватани маҳбубамон сарф карда истодаанд.
Таъкид гардид, ки ба туфайли ислоҳот ва татбиқи барномаҳои давлатӣ то ба имрӯз беш аз 2500 муассисаи таълимӣ аз нав бунёд гардида, ҳазорҳо муассиса аз таъмири асосӣ бароварда, ба шароити муосир мутобиқ гардонда шуданд.
Ба шарофати истиқлолият бори аввал дар кишвар мактабҳои президентӣ таъсис ёфтанд. Ин муассисаҳо аз ҷиҳати лоиҳа, ҷойгиршавӣ, шароити таълиму тарбия, таъминот бо техника ва технологияҳои муосир бартариҳои зиёд дошта, барои кӯдакон ва наврасони болаёқат макони аз худ намудани донишҳои замонавӣ гардиданд.
Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар зарфи бисту панҷ соли охир 7 баробар зиёд гардида, аз 32 миллион сомонии соли 2011 ба 296 миллион сомонӣ дар соли 2016 расидааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиронро бо ҷашнҳои умумимиллӣ табрику таҳният гуфта, ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Данғара саодати зиндагӣ ва хушбахтиҳои беназирро орзу намуд.
Баъди суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ донишҷӯён ва сокинони ноҳия баромад карда, ба Сарвари давлат барои таъмини сулҳу субот, ваҳдати комил, якпорчагии кишвар ва талошҳову тадбирҳо баҳри зиндагии шоистаи мардум изҳори сипос карданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.09.2016    №: 176    Мутолиа карданд: 1524

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед